Таҷлили ҷашни Сада марҳилаи сифатан нави бунёдкориро оғоз бахшид

№№14 (3964) 05.02.2019

_MG_7724Ба муносибати ҷашни Сада дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд  чорабиниҳои гуногун баргузор гардиданд. 27 январи соли равон дар саҳни Театри ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка — фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву ҳамешасабз, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки «иди фархундаи Сада, ки дар қатори Наврӯзу Меҳргон аз ҷумлаи оинҳои бузурги ниёкони шарафманд маҳсуб меёбад, аз замони дури таърихӣ бо табиат пайванд дошта, то кунун идома дорад. Бахусус, дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар заминаи талош ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукӯҳу шаҳомати таърихиро аз нав барқарор намуда, дар миёни мардум ҳамчун оини дорои арзишҳои баланди ахлоқиву маънавӣ ривоҷи тамом касб кард».

Ӯ, ҳамчунин таъкид кард, ки шинонидани ниҳол, даъвати мардум ба ободонӣ, бунёди боғ аз суннатҳои ин ҷашн буда, бояд дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум».

Суратгир И. РАБИЕВ