Таъсиси китобхонаи нав дар Суғд

№65 (4171) 02.06.2020

111- Дар партави дастуру ҳидоят­ҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд китобхона таъсис дода шуд, — иттилоъ дод сарвари марказ Фирдавс Ашӯрматов.

Дар он 15 ҳазор китоб ҷамъ оварда шудааст, ки 5 ҳазораш китобҳои бадеии бачагона мебошад. Инчунин, дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» ба китобхона 1000 китоби бадеӣ дастрас шуд. Ҳамчунин, маҳфили «Китобхони беҳтарин» таъсис ёфт, ки ҳадафи асосии он ба китобу китобхонӣ ҷалб намудани хонандагон ва ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тайёр намудани муҳассилини муассисаҳои таълимист.

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»