Тарбуз. Пеш аз буридан онро бо собун шӯед

№96 (3733) 12.08.2017

pomit-arbuzИн пешниҳод ва тавсия барои сокинони Федератсияи Россия аст, на Тоҷикистон. Умури федеролии назоратӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия — «Роспотребнадзор» шаҳрвандонро таъкид намудааст, ки  тарбузҳои аз сари роҳҳо ва берун аз марказҳои тиҷоратии расмӣ харидоришударо пеш аз буридан ҳатман бо собун шуста тоза кунанд. Ҳамчунин, ба мизоҷон тавсия дода мешавад, ки пеш аз харидорӣ аз фурӯшандагон сертификат талаб намоянд. Фурӯшанда  бояд оид ба сифати маҳсулот аз хоҷагие, ки тарбуз истеҳсол мекунад, маълумотнома дошта бошад. Умуман, тибқи тартибу қоидаҳои Россия дар сари роҳу кӯчаҳо фурӯши тарбуз манъ аст.

Дар мо  чӣ? Ҳар куҷое, ки рост омад, фурӯши тарбузу харбуза ва дигар маҳсулотро ба роҳ мемонанд ва касе аз харидор ҳуҷҷат талаб намекунад. Ба болои ин, харидорон маҳсулоти худро таърифу тавсиф карда «гарантия» медиҳанд.

Аввалан, бояд шукрона кунем,  ки Ватани биҳиштосоямон макони тарбузу харбуза, помидор, пиёз ва дигар навъи маҳсулот аст. Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари дигар ҷашну маросимҳо, ҳар сол баргузории иди харбуза, тарбуз ва асал дар минтақаҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Соли ҷорӣ бошад, тарбузу харбуза аз ҳарвақта дида, фаровон асту нархи дастрас дорад. Аммо, чаро баъзан баъди истеъмоли харбузаю тарбуз ва дигар меваю сабзавот ба иллате гирифтор мешавем? Маълум мегардад, ки  қоидаҳои одии санитариро риоя намекунем. Тоҷирон аз майдонҳои кишт тарбуз ва харбузаро ба миқдори зиёд бо нархи арзон харидорӣ мекунанд ва то ба истеъмолкунанда онро мерасонанд, ки чанд маротиба аз як мошин ба мошини дигар ва аз як даст ба дасти дигар мегузарад. Дар хоҷагиҳо маълум нест, ки барои парвариши маҳсулоти мазкур меъёри истифодаи доруҳои химиявиро то кадом андоза риоя кардаанд. Баъзан тарбузу харбузаро дар ҳар куҷое, ки рост омад – кӯчаю бозор, сари роҳи пур аз мошин ё…ба фурӯш мебароранд. Дар натиҷа, микробҳои ноаён  барои ба меъдаи мову шумо роҳ ёфтан аз «сарҳадҳо бемалол» мегузаранд. Дар баробари ин, газҳои парникие, ки аз нақлиёт берун мешаванд, ҳатман ба болои меваю сабзавот мешинанд.

«Роспотребнадзор» ҳатто харидоронро таъкид месозад, ки ба фурӯшандаҳо иҷозат надиҳанд барои пухта ё нопухта будани тарбузро санҷидан, онро пай кунанд, зеро ба ҷойи буридаи тарбуз зуд микробҳо ҷой мегиранд. Аммо, дар мо баъзан ҳам харидор ва ҳам фурӯшанда хостори «чек» задани тарбуз мегарданд. Истеъмоли тарбузу харбуза низ вақти муайян дорад. Мо одатан онро баъди  таом истеъмол мекунем, то ба ҳалшавӣ мусоидат кунад. Аммо, дар китоби Ҳомидҷон Зоҳидов — «Канзи шифо» тавсия шудааст, ки: «Беҳтарин вақти тановули тарбуз мобайни ду таом аст, ки таоми аввал ҳазм шуда, аз меъда фуромада бошад. Вале агар инро ба болои таом бихӯранд, ҳазми онро вайрон мекунад. Ва ба дили наҳор хӯрдани он, хусусан ҳаво гарм ва ташнагӣ ғолиб бошад, зарар дорад»

Дар ҷумҳурии мо низ мисли Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо сохторҳои махсусе ҳастанд, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва муайян кардани сифати маҳсулот, пешгирии бемориҳо фаъолият мекунанд. Аммо аз ҷониби онҳо боре ҳам, мисли«Рос­потребнадзор»  тавсия ва ҳушдор дода нашудааст, ки масалан, дар мавсими тарбузу харбуза фурӯшандаҳо ва истеъмолкунандагон бояд  кадом тартибу қоидаро риоя кунанд. Кафолати сифати тарбузу харбузаро ба таври шифоҳӣ аз фурӯшандаҳо мегирему истеъмол менамоем.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»