Тасвири сарҳади заминҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

№51-52 (4313-4314) 20.04.2021

Замима ба Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 апрели соли 2021 № 146

Сино харита А3Хати сарҳади заминҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо чунин тартиб мегузарад:

Аз нуқтаи А то нуқтаи Б бо ҳамсарҳадии заминҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сарҳад дар масофаи умумии 11661 метр гузашта, то ба ҳамсарҳадии заминҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе омада мерасад.

Сарҳад аввал бо тарафи рости пули мошингузари ҷ.д  Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба самти Ҷанубу Шарқ дар масофаи 40 метр гузашта, ба банди оби (дамба) соҳили чапи дарёи Варзоб омада мерасад. Сипас сарҳад бо банди оби (дамба) соҳили чапи дарёи Варзоб ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 60 метр, ба самтҳои умумии Ҷанубу Шарқ ва Ҷанубу Ғарб дар масофаи 3555 метр гузашта, ба пули мошингузари н. Сино — н. И. Сомонӣ омада мерасад. Пули мошингузари номбурдаро сарҳад ба самти Ҷанубу Шарқ дар масофаи 16 метр бурида гузашта, баъд бо банди оби (дамба) соҳили чапи дарёи Варзоб ба самти Ҷанубу Шарқ дар масофаи 2642 метр гузашта, ба тарафи рости пули мошингарди кӯчаи Карамов омада мерасад. Сарҳад пули мошингарди кӯчаи Карамовро ба самти Ҷанубу Шарқ дар масофаи 34 метр бурида гузашта, ба банди оби (дамба) соҳили чапи дарёи Варзоб ба самти Ҷанубу Шарқ ва Ҷанубу Ғарб дар масофаи 1793 метр идома ёфта, ба тарафи рости хати муайянкунандаи роҳи мошингарди хиёбони Ҳ. Шерозӣ омада мерасад. Бо тарафи рости хати муайянкунандаи роҳи мошингарди хиёбони Ҳ. Шерозӣ сарҳад ба  самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 295 метр гузашта, пули мошингарди хиёбони И. Сомониро дар ҳамин самт дар масофаи 38 метр бурида, боз бо тарфаи чапи хати муайянкунандаи роҳи мошингарди хиёбони Ҳ. Шерозӣ ба  самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 293 метр идома ёфта, ба банди оби (дамбаи бетонӣ) соҳили чапи дарёи Душанбе омада мерасад. Сипас сарҳад бо банди оби (дамбаи бетонӣ) соҳили чапи дарёи Душанбе ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 1540 метр гузашта, ба пули роҳи оҳан омада мерасад. Сарҳад аз ин ҷо бо байни роҳи оҳан ба самти Ҷанубу Шарқ дар масофаи 1355 метр гузашта, ба пули роҳи оҳани андозаи бараш 12 — метраи хиёбони Саъдии Шерозиро ба самти Ҷанубу Ғарб бурида гузашта, ба ҳамсарҳадии заминҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе омада мерасад.

Аз нуқтаи Б то нуқтаи В бо ҳамсарҳадии заминҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сарҳад дар масофаи умумии 14725 метр гузашта, то ба ҳамсарҳадии заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ омада мерасад.

