Ба мо муроҷиат карданд

Судяҳо ҳам қонуншиканӣ мекунанд?!

№115 (3752) 28.09.2017

Ҳамроҳи шавҳарам Абдуқодир Бобоев барои ташкил кардани хоҷагии деҳқонӣ бо ариза ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб муроҷиат намудем ва Хоҷагии деҳқонии «Шуҳрати Варзоб»-ро ташкил кардем. Ба мо барои зироаткорӣ 4 га ва бунёди боғ 2 га замин ҷудо карда шуд (қарори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, № 107 аз 19.06.1994 с).

Мувофиқи қарори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, хоҷагии деҳқонии «Шуҳрати Варзоб» аз 28.06.1994 с. таҳти № 11 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

Соли 2001, баъди аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи сайёҳию истироҳатӣ эълон шудани ноҳияи Варзоб, бо ариза ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои гирифтани замин ҷиҳати бунёди минтақаи истироҳатӣ муроҷиат намудем. Тибқи аризаи мо, бо қарори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб аз 02.04.2002, №88 ба хоҷагии «Шуҳрати Варзоб» аз ҳисоби заминҳои минтақаи истироҳатӣ дар дараи Ғузғарф, ки бекор буданд, барои истифодаи бемуҳлат 1,48 га ҷудо карда шуд. Мо дар асоси парвандаи мутахассисони бахши заминсозии ноҳияи Варзоб тартибдода «Сертификати № 009542»-ро ки таҳти рақами 242 қайд шудааст, гирифтем ва дар як қисми замини ҷудогардида истироҳатгоҳ сохтем. Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ», аз 18.06.2008, № 413, аз 26.12.2008,  №448 мо низ ба комиссияи қонунигардонии молу амволи ноҳия бо ариза  муроҷиат намуда, ҳамаи он чизеро, ки доштем, ба номи ман қонунӣ гардонидем (қарори № 5305 аз 30.06.2009с.).

Вале заминсозҳои ноҳия ин ҳамаро сарфи назар  карда, ҳуҷҷатҳои иловагии қалбакӣ тартиб дода, замини ба минтақаи истироҳатии ба ман тааллуқдоштаро ба чанд нафари дигар фурӯхтаанд. Ҳарчанд қалбакӣ будани қарору сертификати онҳоро исбот карда бошем ҳам, Суди ноҳияи Варзоб онро ба эътибор нагирифт ва шаҳодатномаи авфи маро бекор карда, қазияро ба манфиати тарафи муқобил ҳал намуд.

Ҳол он ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» омадааст:

«Моддаи 10. Муҳлати даъво.

Муҳлати даъво доир ба масъалаҳои қонунигардонии молу мулк як сол буда, пас аз гузаштани ин муҳлат чунин масъалаҳо аз ҷониби суд аз нав баррасӣ  карда намешавад».

Инчунин, тибқи моддаҳои 11, 12, 13 ва 14 шахсоне, ки молу мулкашонро қонунӣ гардонидаанд, аз тарафи давлат ҳифз карда мешаванд. Шахсоне, ки талаботи қонуни мазкурро  вайрон мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Аз ин бармеояд, ки дар ноҳияи Варзоб на ин ки заминсозҳо, балки  судяҳо ҳам қонуншиканӣ мекунанд.

Акнун ба куҷо муроҷиат кунем?

 Бо эҳтиром Норова Мавлюда Холовна,     

сокини шаҳри Душанбе