14 март – Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура

Таъмини волоияти қонун

№33 (3827) 13.03.2018

ё рисолате, ки кормандони мақомоти прокуратура собитқадамона ба ҷо меоранд

 general-attorney-2Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мустақилияти пурраи прокуратураи Тоҷикистонро таъмин намуда, имкон дод, ки вазифа ва самтҳои асосии  фаъолияти он бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, вазъи  қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ муайян карда шавад. Чордаҳуми марти соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои муҳими ҳуқуқии барои прокуратураи тоҷик тақдирсоз қабул  гардиданд, ки ба мақомоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобею ҳисоботдиҳанда будани онро фароҳам оварданд.

Аз ҷумла, дар он рӯз ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда,  мутобиқи он мансаби прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Муқаррар гардид, ки прокурори  генералӣ бо розигии Президенти мамлакат аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуда, дар назди он масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошад. Дар ҳамон сана бо Қарори Шӯрои Олии мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар хониши аввал қабул гардид, ки он вазифаҳо, принсипҳои ташкил, фаъолият, низом, сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти прокуратураи Тоҷикистонро муайян намуд.

Бо дарназардошти аҳамияти ин  рӯйдодҳо  дар ҳаёти прокуратураи мамлакат, 14 марти соли 1992 ҳамчун рӯзи таъсисёбии прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисобида, аз 8 августи соли 2015 бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 14 март — Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура эълон шудааст.

Бо пешрафти ҷомеа барои боз ҳам тақвият бахшидан ба назорати прокурорӣ дар роҳи мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ 11 марти соли 1996 ва дар таҳрири дигар 25 июли соли 2005  Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд.

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фаъолияти самараноки прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул дода, ҷойи он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои он дақиқ карда шуд. Кормандони мақомоти прокуратура аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо бархӯрдор буда, дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории навин садоқати худро ба  Ватан, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсиониашон собит намуданд. Ҳама дар хотир доранд, ки ҳанӯз дар оғози даврони истиқлолият, дар натиҷаи дасисабозиҳои душманони дохилию хориҷӣ, кишвари мо ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари аз  даст рафтани  давлатдорӣ ба миён омад.

Хушбахтона, баъд аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси ҳукумати конститутсионӣ вазъ ранги дигар гирифт.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  24 декаб­ри соли 2004 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи прокуратура изҳор доштанд, ки: «кормандони прокуратура ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии он ба шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он солҳо нигоҳ накарда, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба  халқу Ватан иҷро карда меоянд». Ин суханони Роҳбари давлат мояи ифтихор ва сарбаландӣ буда, моро ба боз ҳам бештар тақвият додани самаранокии  фаъолият дар ҳама самти назорати прокурорӣ ҳидоят менамоянд.

Воқеан ҳам, кормандони прокуратура дар ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, ­ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон шабу рӯз заҳмат мекашанд ва натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли сипаришуда мисоли равшани он мебошад.

Мақомоти прокуратура соли гузашта фаъолиятро дар асоси  Конститутсия, қонунҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар самти иҷрои вазифаҳо корҳои мушаххасро анҷом доданд. Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд,  сафарҳои кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо, вохӯриҳо бо соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, фаъолони шаҳри Душанбе  ва иҷрои қарори  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳисоботи прокурори генералӣ дар бораи вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат нақшаи чорабиниҳо таҳия, тасдиқ ва амалӣ карда шуд. Чорабиниҳои номбурда ба беҳтар шудани ташкили кор,  самаранокии назорати прокурорӣ мусоидат намуданд ва нишондиҳандаҳои фаъолият дар аксар самт беҳтар гардиданд.

Дар самти назорати риояи қонунгузории замин, ки самти муҳими фаъолияти прокуратура маҳсуб меёбад, соли гузаш­та мақомот қонуншиканиҳои зиёдро ошкор намуданд. Аз ҷумла, ситоди Прокуратураи генералӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ тайи якуним соли охир тақсимоти ғайриқонунии 210 га замини кишоварзӣ, 906 ҳолати ғайриқонунӣ ҷудо намудан ва хариду фурӯши 97 га заминро ба маблағи 4,9 млн.доллари ИМА ошкор карда, аз натиҷаи он 216 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш намуд.

Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 45,2 га замин  ба ҳолати аввала баргардонида, 4,6 млн. сомонӣ ба фоидаи давлат барқарор карда шуд. Дар маҷмӯъ, соли 2017 аз ҷониби мақомоти прокуратура ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо оид ба замин 474  пешниҳод, 841 амр,  864 эътироз оварда, 357 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 238 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, 2520 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 876  парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 16 944 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Прокуророн ба 671 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварданд, ки 79 фоизи он ба қонунгузории замин алоқаманд аст.

Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифати ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯйнабуда низ аз вазифаи муҳими мақомоти назоратӣ, алалхусус прокуратура, маҳсуб меёбад. Аз ҷониби мақомоти прокуратура ҳолатҳои зиёди ворид намудан ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти гӯштӣ, шириниҳо, бозичаҳои кӯдакона ва дигар маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор ва пешгирӣ гардид. Аз ҷумла, муайян карда шуд, ки аз ҷониби ширкатҳои тиҷоратӣ ҳар сол 500-600  тонна бозичаҳои гуногуни кӯдакона  аз 20 давлати дунё ба Тоҷикистон ворид карда мешавад, ки зиёда аз 90 фоизи онҳо ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯй набуда, ба саломатии кӯдакон зараровар мебошанд. Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ зиёда аз 70 тонна маҳсулоти пастсифат ошкор ва аз муомилот гирифта шуд.

Соли 2017 ҷиҳати муътадил гардонидани фаъолияти низоми бонкӣ ва солимгардонии вазъи молиявии онҳо,  таъмини пардохтпазирӣ ва сари вақт баргардонидани пасандозҳои аҳолӣ бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд, ки дар натиҷа то андозае вазъи молиявии бонкҳо беҳтар ва уҳдадориҳои қарзии онҳо камтар гардид. Ба судҳои иқтисодӣ ба маблағи 140 млн. сомонӣ даъво пешниҳод гардида, вобаста ба азонихудкунии маблағҳои бонкӣ, тасарруфи кредит, дигар ҷиноятҳои ба фаъолияти бонкӣ алоқаманд 83 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо санадҳои эътиноии прокурорӣ ва дар рафти тафтишоти пешакӣ 1 млрд. 357 млн. сомонӣ барқарор карда шуд.

Дар робита ба ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат оид ба пурзӯр намудани назорат ба иҷрои он прокуророн соли гузашта 563 қонуншиканиро ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳкор парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда, 363 нафар шахси масъулро ба ҷавобгарии интизомӣ кашиданд.

Ҷузъи муҳими фаъолияти мақомот­ро барқароркунии зарарҳои иқтисодии аз ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо расонида ташкил медиҳад. Дар ин робита бо дахолати прокуророн 726 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба фоидаи давлат 281 млн. сомонӣ маблағи зарар ситонида шуд.

Музди меҳнат барои кормандону хизматчиён сарчашмаи асосии рӯзгузаронӣ  ва таъмини оила буда,  сари вақт пардохтани  он шарти  муҳими ризояти иҷтимоӣ  дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъхир андохтани пардохти музди меҳнатро таҳаммулнопазир  ҳисобида, диққати роҳбарони вазорату идора ва ташкилоту корхонаҳоро ба пардохти пурраи он ҷалб намуданд. Тӯли соли сипаришуда бо дахолати прокуророн 110 млн. сомонӣ  қарзи музди меҳнат пардохт гардид. Барои сари вақт напардохтани музди меҳнат 59 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 80 нафар ба ҷавобгарии  маъмурӣ кашида, 15 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Мубориза бо коррупсия низ аз ҷумлаи афзалиятҳои мақомоти прокуратура боқӣ мемонад. Ҷиҳати тақвияти заминаҳои ҳуқуқии  фаъолият  дар ин самт  фармони прокурори генералӣ «Дар бораи пурзӯр намудани назорати прокурорӣ зимни иҷрои қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия» ба имзо расид ва Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020», Нақшаи дохилиидоравӣ барои солҳои 2016-2017 таҳия ва қабул карда шуд. Вобаста ба ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ, ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ ва фазои оштинопазир бо коррупсия кормандони мақомоти прокуратура соли 2017 бо аҳолӣ ва коллективҳои меҳнатӣ 734 вохӯриву суҳбат гузарониданд. Прокуророн дар ин давра 850 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта оғоз намуданд, ки зарари расонидашуда аз онҳо 31 млн. сомонӣ, 1,3 млн. доллари ИМА ва 4,9 млн. рубли Федератсияи Россияро ташкил медиҳад. Дар рафти тафтиш 5,1 млн. сомонӣ, 178 ҳазор доллари ИМА ва 510 ҳазор рубли русӣ барқарор карда шуд.

