Таассуроти аввалин фотеҳони дилварзин

№67 (3861) 31.05.2018

Ба азхудкунии дашти синабирёни Дилварзин 60 сол пур шуд. Дар матлаби зер таассуроти онҳое, ки аз рӯзҳои аввали ин маръака дар сафи пеш буданд, боз­гӯйӣ шудааст.

Мария Гербел Мария ГЕРБЕЛ –

сокини шаҳраки Бӯстон:

- Ман аз соли 1956 ин ҷо зиндагӣ дорам, пеши назарам хористон ба бӯстон мубаддал гардид. Ҳазор­ҳо нафар барои гулгулшукуфии диёр заҳмат кашиданд. Ману модараму хоҳарам аз Мадрушкати Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамроҳи аввалинҳо ба Янтоқ омадем. Он ҷо аз Саратови Россия, баъд аз иқомати чандвақта аз Истаравшан муҳоҷир шуда будем. Мадрушкат ҷаннати рӯи заминро мемонд, он ҷо аввалину охирин муҳаббати худро ёфтам, аммо зиндагии якҷоя дер давом накард. Дар Янтоқ – Бӯстон касби пештараамро дар идораи омор давом додам. Сарварии идораро он вақт инсони наҷиб Ҳидоятулло Аминов ба уҳда дошт. Баъд ӯро Ҷумъа Раҷабов иваз кард. Аз соли 1969 то 1972 сардори ин идора Давлатбек Тутиев буд. Корро дар бойгонии ноҳия идома дода, аз ҳамон ҷо ба нафақа баромадам. Умр боқӣ бошад, 2 — юми сентябри соли ҷорӣ 90 — сола мешавам.

ьтоьоьСаидикром САИДОВ,

сокини деҳоти «Оббурдон»:

- Ба Дилварзин соли 1958, пас аз хизмати ҳарбӣ, омадам. Падару модарам соли 1956 қатори аввалинҳо ба ин ҷо рахти сафар бастанд. Аз рӯзе, ки ҳамдеҳаам Маҳмадшариф Шосаидови оббурдониро дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Ленинобод (имрӯза Хуҷанд) вохӯрдаму ӯ маро дар болои мошини боркаш шинонда ба Дилварзин фиристод, 21170 рӯз гузашт ва ҳар рӯз таърихе дорад. Суроғ карда, ба идораи колхози ба номи Ленин (имрӯза Ассотсиатсияи хоҷагии оби ба номи Файзӣ Султонов) расидам. Он ҷо нафаре бо сарулибоси шинам, табассуми зебо, «ҳа, салдат! аз куҷо омадӣ, киро мекобӣ?», — гӯён маро истиқбол намуд. «Аз аскарӣ омадам, писари Мирзосаиди оббурдонӣ мешавам», — гуфтам. — Ҳа, писари усто гӯ, биё, ман аз волидайнат шодиёна гирам, — гӯён пеш даромад. Падару модарам дар кор буданд. «Ман барои шодиёна боз меоям», — гӯён он нафар хандакунон аз хонаамон бадар рафт.Кадоме аз ҳамсояҳо гуфт, ки ин кас котиби дуюми кумитаи ҳизбии ноҳия Сангин Ниёзов буд.

Ҳамин тавр, аз ҳамон рӯз қисмати ман бо Дилварзин пайваст гардид. Ҳамроҳи ҳамсарам Раҷаб­моҳ соҳиби 11 фарзанд гардидем.

Худораҳматии падарам устои манзил буданд. Дар бунёди манзили зист, идораи хоҷагӣ, бошишгоҳҳои саҳроӣ, ферма, беморхонаи дар он солҳо беназири деҳоти «Оббурдон» саҳми ману падарам, Устошариф, ҳамчунин Мирвайс Ғоибов, Мирзомурод Хокироев, бародарон Бобо ва Усмон Гадобоевҳо кам нест.

Шукри Худо имрӯз фарзандони калониам соҳиби хонаву дар, кор, фарзандони дӯстрӯяканд. Саидмуъмину Саидислом хонадор нашудаанд. Ман низ чун ҳазорон фотеҳ ягон мукофот надорам. Муҳим он аст, ки мо барои фарзанд макони зист бунёд кардем ва он беҳтарин мукофот аст.

 Махмадшариф АлиназаровМуҳаммадшариф АЛИНАЗАРОВ,

сокини деҳоти «Палдорак»-и

деҳаи Табушн:

- Ба Дилварзин соли 1956 омадем. Кӯч бастани падари ман шубҳаи дигаронро дар бораи зарурати муҳоҷирӣ аз байн бурд. Ҳама ба сохтани хона, роҳу мактабу беморхона, ферма шурӯъ кардем. Раис раҳматии Қозӣ Охун буд. Дар ободонии солҳои аввал ҳиссаи Мирҷумъа Ҷалолов, Усмонбек Иброҳимов, Тутӣ Шехов, Раҳмат Азизов, Азим Шарифов, Наврӯз Валиев калон буд. Падарам, ки зиндагӣ дар ошёни баландро меписандиданд, ин ҷо ҳам мавзееро бо номи Сарои Мардон дар доманаи қаторкӯҳҳои Қурама обод карданд, ки бо боду ҳавои гуворою чашмаҳои мусаффо зодгоҳро ба ёд меовард.

Дар Дилварзин соҳиби 5 писару 3 духтар шудам. Оби мусаффои ҷории ҷумакҳои пеши ҳавлиро дида, ба пайвандонам таъкид мекунам, ки ҳар ҷуръаи онро муқаддас донанд, фаромӯш накунанд, ки гузаштагон онро бо мушкилӣ даст­рас менамуданд. Нақл мекунам, ки чӣ тавр мо дар тамузи тобистону сардиҳои зимистон бо хар дар зарфҳои гилину сафолин аз ягона чоҳи оби ширини деҳаи Янтоқ — Бӯстони имрӯза, ки назди молбозори ҳозира ҷойгир буд, об мекашондем.

Солҳои 1968 – 1969 — ро насли калонсоли Мастчоҳ нек дар ёд дорад. Аз сабаби барфу борони зиёд хавфи кандашавии обанбори Табошаҳр (шаҳри Истиқлоли имрӯза) ба миён омад. Сокинони деҳоти «Оббурдон», «Палдорак», «Такалӣ», «Бӯстон» ба ҷойҳои бехавф кӯчиданд. Оилаи мо ҳам чанд ҳафта «меҳмон» — и фарди шинохтаи диёр Шехмирҳомид Раҷабови лангарӣ (падари Сангин Ҳомидов) буд. Пирону занону кӯдаконро ба ҷойҳои бехавф бурда, мардони Мастчоҳ муқобили табиати саркаш истода, тайёр ба ҷонфидоӣ буданд. Як чизро бояд таъкид кунам, ки дар рафтору кирдори мардуми он давра тараддуд, чораҷӯӣ буд, аммо ваҳму ҳарос набуд. Ман ба шуҷоати сарварони Мастчоҳ, онҳое, ки мардумро ба Дилварзин бурданд, бори дигар қоил шудам. Раиси комиҷроия Насим Салимов, котиби райком Сангин Ниёз дар мобайни издиҳом буду мардумро бо суханони нек дилбардорӣ мекард.

Шукри Худо, бо некӣ анҷом ёфт, аммо он ҳодиса кӣ будани мардони ҳақиқии майдонро нишон дод.

 Махмадзухур юсуфовМаҳмадзаҳур ЮСУФОВ,

сокини деҳоти «Оббурдон»:

- Аз хизмати ҳарбӣ бо пеши бари пур аз ордену медал баргаштам. Аз ҳамон рӯз паҳлуи ҳамдиёрон, дар соҳаи чорводорӣ машғули кор будам ва аз ҳамин соҳа ба нафақа баромадаму 600 сомонӣ нафақа мегирам.

Аз он шодам, ки 60-солагии азхудкунии дашти Дилварзинро дидам, суханони пурмуҳтавои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз телевизор шунидам. Дуюмин бор аст, ки Сардори давлат дар тантанаҳои фотеҳони Дилварзин иштирок мекунанд. Бори аввал бист сол пеш Эмомалӣ Раҳмон дар 40-солагии азхудкунии ин дашти лабташна аз минбар ба меҳнати мастчоҳиён баҳои баланд дода буданд.

Аввалин муҳоҷирони деҳаи мо Умархӯҷаю Ҳасанхӯҷа, Маҳмадзамону Муллосангин бо додаронаш Сафарбеку Муллошо (аввалӣ Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шуду дуюмин доктори илми таърих) буданд, ки ба шарофаташон диёр гулистон гардид. Дар ин пешравӣ қувваи асосӣ халқ буд, аммо шахсоне буданд, ки бо ташаббусу шабзиндадорӣ мардумро дилгарм мекарданд. Яке аз онҳо собиқ раиси колхози «Комсомол» Мирзо Азизов мебошад. Ин марди накуном хоҷагии қафомондаро номдор гардонд. Адолатпеша буд раис, бинобар он хосу ом имрӯз номашро ба некӣ вирди забон доранд. Ба номаш кӯча ҳаст, мактаби миёна ба номи Мирзо Азизов бо нимпайкарааш ҷавоби заҳматҳояш мебошанд.

Саидшариф БобочоновСаидшариф БОБОҶОНОВ,

сокини деҳоти «Мастчоҳ»:

- Соли 1963 ба Дилварзин омада, деҳқониро дар диёри нав давом додам. Тамоми умр нони деҳқонӣ тановул кардаам. Имрӯз фарзандонам дар хоҷагии «Дарё» фаъолият доранд. Аз зиндагию роҳи тайкардаам хурсандам.

Бамаврид аст, ки аз ҳамсафонам Абдусамад Иброҳимов, Исобек Марҳамов, Ҳайдарбек Ҳасанов, Алиёрбек Сафаров ёдовар шавам. Садои тракторҳои Шоисмат Раҳматов, Зоҳир Сабуров имрӯз ҳам дар гӯшҳоям садо медиҳад.

Рӯзҳои аввал мушкил буданд. Замини обӣ кам, техника набуд, мактабу духтурхона на дар ҳама ҷо, шахсони маълумоти олидор тухми анқо ва боз бисёр душвориҳо.

30 — 35 сол пештар, сарвари ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ Ҷаббор Расулов меҳмони пахтакорони хоҷагии мо гардид. Ҳамроҳаш шоиру нависандагони бисёр омада буданд. Ба ҳар кадоми мо даст дода, вохӯрӣ намуд. Суҳбати хеле гарму гуворо баргузор шуд. Он рӯз меҳмони олиқадр бо ман ҳам аҳволпурсӣ намуд ва якҷоя расм ҳам гирифта будем.

Фарзандон, набераю аберагон, рӯзгори тинҷу осуда ва саломатӣ беҳтарину баландтарин мукофоти зиндагиам аст.

Мирзоҳамдам ШАРИФЗОДА,

рӯзноманигор