«Почтаи тоҷик» дар хизмати шумо!

Таҳти ин шиор мансубини КВД «Почтаи Тоҷик» ба хизмати мардум камар бастаанд

№120 (3757) 10.10.2017

ПочтаНуҳуми октябр Рӯзи умумиҷаҳонии почта ҷашн гирифта шуд. Ин сана бо қарори Конгресси XVI Иттифоқи умумиҷаҳонии почта, ки соли 1969 дар пойтахти Япония – шаҳри Токио баргузор гардид, муқаррар гардидааст.

- Одамон ҳамеша ба иттилоот ниёз доштанд. Онҳо дар ибтидо ба воситаи садою оҳанг, баъд тавассути кабӯтарон, аспу ароба ва инак, баробар бо рушди техника, ба воситаи автомашинаю қатора, ҳавопаймо ба ҳамдигар пайғом мефиристанд. Нахустин ташкилоти ҳаммонанд ба почтаи имрӯза дар замони салтанати Сомониён таъсис ёфтааст, ки «Девон-ул-баред» ном доштааст. Ба ҳайати ин девон соҳибони аспҳои тездав шомил ва барои расонидани пайғом ҳамеша омода буданд, — иброз дошт зимни суҳбат директори генералии КВД «Почтаи Тоҷик» Саидалӣ Мирзоев ва афзуд:

- Бо таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон (соли 1924) 4 октябр нахустин шуъбаҳои алоқа ва марказҳои алоқаи почта ба фаъолият оғоз намуданд ва 93 сол аст «Почтаи Тоҷик» дар хизмати аҳолӣ мебошад. Соли 1994 КВД «Почтаи Тоҷик» узви комилҳуқуқи Иттифоқи умумиҷаҳонии почта гардид.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 466 шуъбаи алоқа ба мардум хизмат мерасонад. Вазифаи асосии кормандони онҳо аз қабул, коркард, фиристодан ва дастрас намудани мактубҳо (одӣ, фармоишӣ, арзишнок), бастаҳо (хурд ва арзишнок), кортҳои почтавӣ, равонакҳо, қабули обуна ва дастрас намудани матбуоти даврӣ, қабул ва пардохти ирсолпулиҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, хизматрасонии ­почтаи фаврӣ дар асоси иҷозатномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Даромади муассисаҳои алоқаи почта дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 3592632 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 273314 сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми муросилоти воридотӣ дар ин давра ба 34346 килограмм баробар шуд.

Солҳои охир ба масъалаи дастраскунии матбуоти даврӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳоло рӯзномаю маҷаллаҳо ҳафтае панҷ маротиба ба муштариёни шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ расонида мешавад.

КВД «Почтаи Тоҷик» бо 12 ҷумҳурии дуру наздик, аз қабили Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Молдова, Туркия, Украина, Туркманистон, Гурҷистон ва ғайра ҷиҳати қабул ва пардохти ирсолпулиҳо шартнома ба имзо расонидааст. Ҳамчунин, бо ширкати «Вестерн Юнион» низ аз ҳамин хусус муоҳада мавҷуд мебошад. Мо бо шариконамон аз Федератсияи Россия корҳои омодагии техникиро барои қабули ирсолпулиҳои электронӣ аз тариқи барномаи POST Transfer ба наздикӣ ба анҷом мерасонем.

Қисмати муҳими кори «Почтаи Тоҷик» ташкил ва қабули обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо мебошад. Дар соли ҷорӣ муштариён ба 392540 нусха рӯзномаю маҷалла обуна шудаанд, ки назар ба як соли пеш 23300 нусха зиёд аст. Ба тариқи шартнома бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мо бурда расонидани нашрияҳои «Минбари халқ» ва «Сухани халқ»-ро низ ба зимма гирифтем. Соли ҷорӣ обуна барои соли 2018 аз 4 август оғоз ёфт ва муташаккилона идома дорад. Шаҳрвандон метавонанд дар дилхоҳ шуъбаи алоқаи почта ба рӯзномаю маҷаллаҳои дӯстдоштаашон обуна шаванд.

Хизматрасонии курйерӣ аз паҳлуҳои дигари фаъолияти «Почтаи Тоҷик» аст. Аз соли 2005 бахши Почтаи фаврӣ – EMS ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Муросилоти аз дигар давлатҳо воридшуда аз тариқи почтаи фаврии Тоҷикистон ба соҳибонашон расонида мешавад.

Солҳои охир КВД «Почтаи Тоҷик» аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбад. Чанде пеш бо дастури сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур шаш автомашинаи сабукрав харидорӣ ва бо шарҳи чашмраси ороишӣ: «Почтаи Тоҷик» дар хизмати шумо!» ба хизмати мардум сафарбар шуданд.

ҳоло дар доираи Барномаи сифати хизматрасонӣ мансубини корхона як қатор тадбирҳоро амалӣ намуда истодаанд. Бо кумаки молиявии Иттифоқи умумиҷаҳонии почта 55 компютер, 55 принтер, 50 тарозуи электронӣ, 10 сканер харидорӣ ва насб шуда, барномаи назорати самти ҳаракати муросилот ҷорӣ гардид.

- Нақшаҳоямон бо мақсади баланд бардоштани сифати хизмат­расонии алоқаи почта, сари вақт дастрас намудани муросилоти почта ва матбуоти даврӣ зиёданд ва мо захираю имкониятро барои амалӣ кардани онҳо сафарбар менамоем, — гуфт дар фарҷом директори генералии КВД «Почтаи Тоҷик» Саидалӣ Мирзоев.

 Абдумаҷид Муродов,

«Садои мардум»