Сарҳад аввал кӯчаи Наврӯзро ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 32 метр бурида, сипас ба тарафи рости хиёбони С. Шерозӣ ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 898 метр (дар ҳамин самт сарҳад кӯчаи Қаҳҳоровро мебурад) гузашта, хиёбони номбурдаро ба самти Шимолу Ғарб дар масофи 28 метр бурида ба тарафи рости хати муайянкунандаи пули  мошингарди хиёбони С. Шерозӣ омада мерасад. Бо тарафи рости хати муайянкунандаи пули  мошингарди хиёбони С. Шерозӣ сарҳад ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 145 метр гузашта, ба тарафи рости роҳи  мошингарди хиёбони С. Шерозӣ омада мерасад. Сарҳад бо тарафи рости роҳи  мошингарди хиёбони зикршуда ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 1040 метр гузашта, роҳи  мошингарди хиёбони С. Шерозӣ ба самти Ҷануб дар масофаи 28 метр бурида гузашта, ба тарафи чапи хати муайянкунандаи роҳи  мошингарди кӯчаи  Р. Набиев омада мерасад. Сарҳад бо тарафи чапи хати муайянкунандаи роҳи  мошингарди кӯчаи Р. Набиев ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 1545 метр (дар ҳамин самт кӯчаҳои Мушфиқӣ ва К. Сеткинро мебурад) гузашта, ба тарафи чапи хати муайянкунандаи роҳи  мошингарди кӯчаи Шестопалов  омада мерасад. Бо тарафи чапи хати муайянкунандаи роҳи  мошингарди кӯчаи Шестопалов сарҳад ба самти Шарқ дар масофаи 440 метр гузашта, роҳи  мошингарди кӯчаи номбурдаро ба самти Ҷануб дар масофаи 18 метр бурида гузашта, ба тарафи рости роҳи мошингарди кӯчаи Яккачинор омада мерасад. Баъд аз он сарҳад бо тарафи рости хати муайянкунандаи роҳи  мошингарди кӯчаи Яккачинор ба самти умумии Ҷанубу Ғарб дар масофаи 585 метр (дар ҳамин самт сарҳад кӯчаҳои Яккачинорро мебурад) гузашта, сипас кӯчаи Абайро ба самти Ҷануб дар масофаи 24 метр бурида гузашта, ба тарафи рости хати муайянкунандаи роҳи мошингарди кӯчаи Борбад омада мерасад. Сарҳад бо тарафи рости хати муайянкунандаи роҳи мошингарди кӯчаи Борбад ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 1540 метр (дар ҳамин масофа сарҳад кӯчаҳои Чортут, Борбад ва Хуҷандиро мебурад) гузашта, ба чорроҳаи хиёбони Ҷомӣ ва кӯчаи Борбад омада мерасад. Сарҳад дар ин ҷо чорроҳаи хиёбони Ҷомӣ ва кӯчаи Борбадро аввал ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 100 метр, ба самти Ҷанубу Шарқ дар масофаи 22 метр ва ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 55 метр бурида гузашта, ба тарафи чапи хати муайянкунандаи роҳи мошингарди кӯчаи Борбад омада мерасад. Сипас сарҳад бо тарафи чапи хати муайянкунандаи роҳи мошингарди кӯчаи Борбад ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 660 метр ва ба самти Ҷанубу Шарқ дар масофаи 62 метр гузашта, ба кӯчаи Фирдавсӣ омада мерасад. Сарҳад кӯчаи Фирдавсиро ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 48 метр бурида гузашта, бо тарафи чапи хати муайянкунандаи роҳи мошингарди кӯчаи Борбад ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 977 метр (дар ҳамин самт сарҳад кӯчаи Фирдавсиро мебурад) гузашта, ба чорроҳаи, кӯчаи Борбад ва кӯчаи Гипрозем омада мерасад. Сарҳад дар ин ҷо чорроҳаи кӯчаи Борбад ва кӯчаи Гипроземро аввал ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 34 метр, ба самти Ҷанубу Шарқ дар масофаи 53 метр бурида гузашта ба тарафи рости хати муайянкунандаи роҳи мошингарди кӯчаи Сомон омада мерасад. Бо тарафи рости роҳи мошингард кӯчаи Сомон сарҳад ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 1935 метр гузашта, ба роҳи мошингарди кӯчаи Чимтеппа омада мерасад.Сарҳад бо тарафи рости роҳи мошингарди кӯчаи Чимтеппа, ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 897 метр гузашта, бо ҳамин роҳи мошингарди кӯчаи Чимтеппа ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 216 метр, ба самти Шимолу Шарқ  дар масофаи 50,0 метр, ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 98 метр, ба самти Шимолу Шарқ  дар масофаи 134 метр гузашта, кӯчаро ба самти Ҷанубу Ғарб, дар масофаи 10 метр бурида, бо тарафи чапи кӯчаи маҳали аҳолинишини деҳаи Обчакорон ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 390 метр гузашта, ба заҳбур омада мерасад. Бо тарафи чапи хати муайянкунадаи заҳбур (роҳи мошингард) сарҳад ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 550 метр гузашта, пули мошингузар омада мерасад. Бо тарафи чапи пули мошингузар сарҳад ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 10 метр гузашта, сипас бо байни заҳбур   ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 150 метр гузашта, заҳбурро ба самти Ғарб дар масофаи 15 метр бурида, ба тарафи рости  заҳбур гузашта, ба кӯча омада мерасад. Ба тарафи рости кӯча сарҳад  ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 198 метр гузашта, ба девори маҳали аҳолинишин омада мерасад. Сарҳад бо девори маҳали аҳолинишин аввал ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 50 метр баъд ба самти Шимолу Шарқ дар масофаи 23 метр гузашта, ба заҳбур омада мерасад. Сипас сарҳад бо байни заҳбур ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 72 метр ва баъд ба самти  Ҷанубу Ғарб дар масофаи 655 метр гузашта, ба девори маҳали аҳолинишини деҳаи Шайнак омада мерасад. Сарҳад бо девори маҳали аҳолинишини номбурда ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 354 метр, ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 7 метр, ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 10 метр,  ба самти Ҷануб дар масофаи 7 метр, ва ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 20 метр  гузашта, ба заҳбури андозаи бараш 12 — метра омада мерасад. Бо байни заҳбури андозаи бараш 12 — метра сарҳад ба самти Ҷанубу Шарқ дар масофаи 130 метр гузашта, ба ҷӯйбори андозаи бараш 6 — метра омада мерасад. Сарҳад бо байни ҷӯйбори андозаи бараш 6 — метра ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 410 метр гузашта, ба роҳи мошингарди дохили ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ ба ҳамсарҳадии заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ омада мерасад.

