Талабот афзудааст

№100 (3737) 22.08.2017

tajik-air-dushanbe-khorog-airport-an-28-678x381Аз 8-уми  июли соли равон вобаста ба талаботи мизоҷон ҳар рӯз як ва ё ду тайёраи мусофирбари АН-28 дар самти Душанбе-Хоруғ парвоз доранд.

Тавре сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Дилдор Махсудшоев иттилоъ дод, аз аввали моҳи август  талабот ба хизматрасонии  нақлиёти ҳавоӣ афзоиш ёфт. Танҳо дар ҳафтаи аввал 126 мусофир ба воситаи тайёра ба Душанбе парвоз намудаанд. Ҳоло нархи чипта 680  сомониро ташил медиҳад.

Шоҳтолиби Шоҳқосим,

«Садои мардум»