Ба ифтихори 30-солагии хориҷ шудани неруҳои низомии ИҶШС аз Афғонистон

Талотум дар Тезинхаш

№17 (3967) 12.02.2019

DSC_2550Мирзо Шукурзода – Корманди шоистаи ҷумҳурӣ, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Айнӣ, дорандаи ордени «Ситораи Сурх» чанде пеш китоберо бо номи «Фарёди фоҷиаи Афғонистон» ба табъ расонд, ки хотироти ӯ ва дигар  ҷанговарони башардӯсти кишварро дар бар мегирад. Асар дар интишороти «Илм» бо маблағи муаллиф чоп шуда, ба забонҳои русӣ ва  дарӣ низ  нашр хоҳад шуд. Бахше аз он  пешкаши хонандагон мегардад.

Амалиёти деринтизори дивизияи 103 муштарак бо ҷанговарони қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон дар охирҳои моҳи августи соли 1986, дар минтақае бо номи Тезинхаш1 сурат гирифт. Хабару хатарҳо марбут ба Тезинхаш аз чанд манбаъ гирд омад. Дараи мазбур дер боз таҳти назорати мо ва дивизия қарор дошт. Панҷ-шаш нафар агентҳо аз вазъи ҷуғрофиёии минтақа, дастаҳои муҷоҳидини дар ҳоли тохтутоз ва теъдоди онҳо, нақшаи шабохун заданашон ба Кобул ва партоби рокет ба болои шаҳр як бағал хатту хабар дар ихтиёри мо гузоштанд. Мо шарҳу тавзеҳоти муфассали он ҳама иттилои бадастомадаро дар ихтиёри масъулони дивизия вогузор намудем. Командир дастур дод, ки шербачаҳо: худи ӯ, полковник Еремеев, аз тарҷумонҳо камина омодаи сафар бошем; либосҳои мутобиқ ба кӯҳу дашт ба тан кунем; рахти сафарӣ (спальный мешок), обу обдон, қадре хӯрокӣ, аз қабили нону консерв бо худ бигирем. Ба қавли ӯ «запас никогда не мешает».

Мову лейтенанти тозадам Холиқов ва майор Шило фармоиши командирро бо диққати том гӯш кардем. Ман нигоҳи зудгузаре ба чеҳраи дӯстам, полковник Еремеев андохтам: комилан бедимоғу хомӯш аст, аммо гоҳ-гоҳе ба рӯи Шербаков дуздакӣ чашм медавонад, дандон мефишорад. Мушакҳои рухсораҳои сурху беожангаш маҳин-маҳин шинухез доранд. Раҳмам омад. Ҳарчанд дар урду мегӯянд: фармон ҳеҷ гуна муҳокимаро намеписандад, боз ҳам ман тибқи як масали шарқӣ «ба ин ош ҷазза» шудам:

– Юрий Егорович, – рӯ овардам ба командир, – хуб мешуд, ки дар ин сафар Сергей Михайловичро сарфи назар кунем. Охир ӯ полковник аст. Худо накарда ба сари полковник дар ин ҷанг ягон бало ояд…

Шербаков дарҳол бо қатъият риштаи каломи маро бурид:

– Давай не будем обсуждать, товариш капитан. Одним полковником больше, или меньше, от этого Советская Армия ничего не потеряет. Так, что вперёд Михайлович!