Аз нуқтаи В то нуқтаи Г бо ҳамсарҳадии заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ сарҳад дар масофаи умумии 23613 метр гузашта, то ба ҳамсарҳадии заминҳои ноҳияи Варзоб омада мерасад.

Сарҳад аввал бо тарафи чапи хати муайянкунандаи роҳи мошингарди андозаи бараш 12 — метраи дохили ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ  ба самти Ҷанубу Шарқ дар масофаи 124 метр, ба самти Шимол дар масофаи 245 метр, ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 108 метр ва ба самти Шимолу Шарқ дар масофаи 1658 метр гузашта, ба чорроҳаи роҳи мошингарди Душанбе-Ҳисор омада мерасад. Сарҳад чорроҳаи мошингарди номбурдаро ба самти Шимол дар масофаи 10 метр бурида гузашта, сипас бо тарафи чапи роҳи автомобилгарди андозаи бараш 10 — метраи дохили хоҷагии ҷамоати деҳоти Навобод ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 1100 метр ва  ба самти Шимолу Шарқ дар масофаи 1934 метр гузашта, ба чорроҳаи роҳи мошингарди Душанбе — Ҳисор омада мерасад. Сарҳад чорроҳаи мошингарди номбурдаро ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 14 метр бурида гузашта, бо тарафи чапи роҳи автомобилгарди дохили хоҷагии ҷамоати деҳоти Чортеппа ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 1780 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 171 омада мерасад.

Нуқтаи сарҳадии 171 дар координатаҳои геодезии Х-68° 41′ 53,658″, У-38° 33′ 13,245″ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 171 ба самти Шимолу Ғарб бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 76.0 метр (дар ҳамин самт сарҳад роҳи оҳани андозаи бараш 28 — метраи ш. Турсунзода — ш. Душанберо бурида) гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 172 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 172 дар координатаҳои геодезии Х-68°41’52,58″, У-38°33’15,546″ ҷойгир мебошад.

