Табиби ман – ҳабиби ман

Табибе навҷӯ ва масъулиятшинос

№111 (3748) 19.09.2017

табибЧанд сол қабл Маркази саломатии ноҳияи Муъминобод ҳоли ҳузнангез дошт. Агар шахсони хилъатпӯшро дар ин бино  истисно мекардем, кас ба муассисаи тиббӣ будани он шубҳа мекард. Гирду атрофи бинои рангпаридаи таъмирталабро хасу хошок  «иҳота» карда буд.

Аз сабаби нарасидани мутахассисони касбӣ ва таҷҳизоти ташхисии замонавӣ беморон ба ин муассиса хеле кам муроҷиат мекарданд. Барои як ташхиси одӣ бо харҷи зиёд ба Маркази саломатии шаҳри Кӯлоб муроҷиат менамуданд.

Баъди сарвари Маркази кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) таъин гардидани Тӯйбошӣ Восиев вазъи ин муассиса комилан тағйир ёфт. Дар даромадгоҳи бино ташкил намудани намоишгоҳи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббусҳои аввалини ӯ баҳри ободии муассиса ба ҳисоб меравад.

- Нигаронии Сарвари давлат – нарасидани кадрҳои болаёқати соҳаи тиб дар маҳалҳо, аз худ накардани технологияи муосир, бекор мондани таҷҳизоти ташхисии навтарин ва аз марказҳо даъват кардани мутахассисон мо  — кормандони соҳаи тандурустии ноҳияҳои кӯҳистонро бетараф намонд. Он чизе, ки ҳар мутахассиси бонангу ори соҳаи тандурустиро ба тасмимгирӣ водор месозад, бунёду азнавсозии муассисаҳои тандурустист, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 таъкид карда буданд: — «Зарурати беҳтар намудани сифати неруи кадрии соҳа, таъсиси самараноки таҳсилоти  тиббӣ,  беҳтар кардани вазъи бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар як қатор ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, азхудкунии технологияҳои муосири тиббӣ, инчунин, баланд бардоштани одоби муоширати кормандони соҳа аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаб мебошанд», — изҳор менамояд Тӯйбошӣ Восиев.

Дар маркази КАТС-и ноҳия бо кӯшишу талошҳои Тӯйбошӣ Восиев зиёда аз даҳ навъи таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили ултрасадо, рентген, ҳуҷраи барқдармонӣ, сабти барқии дил, лабораторияи таҳлили хуну пешоб, видеокалпаскон (барои муайян намудани бемориҳои занона, дастгоҳи ИФА (барои муайян намудани бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда) дар хизмати мизоҷон қарор дорад.

Бо кӯшиши ӯ дар 7 деҳаи дурдасти  кӯҳистон, ки маркази хизматрасонии тиббӣ надоштанд, бунгоҳҳои тиббӣ сохта, 9 бунгоҳи тиббӣ ба Маркази саломатӣ табдил дода шуданд. Аз ҷумла, дар деҳаи дурдасти Хуҷаи Нур бо харҷи 960 ҳазор сомонӣ бунгоҳи тиббӣ сохта шуд.

Имрӯз дар Маркази саломатии ноҳияи Муъминобод зиёда аз 500 табиб пайи ташхису муолиҷаи беморонанд, ки аз онҳо 36 нафарашон табибони маълумоти олидор мебошанд. Тӯйбошӣ Восиев пайваста дар ғояти навҷӯйист.

- Мехоҳам барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани шароити корӣ дар шафати бино ошхона созем. Зеро, ҳар рӯз ба ҷуз беморон даҳҳо табиб аз бунгоҳҳои тиббии деҳоти дурдаст ба ин ҷо ҳисоботу омор меоранд, — бо як дилсӯзии ба худ хос  мегӯяд Тӯйбошӣ Восиев.

Бо он ифтихор мекунад, ки бо раҳнамоиҳои Сарвари давлат, ки мегӯянд: — «Ватани моро ба ғайр аз худи мо каси дигаре обод намекунад», як гӯшаи Ватани азизашро обод намудааст. Аз ин дида, барои ӯ шарафи бузургтаре нест.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,«Садои мардум»