Тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои ногувори он

№66 - 68 (3703-3705) 06.06.2017

КлиматҲифзи муҳити зист масъалаи ҳаётан муҳим буда, тамоми давлатҳо дар ин самт фаъолият мебаранд. Имсол бори 45-ум Рӯзи байналмилалии муҳити зист таҷлил гардид. Ба ин муносибат бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ҳамсуҳбат шудем.

 - Имрӯз ҷаҳон дар гирдоби фалокатҳои табиӣ қарор дорад ва ин омил боиси ташвиш гардидааст. Дар шароити тағйирёбии иқлим Тоҷикистон дар чӣ ҳолат қарор дорад?

-Тағйирёбии иқлим яке аз проблемаҳои муҳити зист буда, қариб ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми сайёра таъсир расонидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ҳазорҳо пиряхи хурд аз байн рафта, ин раванд идома дорад. Дар ин замина, масоҳати яхбастаи кишвар мумкин аст то 20 фоиз ва ҳаҷми ях 25-30 фоиз кам гардад. Дар марҳилаи аввал обшавии пиряхҳо боиси афзоиши оби дарёҳо гардида, коҳиши оби дарёҳои дигарро ҷуброн менамояд, вале баъдан камшавии об дар бисёр дарёҳо падидаи маъмул мешавад.

Захираҳои об дар минтақаи Помири ғарбӣ афзоиш ва дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Кофарниҳон ва ғайра коҳиш меёбад, ки ин ҳолат боиси деградатсияи яхбандӣ, тағйир ёфтани хусусияти боришот ва зиёд шудани шиддати бухоршавӣ мегардад.

Ба соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ омилҳои гидрометеорологӣ, аз ҷумла ҳарорати баланд ва пасти ҳаво, зарари калон мерасонанд. Давраҳои хушку камбориши давомдор дар шароити ҳарорати баланди ҳавои баҳору тобистон мумкин аст хатари инкишофи биёбоншавиро дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии кишвар афзоиш диҳад. Хоҷагиҳои кишоварзии кишвар бо сабаби гармшавии иқлим ба обёрии бештар эҳтиёҷ пайдо хоҳанд кард. Меъёри обёрӣ дар соҳаи кишоварзӣ, эҳтимол 20-30 фоиз зиёд шавад.

Ҳарорати баланд дар минтақаҳои ҳамвору доманакӯҳ боиси вайрон гардидани роҳҳои автомобилгард низ мешавад. Эътироф бояд кард, ки дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим механизмҳои мувофиқ ва мутобиқсозии инсон шадидан таҳти фишор қарор гирифта, аксари вақт наметавонад бархӯрди дурусту муносиб нишон диҳад.

- Яъне барои мутобиқ гардидан ба чунин шароит тадбирҳои лозимиро андешидан зарур ва ногузир аст…

- Бале, ин масъала бояд мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта бошад.  Дар ин маврид диққати асосӣ ба арзёбии оқибатҳои номатлуби тағйирёбии иқлим ва таҳияи стратегияҳои марбутаи бархӯрд ва мутобиқшавӣ равона мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли солҳои соҳибис­тиқлолӣ ба мушкилоти вобаста ба истифодаи самараноки захираҳои об диққати махсус дода, онро то сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бардошта, чанде пеш дар асоси ташаббуси чоруми Сарвари давлатамон Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул гардид.

Истифодаи захираҳои об бо афзоиши аҳолии сайёра, тағйироти глобалии иқлим, буҳронҳои молиявӣ, ҳифзи муҳити зист, энергетика ва озуқаворӣ алоқамандии зич дорад. Қайд намудан бамаврид аст, ки дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар 40 фоизи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ доранд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ сарчашма гирифта, захираи оби ҷоришаванда ба ҳисоби миёнаи солона 64 млрд.м3-ро ташкил медиҳад, ки ба 55,4 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ баробар аст. Беш аз 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгир шуда, дар паҳноии қариб 10 фоизи масоҳати кишварамон доман густурдаанд.

Ҳарчанд Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об бошад ҳам, мутаассифона, қисме аз аҳолии мо то ҳол аз норасоии обӣ нӯшокӣ танқисӣ мекашад. Аз ин рӯ, «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» қабул гардидааст, ки ҳадафи асосии он марҳила ба марҳила беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ, бунёд ва барқарорсозии системаҳои мутамаркази обтаъминкунӣ ва истифодаи сарфакоронаи об мебошад.

Ҷиҳати пешгирии ифлосшавии манбаҳои об ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ҳар сол дар ҷумҳурӣ аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида мешавад. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар аксияи «Тозагии соҳил» 34330 нафар иштирок намуда, аз соҳилҳо 5777,3 м3 партов ҷамъоварӣ шуд.

Барои танзими муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи захираҳои об дар семоҳаи аввали соли равон аз тарафи Кумита ду ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ — «Қоидаҳои ҳифзи обҳои рӯизаминии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои ҳифзи обҳои зеризаминии Тоҷикистон» таҳия ва мавриди истифода қарор дода шуд. Бо мақсади муайян кардани таркибу сифати оби нӯшокӣ мутахассисони Кумита ҳар сол то 1500 намунаро ташхис карда, аз натиҷааш ба масъулин хулоса ва таъинот ирсол менамоянд.

- Кадом қонунҳои соҳавӣ мавриди амал қарор доранд?

- Кумита тавассути амалишавии санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои экологӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ монда, дар самти ба эътидол овардани вазъи муҳити зист корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Тӯли 25 соли охир дар самти ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ 19 қонун, 3 кодекс ва 2 барномаи давлатӣ қабул гардид. Мавриди зикр аст,ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» ду ҳуҷҷати асосӣ мебошанд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист танзим менамоянд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» соли 1993 қабул гардида, солҳои 1997 ва 2002, 2011 ба он тағйирот ворид шудааст. Ба ғайр аз ин, Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он», «Дар бораи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об», «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот», «Дар бораи ҳифзи олами ҳайвонот», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи чарогоҳ» ва кодексҳои ҷангал ва замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор доранд.

- Шунидем, ки таҳияи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шудааст…

- Дуруст. Барои таҳияи лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони сохторҳои марбута гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, ки мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба он шомиланд. Зимни таҳияи ин ҳуҷҷати муҳим, ҳамчунин афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносон ба эътибор гирифта мешавад. Айни ҳол омодасозии Кодекс идома дорад ва то охири сол пешниҳод хоҳад гардид.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»