Табрикоти Муҳаммад Навоз Шариф ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

№69 (3706) 10.06.2017

Шашуми июни соли 2017 Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Сарвазир!

Мехоҳам таманниёти самимии хешро ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносиботи дипломатии байни ду кишвар иброз намоям. Дар тӯли 25 сол иқдомҳои пайгиронаи мо ба робитаҳои дуҷониба рушду таҳким бахшид. Боварӣ дорам, ки ин муносиботи мо ба манфиати мардуми кишварҳоямон хизмат хоҳад кард.

Робитаҳои таърихӣ, динӣ ва анъанавӣ барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои мо заминаи мустаҳкам хоҳанд гузошт. Иштироки кишвари Шумо дар 13-умин Саммити Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар моҳи марти соли равон дар шаҳри Исломобод баргузор гардид, уҳдадориҳои муштаракро ҷиҳати ба даст овардани сулҳу субот дар минтақа ба вуҷуд овард.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи равобит мо иқтидори васеи тиҷоратӣ ва сармоягузориро байни ду кишвар ва дар минтақа амалӣ хоҳем кард.

Умедворам, робитаҳои наздик ва пайвандҳои шариконаи мо дар солҳои минбаъда устувор хоҳанд шуд.

Хоҳишмандам, муҳтарам Сарвазир, эҳтиромоти фоиқаи бандаро қабул фармоед».

 АМИТ «Ховар»