Полковник ба ҷуз итоат чорае надошт. Мо рӯзи дигар аз манзил ба самти ситоди дивизия (воқеъ дар шарқи Кобул) ва аз он ҷо ҳамроҳ бо қатори босалобату ҷангталаб ва муназам бо зиреҳпӯшу мошинҳои пур аз сарбоз рӯ ба Шарқ овардем. Роҳи мо дар оғоз хокӣ буд. Баъд аз андак вақт ҷодае санглох ва дағал пеш омад. Қатор ҳар қадар ба умқи дара ғӯтавар мешуд, азоби роҳ бештар меафзуд: харсангҳои калон-калон ва ҷо-ҷо гудолчаҳои обканда пеш меомад. Зиреҳпӯшу танку мошинҳои чархҳояшон баланд монеаҳои роҳро писанд намекарданд, вале УАЗИК-и бадбахти моро ронандааш, сарбози қаторӣ Женя ҷон канда ҷон канда, аз калапо шудани пай дар пай нигоҳ дошта, пеш меронд. Шигифтовар ин аст, ки ҷанговарони роҳи Тезинхаш ҳама мошин ё танксаворанд; танҳо ману Шербакову Еремеев ва агенти нагунбахти мо Зобити якчашм савори УАЗИК ҳастем; машаққату хатари роҳро беш аз дигарон эҳсос мекунем. Ҳар гоҳ савории мо ба харсанге ё монеае бармехӯрд ва хатари вожгун шудан эҳсос мешуд, командир ронандаро, ки дар канори ӯ нишаста буд, дод мезад дар буни гӯшаш:

– Осторожно, Женя! Куда ты смотришь?!

Қатор дар бағали дара аз паси танку зиреҳпӯшҳо босуръат пеш мерафт. Сару сарвари он, ҷонишини командири дивизия, полковник Геннадий Бочаров (сокини ш. Каунаси Литва) пушти боми зиреҳпӯше ба чор самт назоракунон нишастааст. Аз паҳлуи чапу рости ӯ чанд афсару сарбози тирандози мусаллаҳ бо мусалсал (пулемёт) ва дигар аслиҳаи дурзан ҳузур доранд. Бачаров ҳар ғору ҳар шикофе, ки дар бағали кӯҳу пушта медид, дастури зуд ба нишон гирифтанро медод. Садои қарсу қурси раъдосои тир ҷисму ҷони дараи ба хомӯши ғунударо ҳар лаҳза метаконд. Дар болои сар даҳ, бист, сӣ чархбол низ дар парвозанд. Қисса кӯтоҳ, Тезинхаш кабки танҳои ба иҳотаи даста-даста уқобони шикорӣ афтодаро мемонд. Бо ҳамин сабку бо ҳамин минвол мо ҳудудан ду соат роҳ паймудем. Дар оғози ин ҷода нишоне аз салобати кӯҳҳои Панҷшеру Соланг ва Помирро намебинӣ. Дараро талу теппаҳои урёни офтобсӯхта печондаанд. Мавқеи ҷуғрофӣ, ба бахти мо, имкон надодааст, ки муҷоҳидони ба истилоҳ, ҷонфидо дар хаволи сангу кӯҳ камин гирифта, барои мо дарди сар эҷод кунанд.

 * * *

Война каллажҚатор бағали талу теппаҳои бунафшро парон-парон ҳар қадар болотар мехазид, пайкари ғулосои кӯҳҳои муқобил намоёнтар, оғӯши дара тангтар ва роҳамон махуфтар мешуд (албатта бештар барои мо, бачаҳои УАЗИК-савори «Кобул-2»). Билохира, ба пояи кӯҳ, ба майдончаи нисбатан паҳну ҳамворе расидем ва он ҷо дидем, ки панҷ-шаш чархбол, бо маторҳову чархҳои чолон худнамоӣ доранд. Болои сар чанде дигар гирдгардон ҳамболони худ ва қатори таваққуфнамудаи моро муроқибанд. Мақсад: осебе ба ину он нарасад.

