Суғд. Роҳкиро қимат шуду сатҳи хизматрасонӣ бетағйир аст

№93 (3887) 02.08.2018

inx960x640Овозаҳо дар бораи қимат шудани роҳкиро дар вилояти Суғд кайҳост, ки байни мардум вуҷуд дошт. Ниҳоят, якбора боло рафтани нархи сӯзишвории нақлиёт масъулонро водор сохт, ки сари ин масъала андеша кунанд. Тибқи қарори дахлдор аз 10 июли соли равон роҳкиро дар хатсайрҳои дохилишаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва байнишаҳрии шаҳру навоҳии вилоят 30 фоиз баланд шуд.

Мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Олим Очилзода сабаби инро чунин шарҳ дод:

- Дастури Вазорати нақлиёти кишвар оид ба тасдиқи тарифи номиналӣ барои ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ январи соли равон дастрас шуда, мебоист нархи роҳкиро бо дарназардошти болоравии нархи сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар зарурият баланд бардошта мешуд.

Бо истифода аз фурсат ба масъулини ширкатҳои нақлиётӣ, хоса ронандагони нақлиёти шахсӣ арзи сипос мекунам, ки бо мақсади сабукӣ овардан ба мардум нархи роҳкироро чандон баланд набардоштанд. Ҳол он ки арзиши аслии хизматрасонӣ дар хатсайр­ҳои дохилишаҳрӣ 1 сомонию 48 дирамро ташкил медиҳад. Сарфи назар аз ин ронандагон розӣ шудаанд, ки нархи роҳкиро нисбат ба нархи амалкунанда 30 фоиз баланд бардошта шавад.

Маҳмудҷон Дадобоев, сокини шаҳри Хуҷанд, Нодира Рауфова, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, Рус­тамҷон Одизода, сокини ноҳияи Ашт, Насрулло Абдуллоев, сокини шаҳри Панҷакент, Зулайхо Умарова, сокини шаҳри Исфара ва дигарон зимни суҳбат болоравии нархи роҳкироро раванди маъмул арзёбӣ карданд. Зеро нархҳо тайи 7 соли охир борҳо тағйир ёфтанд ва аксар ҳолат тамоюли болоравӣ доштанд. Ҳамсуҳбатонам аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар микроавтобусҳо садо додани мусиқии баланд, барномаҳои бемаънии радиоҳои маҳаллӣ табъи касро хира месозад. Фосилаи байни курсиҳои нишаст танг буда, одами андаке фарбеҳ дар он намеғунҷад. Мегӯянд, ки микроавтобусҳоро соҳибонашон «азнавсозӣ» карда, ба хотири ҳар чӣ бештар ғунҷидани одамон теъдоди курсиҳои нишастро аз меъёр зиёд кардаанд.

Риоя нашудани одоби шарқӣ-гузашт накардани ҷавонон ҷойи худро ба насли калонсол дар микроавтобусҳо солҳои охир ҳамаро ба ташвиш овардааст.

Вақтҳои охир зуҳуроти дигари манфӣ ба мушоҳида мерасад. Ин тавассути телефони мобилӣ муддати дароз баланд гап задани иддае аз мусофирон аст, ки баъзан ба ҳақорату дашном ва алфози қабеҳ ба анҷом мерасад.

Зарур аст, ки дар нақлиёт мусиқии форам ва барномаҳое шунавонида шаванд, ки асаби касро хароб насозанд. Масалан, радиои «Фарҳанг», ки барномаҳояш шуниданбоб ва фароғатӣ буда, кӯфти роҳро мебарорад. Шояд вақти он расидааст, ки дар дохили микроавтобусҳо гап задан тавассути телефони мобилӣ маҳдуд карда шавад. Илова бар ин, теъдоди нақлиёти мусофирбар дар хатсайр низ бояд ба танзим дароварда шавад. Зеро мушоҳида мешавад, ки ронандагон барои ҳар чӣ бештар савор кардани мусофирон озмуни «кӣ зуд меронад?»-ро барпо карда, сабабгори ҳодисаҳои нохуш дар роҳ мешаванд.

Аз он ки корхонаҳои нақлиёти мусофирбар шахсӣ шудаанд, корбарии онҳо «худам шоҳу табъам вазир»-ро мемонад. Аз субҳ то бегоҳ ҳаракати нақлиёти мусофирбар муътадил аст. Ҳамин ки торикӣ фаро расид, нақлиёти мусофирбар ба «тухми анқо» мубаддал мегардад.

Мушкилоте, ки зикраш дар боло рафт, агар аз ҷониби масъулон ҳаллу фасл гардад, нуран алонур мешуд.

 Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»