Таҷлили ҷашни Меҳргон дар Кӯлоб

№123 (4073) 15.10.2019

sdr12 октябри соли ҷорӣ дар гулгашти ба номи Сафар Амиршоеви шаҳри Кӯлоб ҷашни кишоварзон — Меҳргон баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Иззатулло Сатторӣ, раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром ва меҳмонони зиёд ширкат варзиданд.

Нахуст, меҳмонон аз намоишгоҳ дидан карданд, ки дар он дастранҷи кишоварзону боғдорони шаҳру ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Фархор, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб ба маъраз гузошта шуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қайд кард, ки иди Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Таҷлили ҷашнвора далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаб­бор Раҳмонзода зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ ба ҷашни Меҳргон умри дубора бахшид. Имрӯз мардум бо сарварии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргонро ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонӣ дар мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд.

Дар охир, ба кишоварзони пешқадами минтақаи Кӯлоб сипоснома ва ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супурда шуд.

Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»