Сипас сарҳад аз нуқтаи сарҳадии 172 бо тарафи чапи роҳи мошингарди андозаи бараш 10 — метра ба самтҳои Шимолу Ғарб ва Шимолу Шарқ дар масофаи 1340 метр гузашта, ба канали Калони Ҳисор омада мерасад. Сарҳад канали Калони Ҳисорро ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 50 метр бурида мегузарад. Баъд аз он сарҳад бо тарафи чапи роҳи автомобилгарди андозаи бараш 10 метраи дохили хоҷагии ҷамоати деҳоти Чоряккорон ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 1584 метр гузашта, ба роҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода омада мерасад. Пас аз он сарҳад аз тарафи чапи хати муайякунандаи роҳи автомобилгарди андозаи бараш 30 метраи Душанбе -Турсунзода ба самти Ҷанубу Ғарб дар масофаи 288 метр гузашта, роҳи автомобилгарди номбурдаро ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 30 метр бурида, ба роҳи оҳани андозаи бараш 28 — метраи шаҳри Душанбе — заводи сементбарорӣ омада мерасад. Сипас сарҳад ба тарафи чапи хати муайякунандаи роҳи оҳани номбурда ба самти умумии Шимолу Шарқ дар масофаи 3430 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 173 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 173 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 43′ 21,280″, У- 38° 35′ 30,897″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 173 ба самти Шимолу Ғарб бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 65.0 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 174 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 174 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 43′ 20,788″, У- 38° 35′ 33,003″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 174 ба самти Шимолу Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 411.0 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 175 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 175 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 43′ 37,038″, У- 38° 35′ 37,217″ ҷойгир мебошад.

Сипас сарҳад аз нуқтаи сарҳадии 175 бо байни сойи андозаи бараш 2 — метра ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 160 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 176 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 176 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 43′ 33,450″, У- 38° 35′ 41,615″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 176 ба самти Шимолу Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 645.0 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 177 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 177 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 43′ 59,146″, У- 38° 35′ 46,560″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 177 ба самти Шимолу Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 445.0 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 178 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 178 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 44′ 16,921″, У- 38° 35′ 50,280″  ҷойгир мебошад.

Баъд сарҳад аз нуқтаи сарҳадии 178 ба самти Шимолу Шарқ бо байни ҷӯйбори андозаи бараш 2 — метра дар масофаи 45 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 179 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 179 дар координатаҳои геодезии   Х- 68° 44′ 18,425″, У- 38° 35′ 50,894″ ҷойгир  мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 179 ба самти  Ҷанубу Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 395.0 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 180 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 180 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 44′ 34,502″, У- 38° 35′ 49,937″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 180 ба самти Шимолу Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 655.0 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 181 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 181 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 44′ 58,397″, У- 38° 35′ 59,224″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 181 ба самти Ҷанубу Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 188.0 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 182 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 182 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 45′ 6,444″, У- 38° 35′ 58,841″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 182 ба самти Шимолу Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 269.0 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 183 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 183 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 45′ 15,408″, У- 38° 36′ 4,006″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 183 ба самти Шимолу Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 140.0 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 184 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 184 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 45′ 15,540″, У- 38° 36′ 8,644″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 184 ба самти Шимолу Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 405.0 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 185 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 185 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 45′ 29,523″, У- 38° 36′ 15,990″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 185 ба самти  Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 133.0 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 186 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 186 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 45′ 35,103″, У- 38° 36′ 15,907″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 186 ба самти Шимолу Ғарб бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 45.0 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 187 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 187 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 45′ 33,997″, У- 38° 36′ 17,239″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 187 ба самти Шимолу Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 150.0 метр (дарёи Лучобро бурида) гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 188 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 188 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 45′ 38,829″, У- 38° 36′ 20,290″ ҷойгир мебошад.

Сипас сарҳад аз нуқтаи сарҳадии 188 бо байни банди оби соҳили чапи дарёи Лучоб андозаи бараш 10 — метра ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 1675 метр, аз ин ҷо бо тарафи чапи маҷрои дарёи Лучоб ба самти Шимолу Ғарб дар маофаи 1710 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 189 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 189 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 44′ 23,113″, У- 38° 37′ 46,261″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 189 ба самти Шимолу Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 166.0 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 190 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 190 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 44′ 27,966″, У- 38° 37′ 50,116″ ҷойгир мебошад.

Сипас сарҳад аз нуқтаи сарҳадии 190 бо ҷарӣ бо гардишҳои зиёди ноҳамвордошта ба самти умумии Ҷанубу Шарқ дар масофаи 1460 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 191 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 191 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 45′ 6,719″, У- 38° 37′ 20,968″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 191 ба самти Шимолу Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 680.0 метр гузашта, ба нуқтаи аввалаи таҳқиқоти саҳроии гузариши хати сарҳади шаҳри Душанбе сарбаста мешавад.

Аз нуқтаи Г то нуқтаи А бо ҳамсарҳадии заминҳои ноҳияи Варзоб сарҳад дар масофаи умумии 4165 метр гузашта, ба нуқтаи аввала, ки  гузариши хати сарҳади заминҳои ноҳияро сарбаста менамояд, омада мерасад.

Нуқтаи сарҳадии 1 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 45′ 33,277″, У- 38° 37′ 28,223″ ҷойгир  мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 1 ба самти Шимолу Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 192.0 метр гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 2 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 2 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 45′ 40,937″ У- 38° 37′ 30,839″ ҷойгир мебошад.

Нуқтаи сарҳадии 2 ба самти Шимолу Шарқ бо хати рости мутлақи ҷудокунанда дар масофаи 70.0 метр (дар ҳамин самт сарҳад роҳи мошингарди ш. Душанбе — ҷ.д Чорбоғро дар масофаи 22 метр бурида) гузашта, ба нуқтаи сарҳадии 3 пайваст мешавад.

Нуқтаи сарҳадии 3 дар координатаҳои геодезии Х- 68° 45′ 43,770″, У- 38° 37′ 31,306″ ҷойгир мебошад.

Сипас сарҳад аз нуқтаи сарҳадии 3 бо тарафи рости хати муайянкунандаи роҳи мошингарди шаҳри Душанбе-ҷамоати деҳоти Чорбоғи н. Варзоб ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 488 метр гузашта, то ҷудошавии кӯчаи маҳали аҳолинишини деҳаи Чағатай омада мерасад. Сарҳад бо тарафи рости кӯчаи номбурда ба самти Шимолу Шарқ дар масофаи 210 метр, ба самти Шимол дар масофаи 110 метр ва ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 170 метр гузашта, ба девори маҳали аҳолинишини деҳаи Чағатай омада мерасад. Сарҳад бо девор маҳали аҳолинишини деҳаи Чағатай ба самти Шимолу Шарқ дар масофаи 180 метр гузашта, ба кӯча омада мерасад. Бо тарафи рости кӯча сарҳад ба самти Шимолу Шарқ дар масофаи 60 метр, ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 125 метр, ба самти Шимолу Шарқ дар масофаи 75 метр ва ба самти Шимол дар масофаи 70 метр гузашта, ба девори маҳали аҳолинишини деҳаи Чағатай омада мерасад. Сарҳад бо девори маҳали аҳолинишини деҳаи Чағатай ба самти Шимолу Ғарб дар масофаи 350 метр гузашта, ба соҳили рости дарёи Варзоб омада мерасад. Сарҳад бо тарафи рости дарёи Варзоб ба самти умумии Шимолу Шарқ дар масофаи 2065 метр гузашта, ба пули мошингузари ҷамоати деҳоти Чорбоғ ба нуқтаи аввала, ки  гузариши хати сарҳади заминҳои ноҳияро сарбаста менамояд, омада мерасад.

Дар маҷмӯъ хати сарҳади заминҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар масофаи умумии 54766 метр мегузарад