Суғд. Табибон қадрдонӣ шуданд

№101 (4207) 20.08.2020

15 августи соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи кормандони тиб чорабинии идона баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрик гуфта, изҳор дошт, ки  «маҳз натиҷаи таваҷҷуҳи рӯзафзун ба соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, таъмир ва азнавсозии 459 иншоот ба нақша гирифта, дар ин самт корҳои зиёде анҷом  дода шуд».

- Соли равон барои духтурони вилоят, чун табибони саросари олам, давраи санҷиши малака ва маҳорати касбӣ ба ҳисоб мерафт. Табибон дар самти мубориза бо бемории коронавируси нави COVID-19 заҳмати зиёд кашиданд ва собит сохтанд, ки баҳри пешгирӣ ва аз бемории сироятӣ эмин нигоҳ доштани мардум донишу таҷриба ва неруи ақлониву ҷисмониашонро ҳаргиз дареғ намедоранд, — гуфт Раҷаббой Аҳмазода.

Қайд гардид, ки алҳол дар муассисаҳои табобатии вилоят 5276 духтур, 17945 корманди миёнаи тиб ва 6390 корманди хурди тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Дар вазъияти тантанавӣ гурӯҳи калони кормандони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар пешрафти соҳа, пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сироятии COVID — 19 саҳми арзанда гузоштаанд, бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»