Таҷлили Рӯзи истиқлолият дар сафорати Покистон

№ 15.08.2019

DSC_9263 14 августи соли равон дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи истиқлолияти Покистон маросими тантанавӣ баргузор гардид.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар Паёми Президент ва Сарвазири Покистонро ба муносибати Рӯзи истиқлолият қироат кард. Ӯ аз таърихи  муборизаи фарзандони барӯманди Покистон, ки зери сарварии Муҳаммад Алии Ҷиноҳ барои истиқлолият ҷонбозиҳо карданд, ёдовар шуд. Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон 14 августи соли 1947 соҳибистиқлолии худро эълон кард. Сафир аз вазъияти имрӯзаи минтақаи Кашмири Ҳиндустон нигаронӣ карда, аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки барои ҳалли сулҳомези қазия ва риояи ҳуқуқи башар дар ин мавзеъ мусоидат намоянд.

DSC_9339Роҳбари Маркази таълимии Покистон ва мудири шуъбаи урдуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳайдар Қурбонов аз хусуси таърихи робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Покистон сухан ронда, таъкид намуд, ки Покистон яке аз аввалинҳо шуда истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. То ин дам миёни ду кишвар 59 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар назар аст, ки ҳаҷми робитаҳои иқтисодии ду кишвари дӯст соле ба 500 миллион доллар расонида шавад.

Ба муносибати ин ҷашн, чунин, намоиши аксу китоб ва филми мустанад пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардид.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»