Сулҳ ва ризояти миллӣ аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сарчашма гирифт,

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

Бегназаров (3)- мегӯяд вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Сангак Бекназаров

- Шумо ҳамчун вакили халқ дар қабули санадҳои таърихии сарнавиштсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштед. Баъди сипарӣ шудани чаҳоряк аср аз он рӯйдод чиро ба хотир овардан мехоҳед? 

- Он рӯзҳо Қасри Арбоб ба макони қабули ҳуҷҷатҳои сарнавиштсози миллат табдил ёфт, зеро дар давраи сангин ва вазнину хунини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ миллат талафоти ниҳоят гарони ҷониву молӣ дода буду дар чеҳраи одамон аз шодию хурсандӣ осоре набуд. Нобоварӣ ба оянда ба дараҷае боло гирифт, ки ба сулҳу оромию ваҳдат касе бовар надошт. Ҳисси нобоварию ноумедӣ дар байни як қатор иштирокдорони иҷлосия низ эҳсос мегардид. Ба қавле, таърихи миллат сари мӯе қарор гирифта буд, ки агар бозмеканд, оқибаташ бисёр ҳам фоҷиабор мегардид. Як қадами нодуруст ва як хатои нобахшиданӣ эҳтимоли аз харитаи сиёсии ҷаҳон пурра сутурда шудани Тоҷикистонро ба миён меовард.

Ана, ҳамин бори душвори пурмасъулият мо — вакилони онвақтаи халқро водор сохт, ки барои наҷоти Ватан кори неку шоиста ба сомон расонем. Аз 74 санади ҳуқуқие, ки дар иҷлосия қабул гардид, бо гузашти вақт собит гардид, ки ҳамааш муҳиму зарурӣ ва сарнавиштсоз буданд. Бузургтарин ва шоистатарин коре, ки вакилони халқ амалӣ гардониданд, ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд. Эмомалӣ Раҳмон бо суханони буррову қавӣ ва пешниҳодҳои ҷолибашон дар иҷлосияҳои қаблӣ худро ҳамчун шахси дилсӯзи миллат ва дурандешу оқилу фарзона муаррифӣ карда буданд. Дар он айёми сангину вазнин касе ҷуръати қабули бори душвори масъулияти роҳбарии Тоҷикистони ҷангзадаю сохторҳояш фалаҷро надошт. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҷони худро дар хатар гузошта, ин масъулияти бузургро ба дӯш гирифтанд.

Дар он лаҳзаҳои ҳассос ва минбаъд ҳам эҳсос мегардид, ки воқеан ин шахсияти таърихӣ ба хотири наҷоти миллату кишвар мекӯшанд. Гузашти солҳо маълум намуд, ки мо, вакилони халқ, хато накардем, ки чунин шахсияти оқилу дурандешу ватандӯстро Сарвари давлат интихоб кардем. Ободию пешрафту шукуфоии имрӯзи Ватан, хушнудию хурсандии ҳамватанонро дида, худро хушбахт меҳисобам, ки бо раъйи сарнавиштсозам ба ҷонибдории интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳме дар сулҳу осоиш ва пешрафти Ватану миллат гузоштам.

- Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳи байни тоҷикон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Сулҳи мо — тоҷикон ва ризояти миллӣ аз ҳамон иҷлосия сарчашма гирифт. Ба хотир оред суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки баъди интихоб шудан ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд: «То сулҳро дар кишвари азизи худ барқарор насозаму охирин гурезаро ба макони зисти доимиаш барнагардонам, худро орому осуда ҳис намекунам».

Муҳимтарин санади дигари таърихии Иҷлосияи XVI қабули санади сулҳу оштию ваҳдат буд, ки бо иқдоми бевоситаи Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории аксари вакилони халқ сурат гирифт. Ба хотир оред, маросими оши оштиро, ки дар он рӯзҳои таърихӣ ба вуқӯъ пайваста, вакилону дигар иштирокчиёни гуногунандеши иҷлосияро паҳлуи ҳам шинонд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри ба ҳам овардани мардуми ҷумҳурӣ нақши бузург гузошта, ба сулҳу оштии тоҷикон боис гардид ва Ватану миллатро аз вартаи даҳшатноки нобудӣ вораҳонид.

Вазифаи мо — собиқадорон, қабл аз ҳама, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ аст. Имрӯзҳо дар ҳар вохӯрию мулоқоту суҳбат мо — пирони рӯзгордида ҳамин вазифаи пурмасъулиятро мақсади худ қарор додаем. Аз ҷумла, дар бораи Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти оламшумули он, хизматҳои неку шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат мекунем. Хушбахтем, ки ҷавонон моро хуб мефаҳманду ба қадри сухан мерасанд.

PSИмрӯз, бо вуҷуди солмандӣ, ҳоҷӣ Сангак – бобо Бекназаров дар ноҳияи Бохтар масъулияти роҳбарии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатро ба уҳда дорад. Солҳои қаблӣ ӯ ба ҳайси роҳбари хоҷагии ба номи Максим Горкий ва вакили халқ баҳри ободонию пешрафти Ватан, таъмини сокинони хоҷагӣ бо манзили истиқоматии барҳавою ҳозиразамон, босифат мумфарш намудани қариб 200 километр роҳҳои дохили хоҷагӣ ва ба ин васила барои беҳбуди рӯзгори халқ, ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»