Бо фармони полковник Бачаров ҳама ҷанговарон аз зиреҳпӯшу тонку мошинҳо зуд пиёда шуданд ва саф оростанд ҷиҳати савор шудан ба чархболҳо. Мо, гурӯҳи «Кобул-2» чобуктар аз онҳо зуд аз УАЗИК фуруд омада, ҳатто ба ақиби худ нигоҳ накарда, ронанда Женя ва мошинашро танҳо гузошта, ба сӯи чархболи даҳону дарвозааш боз давидем. Ин лаҳза ду чархболи дигар аз осмон ба замин сарозер гардид. Шамолу девбодаи қанотҳояшон бо париши хору хас ва шоху пихи буттаву алаф ва гарду чанги хоку рег тӯфони Нуҳ бархезонд. Нахуст Зобити роҳнаморо пешандоз карда, пасон худи мо бору бун дар пушт вориди «қаиқи худпар» шудем. Чанд афсари дигар низ ба мо пайвастанд. Гурӯҳ такмил шуд. Чархбол аз ҷо ҷаст ва суръат афзуд.

«– Буру, ба хайр!», – шодона нидо дардод Зобит. Аз афташ, ӯ қаблан ҳам ҳаликуптарсаворӣ2  кардааст, ки ин ҳама сару садо пинакашро вайрон накард.

Зобит – лоғарандом, қиёфаи сабзгуни ориёӣ ва ҳудудан чиҳилсола, паштуи форсидони аҳли Қандаҳор буду саводе дар ҳадди хондан ва навиштан дошт. Аз сармоядороне, ки пайсаи машкуку дабал (ғафс) доранду нисбат ба камбағал бераҳманд, чун ҳама кишоварзони хокӣ бадаш меомад. Чашми чапи Зобитро Муллоумар – ашроре аз дастаи муҷоҳидини Ҳикматёр бо зарби як шаппотӣ кӯр кардааст. Зобит аз зиндон фирор карда, акнун дар Кобул иҷоранишин, занмурда ва соҳиби ду уштук (кӯдак) аст. Коммунист набошад ҳам, мисли муаллим Мардумӣ ба ормонҳои фирқаи фақирпарвар сахт вафодор аст.

Биогрофии Зобитро, ба симои ӯ нигоҳкунон, ба даруни дил хонда, аммо ҳанӯз ба поён набурда будам, ки майор Шербаков фармон дод:

– Встали ребята. Только быстро!

Пасу пеш аз зинаҳои дари чархбол, ки дар фосилаи ду-се метр байни замину осмон муаллақ меистод, мо аз паси Шербаков бошитоб сарозер шудем. Зобит худро чолоктар аз мо нишон дод. Ману Еремеев дунболи ӯ шитофтем. Чархбол ба мо, посажиронаш фурсати миҷҷа задан надода, ҳадаҳа бархесту боло рафт ва гирдоби чангу хокро бар сарамон таланбор сохт. Ман ба афту башараи ҳамроҳонам бо ҳайрат ва дилсӯзӣ назар андохта, ба ин ҳама бозиҳои чарху чархгардонаш ҳайронам, ки бихандам ё бигирям.

Чун садои ғурруфиши, ба қавли Зобит, «қаиқи худпар» гум ва гарду хокаш дар атрофамон такшин гардид, ба китфи ҳамшафатам – полковник Сергей Михайлович тап-тап зада, гарду хоки нимтана (камзӯл)-и бо акси баргҳои чинор зинатёфтаашро афшонда, бо нимхандае аз дили соф аҳволашро пурсидам:

– Как самочуствие, товариш полковник?

– Нечего смеяться, – ба подоши меҳрубонӣ тунд ва ба хотири озурда посух дод Еремеев. То ҷое ки ман аз карда пушаймон шудам. Ҳикмати даҳҳо бор ба забон­овардаам бори дигар даруни дил такрор шуд: «Да, сделал добро, жди г…но!»

Шербаков дар ин ҷойгоҳ дастури аз китфу гарданҳо баркандани кӯлворҳоро содир кард. «Перекур» эълон шуд ва мо дар рӯи алафу гиёҳҳои хушку нимхушки бағали кӯҳ дароз кашида, бо лабони парсинбаста ба тановули нону обамон пардохтем; он ҳам барои чанд дақиқа.