Назорати риояи қонунгузории андоз ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои андозсупорандагон дар маркази диққати махсус қарор дорад. Аз натиҷаи санҷишҳо дар ин самт баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 2990 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ, 2519  шахси масъул ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида, 82 парвандаи ҷиноятӣ оғоз  карда шуд.

Пардохтҳои гумрукӣ ҷузъи муҳими даромади буҷет  маҳсуб меёбанд ва риояи қонун дар фаъолияти  мақомоти соҳа таҳти назорати доимии прокуратура қарор дорад. Бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ дар ин самт 178  санади эътиноӣ татбиқ, 366 ҳуқуқвайронкунанда ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида, 59 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 11,7 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуд.

Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва хатар ба саломатии аҳолӣ, генофонди миллӣ барҳақ боиси ташвиши ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ  гардидааст. Соли 2017 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  4 тоннаву 023 кг маводи нашъадор аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифта шуд, ки нисбат ба як соли пеш  983 кг ва ё 26,7 фоиз зиёд мебошад.

Соли 2017 вобаста ба ҷалб ва иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ шумораи зиёди  парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ аз соли 2014 беш аз 260 нафар иштирокчӣ ва шахсони барои иштирок дар муҳорибаҳои мусаллаҳона қасднамуда, 53 нафар аъзои оилаҳои онҳо, ҷамъ 313 нафар ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Инчунин, сафари 124 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, аз ҷумла 65 нафар дар соли гузашта, ки мақсади иштирок дар муҳорибаҳои ҷангиро доштанд, пешгирӣ гардид.

Дар самти ҳамкориҳои байналмилалии Прокуратураи генералӣ, ки сол то сол тақвият меёбанд, вобаста  ба мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва фаромиллӣ, табодули саривақтии маълумот ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, бо прокуратураҳои генералии ҷумҳуриҳои Арманистон, Украина ва Беларус созишномаҳо оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба имзо расида, лоиҳаи ҳамин гуна созишномаҳо бо Ҳукумати Давлати Қувайт, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷумҳуриҳои Австрия ва Ӯзбекистон таҳия ва барои мувофиқа ирсол гардиданд. Лоиҳаҳои созишномаҳо дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон ва боздоди маҳкумшудагон таҳия ва тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ барои баррасӣ ва мувофиқа ба 59 кишвари хориҷӣ ирсол шуд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ сафари кории прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар рафти он масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳуқуқӣ, алахусус  ҳифзи ҳуқуқи  шаҳрвандон, дастгирии ҳуқуқии соҳибкорӣ ва бартараф намудани монеаҳои ғайриқонунӣ, кофтуков ва истирдоди шахсони дар кофтуков қарордошта, расонидани ёрии ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ, созмон додани гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ барои тафтиши парвандаҳои ҷиноятии трансмиллӣ ва транссарҳадӣ, ҳамкориҳои дуҷонибаи прокуророн дар сатҳи прокуророни вилояту шаҳрҳои наздисарҳадӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, созишномаи  ҳамкории байниидоравӣ ба имзо расонида шуд.

Моҳи октябри соли 2017 дар вохӯрии прокуророни генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои тарафайн вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон, бозпас додани маҳбусон барои адои минбаъдаи ҷазо, сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгаройӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва масъалаҳои дигари барои ҳар ду кишвар манфиатбахш мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Кормандони прокуратура, дар оянда низ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, баҳри пешрафт, рушд ва инкишофи ҷумҳурӣ саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.

РАҲМОН Юсуф Аҳмадзод,

прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковники адлия