Шанбеи сеюми моҳи апрел - Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе

Таҷлили «Рӯзи пойтахт» дар Маҷлиси намояндагон

№44 (3994) 20.04.2019

DSC_970819 апрели соли равон вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи «Рӯзи пойтахт» ба ҳашар баромада, барои ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани бинои Маҷлиси намояндагон саҳм гузоштанд.

Ҳайати зиёда аз панҷоҳнафараи  кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, дар баробари таъмиру ба истифода додани қисми зиёди бинои парламент, толору маҷлисгоҳҳои бошукӯҳ, инчунин гулзори нави фарҳангӣ бунёд карда, роҳравҳоро тармиму навсозӣ намуданд.

Иттифоқӣ, ҳамбастагӣ ва пайравӣ аз тадбирҳою муттаҳидӣ дар атрофи  сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки масъулини Маҷлиси намояндагон нисбат ба корҳои неку созанда бетараф нестанд ва ҳамеша омодаанд ҳиссаи сазовор гузоранд.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли охир раванди созандагию  бунёдкорӣ бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон  Мизроб Кабиров суръати тоза гирифта, саҳни бинои Парлумони касбии мамлакат ба як ҷои зебою дилфиреб табдил ёфт.

Ҳадафи дигари чорабинӣ тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, якдилӣ, якмаромӣ, баробариву бародарӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ арзёбӣ гардид.

Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.

Душанбе

 Сарсабзу шукуфою дилороӣ, Душанбе,

Озодаву зебою гувороӣ, Душанбе.

Девори амонӣ баъди Девори Бухоро,

Шаҳри ҳунару ишқу мадоро Душанбе.

Эй аз нафасат ёфта мо умри дубора,

Дил зинда шавад з- анбари сорои Душанбе.

Шаҳре ҳама меҳру ҳама файзеву саодат,

Бар габру мусалмону насороӣ, Душанбе.

Бо меҳр назар карда ба ту Холиқи ҳастӣ,

Хушрӯзу хушиқболу худороӣ, Душанбе.

Бар меҳани мо ҳам дилу ҳам ҷону ҷаҳонӣ,

Чун Каъбаи умед ту мороӣ, Душанбе.

Бо Рустами сонӣ шудаӣ шуҳраи афлок,

Шаҳномаи фатҳу зафаророӣ, Душанбе.

Чун маснади фарҳангу тамаддуни ниёгон,

Моро ту Самарқанду Бухороӣ, Душанбе.

 Мирзо РУСТАМЗОДА