Суғд. Марқади ёдгорӣ навсозӣ мешавад

№62-63 (4324-4325) 08.05.2021

фывывМуҷассамаи ёдгорӣ ба хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мавзеи «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо ибтикори собиқ котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳр Рифъат Ҳоҷиев, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, соли 1969 ба ифтихори 24-умин солгарди Ғалабаи халқи шӯравӣ бар Германияи фашистӣ гузошта шудааст.

 - Соли 1966 донишҷӯи курси якуми факултети таъриху филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров будам, — мегӯяд, собиқадори матбуоти тоҷик Файзулло Атохоҷаев. — Мо донишҷӯёнро зуд-зуд ба сохтмони ин кохи ёдгорӣ ҷалб мекарданд. Рифъат Ҳоҷиев аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ хабар мегирифт. Хуб дар ёд дорам, ки декани факултет Юсуфҷон Салимов маро ба идораи рӯзномаи вилоятии «Ленинабадская правда» барои овардани матни русии байтҳои рӯи тахтасанг фиристод. Онҳоро гирифта, ба шоир Неъмат Шариф (раиси онвақтаи Кумитаи телевизион ва радиошунавонии вилоят) барои тарҷума бурдам. Байтҳои тоҷикие, ки ҳоло дар рӯи тахтасанги марқад ҳаккокӣ шудаанд, тарҷумаи шоир Неъмат Шарифи зиндаёд аст.

Аз рӯи гуфти ҳамсуҳбатам, рӯзи кушодашавии марқади ёдгорӣ ба ид табдил ёфта,  «замин кафида, одам рӯид». Хусусан, хурсандии иштирокчиёни ҷанг ҳадду канор надошт. Чорабинии идонаро котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳр Рифъат Ҳоҷиев ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ Ҳодӣ Кенҷаев, Раҳимбой Раҳматов ва иштирокчии Паради ғалабаи соли 1945 дар шаҳри Маскав, дорандаи ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» Абдусаттор Ҳоҷибоев ба сухан баромада, аҳамияти ғалабаро баён карданд.

Инак, беш аз ним аср мешавад, ки ёдгорӣ сокинону меҳмонони шаҳрро аз фоҷиаи даҳшатангези қарни ХХ- Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдрас мешавад. Хотиррасон месозад, ки ба ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941-1945 аз Суғди бостон 76 ҳазор ҷавонписари далеру шуҷоъ ба ҳифзи Ватан рафта, 27 ҳазору 800 нафарашон ба шаҳодат расиданд. 48 ҳазору 200 кас, бо сари баланд ва сари синаашон пур аз ордену медал ба зодгоҳ баргаштанд. Фиристодагони вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд, дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоии бемислу монанд нишон доданд. Ин аст, ки 9 нафар родмард бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардида, 5 кас ба гирифтани се дараҷаи ордени «Шарафи ҷангӣ» шарафёб шудаанд. Аз ҷумла, Пӯлод Отаев ва Почобой Умаров зода ва парвардаи Хуҷанд ҳастанд.

- Аз он теъдод иштирокчиёни ҷанг 30 нафар дар қайди ҳаёт боқӣ мондаанду халос, — мегӯяд муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Шавкат Алиев. — Аксарият мадори роҳгардӣ надоранд. 4 ё 5 нафар ба чорабиниҳои идона омада метавонанду халос.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бори нахуст бо ибтикори раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иншооти зикршуда аз таъмири пурра бароварда мешавад. Корҳои таъмиру навсозӣ ба зиммаи сохтмончиёни ҶДММ «Авитсенна» вогузор шудааст.

- Тибқи дастури раиси шаҳр ба ин кор сохтмончиёни соҳибтаҷрибаро ҷалб кардем, — изҳор дошт роҳбари ширкати сохтмонӣ Парвиз Ҷӯраев. — Зеро аз сохтмони он беш аз ним аср сипарӣ шуда, ҳар қисмати марқад муносибати басо эҳтиёткоронаро талаб дорад.

- Арзиши лоиҳавии корҳои таъмиру тармим 600 ҳазор сомонӣ аст, — гуфт сардори сохтмон Бахтовар Баҳодуров. — Тибқи супориши раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, аз масолеҳи сохтмони маҳаллӣ истифода карда истодаем. Масалан, атрофи марқад пурра мармарпӯш мешавад. Даромадгоҳи асосӣ ва ду фаввора дар даромадгоҳ омода шуд. Ҳамчунин, фаввораҳои атрофи марқад аз нав барқарор ва замонавӣ навсозӣ гардиданд. Шабчароғҳои муосири атроф ёдгориро шукӯҳу шаҳомати тоза мебахшанд.

Сохтмончиёни чирадаст Нӯъмон Муллобоев, Наимҷон Шукуров, Акбар Муродов ва дигарон талош доранд, ки корҳо сифатнок ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом ёбанд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум».

Сурат аз муаллиф