Таърихи ҷашнгирии Соли нав

№2 (4108) 04.01.2020

1 (1)Соли нав яке аз қадимтарин идҳост, ки инсоният ҷашн мегирад. Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри қадим бостоншиносон шикастапораҳои кӯзаеро пайдо намуданд, ки дар он «ибтидои соли нав» сабт шуда буд. Дар Мисри қадим соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд, ки тақрибан ба охирҳои моҳи сентябр рост меомад. Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро он биёбонро шодоб мегардонид.

Римиён то милод ба ҳамдигар туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда, шаби соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Муддате соли навро дар аввали моҳи март ҷашн низ мегирифтанд, вале император Юлий Сезар тақвими навро ҷорӣ намуда, соли навро рӯзи якуми моҳи январ муқаррар кард. Номи моҳ ба шарафи Худо Янус (дурӯя) гузошта шуд, ки як рӯяш ба соли гузаш­та ва рӯи дигараш ба Соли нав буд. Иди Соли навро «календа» мегуфтанд. Одамон дар ин муддат хонаҳояшонро оро медоданд ва ба ҳамдигар туҳфа мекарданд. Римиёни сарватманд ба император ҳадя мебурданд.

Имератори Рим Калигула рӯзи якуми Соли нав ба майдони назди қасраш мебаромад ва аз раият туҳфа мегирифт.

Дар Бобулистони қадим Соли навро баҳор ҷашн мегирифтанд. Ҳангоми ҷашн шоҳ чор ё шаш рӯз аз шаҳр берун мерафт.

Келтҳо ва сокинони Галлия (ҳудуди Фаронсаи ҳозира ва қисми Англия) соли навро дар охири моҳи октябр таҷлил мекарданд. Дар соли нав келтҳо хонаҳояшонро бо шохчаҳои дарахт оро медоданд, то ҷинҳоро аз хона дур кунанд. Онҳо ақидае доштанд, ки гӯё дар соли нав арвоҳҳо аз нав зинда мешаванд.

Келтҳо аз Римиён бисёр урфу одат­ро қабул карда буданд. Шоҳони онҳо низ аз раият туҳфа интизор буданд. Одатан тиллову ҷавоҳирот ҳадя мегирифтанд. Масалан, малика Елизавета маҷмӯаи калони дастпӯшакҳои ҷавоҳиротдор ҷамъ оварда буд. Соли нав дар Англия дар асрҳои миёна ибтидои моҳи март ҷашн гирифта мешуд. Қарори парлумон, ки рӯзи ҷашнгириро соли 1752 ба 1 январ гузаронид, ба занҳо хуш наомад.

Дар Россия низ соли навро 1 март ҷашн мегирифтанд. Дар асри XIV калисои ҷомеи Маскав қарор баровард, ки мувофиқи он соли нав 1 сентябр аз рӯи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд. Соли 1699 Пётри 1 баъди аз Аврупо баргаштан бо фармони махсус солшумориро аз 1 январ муқаррар кард.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашнгирии соли нави мелодӣ аз рӯи тақвими григорианӣ роиҷ аст.

Рустамҷон ҒУЛОМОВ, 

омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе