Суботи Афғонистон бахше аз манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст

№41 (3991) 13.04.2019

DSC_0783Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати гирди миз доир гардид.

Директори марказ Диловар Қодирзода зикр кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ мебошад. Дар он (аз 26 декабри соли 2018) моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амиқ арзёбӣ, маҷмўи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба баррасӣ гардида, барои рушди устувори соҳаҳо ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ ва ҳидоятҳои зарурӣ дода шудаанд.

- Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои минтақа минбаъд низ аз рўи эътимод, дўстӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда мешаванд, — гуфт Диловар Қодирзода.

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Парвиз Муҳаммадзода дар мавзўи «Паёми Пешвои миллат – қутбнамои татбиқи сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ» маърўза карда, аз ҷумла гуфт, ки масоили пешрафти соҳаҳо, аз ҷумла, ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳони хориҷӣ, рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ маҳз аз самтгирии минбаъдаи фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон вобастагӣ дорад. Аз ин нуқтаи назар, Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нақшаи кории дурнамо арзёбӣ мешавад, зеро он ба кору фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо таъсири мусбат расонида, рушду инкишофи иқтисодии кишварро метезонад. Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хусусиятҳои таҳлилӣ ҳамчун раҳнамои стратегӣ ба мардум хизмат менамояд.

Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегӣ Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо вобаста ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли низоъҳои Афғонистон сухан ронд. Тавре ў таъкид кард, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Афғонистон чанд сабаб дорад, ки яке аз онҳо ҷанбаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ бо мардуми он мебошад. Мо дорои арзишҳои муштараки забонӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ ҳастем. Инчунин, бахши бузурге аз мардуми ин кишвар тоҷиконанд. Бинобар ин, агар ба масъалаи Афғонистон аз нигоҳи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ кунем, сулҳу субот дар он ба манфиати мо низ ҳаст.

- Бисёр вақт дар бораи масъалаҳои Афғонистон тадбирҳои амниятӣ ва сиёсӣ меандешем, вале агар ба онҳо масоили иқтисодӣ ҳам илова шавад, ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар хоҳад буд. Ҳоло бошад, мебинем, ки ҳар рўзи идомаи буҳрони ин кишвар барои мамолики Осиёи Марказӣ чӣ қадар зарари зиёд меорад. Татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, инфрасохторӣ ва нақлиётие, ки мо дар самти ҷануб дорем, ба субот ва оромии Афғонистон вобаста аст. Бинобар ин, ҳам аз назари сиёсиву амниятӣ ва ҳам иқтисодӣ, сулҳ дар Афғонистон бахше аз манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аст, — афзуд Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо.

Дар анҷом мубодилаи афкор ва пурсишу посух сурат гирифт.

Рўзибойи УМАР,

«Садои мардум».

Суратгир Мақсудҷон Муҳиддинҷонов