Командир қуттии консерви «килки»-ро бо дами чоқу боз карда, назди полковник Еремеев гузошт ва якҷо бо консерв шӯхии намакине ба ӯ эҳдо намуд:

– Не горюй, Михайлович, до свадьбы поживёшь…

Михайлович бо лабханди сард ва мулоимхунукона ҷавоби шӯхии командирро дод:

– Спасибо, товарищ майор.

Пас аз таҳтули саридастӣ лаб бар лаби кӯзачаҳои алюминии пуроб бурда, орзушикан нӯшидем ва шукри борӣ ба ҷо овардем. Сипас командир аз ҷояш ковок шуд. Ӯ ҳамон нақшаеро, ки дар Кобул боэҳтиёт қат карда, дар кифаш андохта буд, берун овард ва рӯи шибари хазонзада паҳн карда, ману Зобитро низ назди худ хонд.

– Фикр мекунам, то Тезин андаке роҳ мондааст, – аз хату ҳарфи нақша чашм наканда ғур-ғур кард Шербаков ва аз роҳнамо вижагӣ ва мушахассоти роҳро пурсон шуд. Ба қавли Зобит, ба қуллаи ҳамин кутал, ки расидем, Тезин рух нишон медиҳад. Ҳамин қадар, ки боло меравем, мебояд ба ҳамин андоза сарозер шуд. Он вақт ба дили деҳа роҳ меёбем ва амалиёт шурӯъ мешавад.

Менамояд, ки ин роҳнамои якчашм аз ҳар ваҷаб хоки Тезин ва умуман аз ҳар гӯри наву куҳна огоҳ аст, вагарна кӣ медонад, дар пасу пеши кӯтали пешорӯи мо чӣ ҳасту чӣ нест ва чӣ қадар боло равему чӣ қадар поён.

Бори роҳ: халтаҳои хоб, ки русҳо «спальный мешок» меноманд, обу озуқаи боқимонда: консерву паниру нони хушкро дубора дар киф андохта, пуштора карда, туфангчаҳоро дар бағал зада, аз пайраҳаи борик ба танаи кутал часпидем. Роҳкушо Зобити якчашм асту мо ҳама дунболарави ӯем. Аз паси мо чархишу парришу ғурриши чархболҳо дар замину осмони дара лаҳзае қатъ намешуд. Сарбозҳоро барору фарор мекарданд, вале куҷост вақту имконе, ки сар боло карда, ҳолу аҳволи рафиқони ақибгоҳро тамошо кунӣ?

Мо қариби зуҳр аз китфи кӯҳ раҳо шуда, бар гарданаш часпидем. Баландӣ барои роҳиёни фаҳули халта ба дӯши кӯҳнадида чандон форам наафтод.  Ҳар қадар боло равӣ, азобат қадам ба қадам меафзояд. Дар нимароҳ на танҳо полковник Еремееви батану туш, балки майор Шербаковро ҳам хастагӣ аз по афтонд: ёнбош зад, аз ҷигар аффууф баровард ва сарпӯши дулчаи обро боз карда, ҳарисона ба лаб бурд. Дар пайравӣ ба командир, ману Михайлович низ оби андакмондаи дулчаҳоро дам кашидем. Аммо пешсафи «қофила» – Зобити дар офтоб­ҳои сағиркуши Қандаҳор обдидаро на азоби кӯҳу кутал, на ташнагӣ, на куфти роҳ суроғ накард. Пеш метохт мисли оҳубарра, ман аз ӯ як ваҷаб ақиб намемондам ва чолокии каминаро командир бо садои хаста ҳар замон, таҳсин мехонд: «Ну, молодец, Мирзо».

1.  Тезинхаш – Тезин ё Табзин низ гӯянд, ки марбут ба 50 километ­рии ҷануби Кобул буда, ҳамсоя бо вилояти Нангарҳор аст.

2.  Ҳаликуптар – чархбол (англисӣ.)

(Давом дорад)