Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Тахаллуфоте, ки бар оташ бармезананд»

№110 (3590) 23.08.2016

Прокуратураи ноҳияи Мўъминобод асоснокии мақолаи таҳлилию танқидӣ оид ба қонуншиканиҳо вобаста ба истифода намудани заминҳои обӣ ва бунёди иншоот дар чунин заминҳо дар ҳудуди ноҳияи Мўъминободро, ки дар рўзномаи «Садои мардум» (№76 аз 14 июни соли 2016) бо номи «Тахаллуфоте, ки бар оташ бармезананд» бо имзои Абдухолиқи Мирзозода нашр шудааст, мавриди санҷиш қарор дод.

Муайян карда шуд, ки дар асоси мактуби Гурўҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» аз 17 июни соли 2014 таҳти №44/5 бо қарори раиси ноҳияи Мўъминобод таҳти №538 аз 27 ноябри соли 2014 барои сохтмони Маркази нави касбомўзӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд аз ҳисоби заминҳои маҳалли аҳолинишини деҳаи Файзобод аз тарҳи 1898 0,40 га замин бо ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат ҷудо карда шудааст.

Гурўҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» барои сохтмони Маркази нави касбомўзӣ дорои Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А №0494798 аз 04 июни соли 2015 буда, он дар Кумитаи идораи замини ноҳия таҳти №6672 ба қайд гирифта шудааст.

Сохтмони бинои Маркази нави касбомўзӣ аз тарафи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Сохтмони махсус» дар асоси Иҷозат барои сохтмон таҳти №1 аз 29 январи соли 2016 аз тарафи Бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Мўъминобод додашуда ба роҳ монда шудааст.

Санҷиш нишон дод, ки дар ноҳия барои фонди манзил дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №401 аз 2 августи соли 2010-ум 152,19 га замин, аз ҷумла 108,16 га замини корами лалмӣ ҷудо шудааст. Дар деҳаи Боғгаӣ ва ғайра тақсимоти он ба аҳолӣ ҳоло ҳам идома дорад.

Ҳамин тариқ, дар рафти санҷиш ҳолати аз заминҳои корами обӣ ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони омўзишгоҳ ошкор нашуд.

Ғайр аз ин, дар рафти санҷиш ҳолатҳои сохтмони ғайриқонунии манзилҳои истиқоматӣ дар заминҳои кишт дар деҳаҳои Боғгаӣ ва Шаҳринав, инчунин гирду атрофи маркази ноҳия ошкор нашуд.

 Ҷ. Н. Саидаҳмадзода, прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1

***

Прокуратураи шаҳри Кўлоб мақолаи «Тахаллуфоте, ки бар оташ бармезананд»-ро, ки 14-уми июни соли 2016 дар рўзномаи «Садои мардум» ба нашр расидааст, мавриди санҷиш қарор дод.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки бо қарори раиси шаҳри Кўлоб аз 10-уми апрели соли 2012 таҳти №254 бинобар дур будани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32-и шаҳри Кўлоб аз деҳаҳои Тоқакаппа, Сангов ва Дўстии Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кўлоб барои сохтмони мактаб аз заминҳои фонди захиравии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб, ки дар истифодабарии хоҷагии деҳқонии «Шариф Ҳалим» қарор доштааст, 0,90 га замин ҷудо шуда, дар он 8 синфхона аз тарафи ИСА-и МИҲД-и шаҳри Кўлоб якҷо бо пудратчии асосӣ — ҶДММ «Фаридун» сохта шудааст.

Айни ҳол муассисаи мазкур, воқеъ дар суроғаи шаҳри Кўлоб, Ҷамоати деҳоти Даҳана, деҳаи Тоқакаппа, ҳамчун филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32-и шаҳри Кўлоб ба сокинони деҳаҳои Тоқакаппа, Сангов ва Дўстии Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кўлоб хизмат расонида истодааст.

Бо қарори раиси шаҳри Кўлоб таҳти №18 аз 3 январи соли 2012 дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои таъсиси фонди манзил дар Ҷамоати деҳоти Кўлоб аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзии хоҷагии деҳқонии ба номи С. Зарифов 9,96 га замин ҷудо карда шудааст.

Инчунин, бо қарори раиси шаҳри Кўлоб, таҳти №796 аз 31 июли соли 2012 дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои таъсиси фонди манзил дар Ҷамоати деҳоти Кўлоб аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзии хоҷагиҳои деҳқонии ба номи «С.Зарифов» 1,30 га, «Шараф» 2,40 га, «Нозим» 1,85 га, дар маҷмўъ 5,85 га замин ҷудо карда шудааст.

Заминҳои зикргардида ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда шудааст.

 Х. И. Машрабзода, прокурори шаҳри Кўлоб, мушовири адлияи дараҷаи 1

P.S. «Тахаллуфоте, ки бар оташ бармезананд» мақолаи таҳлилию проблемавист, на танқидӣ. Дар он оид ба ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доштану ҳифз кардани заминҳои обӣ ва аз хусуси коҳиш ёфтани майдони заминҳои корам ибрози андеша шудааст. Он маҳсули андешаҳост, на дар бораи қонуншиканиҳо дар истифодаи замин ё сохтмони ғайриқонунии манзили зист.

Мусаллам аст, ки манзили зистро касе бе қарори дахлдор бино намекунад. Дар ягон ҷойи мақола роҷеъ ба қонуншиканӣ сухан намеравад.Мақсад аз матлаб дигар аст: Танг накардани майдони кишт. Оё журналист ҳақ надорад дар тақвияти гуфтаҳояш мисол биёрад, таҳлил кунад, хулоса барорад ва аз ҳама муҳим пешниҳод кунад?!

Ҳамон заминҳои обӣ, ки дар онҳо боғ бунёд кардаанд, қонунианд, сертификати истифодабарии замин доранд, вале бунёди боғ дар замини обӣ манфиатовар нест. Маҳз ҳамин ҷиҳат боиси зуҳури проблема гардидааст

Ҳеҷ кас нагуфтааст, ки фалон манзил ғайриқонунӣ сохта шуд ё сохтмони фалон иншоот қонуншиканист.

Дар деҳаи Тоқакаппа ман ба воя расидаам, дар ҳамон замине, ки ҳоло мактаб сохтаанд, ниҳол ягона кардаму чобуқ карда, гирди онҳоро нарм сохтаам ва ниҳоят пахта чидаам. Он замини обӣ аст. Замини мазкур бо оби ҷорӣ обёрӣ мешавад, на бо гидранту новаҳо. Акнун фаҳмидам, ки замини обиро ба замини ғайрикишоварзӣ табдил додан мумкин будааст, зеро муътақид будам, ки табдилнопазир аст.

Кадом ниҳод заминро аз як шакл ба шакли дигари истифода табдил медиҳад? Раванди ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида имрўз ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, зери назорат аст.

Дар ҳоле, ки талу теппаву даштҳои ноҳияи Данғараро солҳост нияти ба заминҳои корами обӣ табдил додан дорем.

Фикр кардам ба ин мақола корманди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ ё ягон мутахассиси варзида, ки ба замин меҳри беандоза дорад, ҳамовозӣ мекунад, на кормандони ҳифзи ҳуқуқ.

Дар замине, ки пахтаю пиёз кишт мешуд, чӣ хел мо онро дидаю дониста ғайрикишоварзӣ қаламдод кунем, вақте ки гап сари муқаддас будану неруи ҳаётбахш доштани замин равад.

 А. МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»