Татбиқи лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

№48 (3685) 04.05.2017

Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон» ҷамъомад доир гардид.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳолгер Грин иброз дошт, ки лоиҳа дар доираи барномаи «Ташаббуси Аврупо дар масоили демократия  ва ҳуқуқи инсон» аз ҷониби Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои мардумии Олмон (DVV international) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ду ташкилоти ҷамъиятӣ — «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» ва «Ҷаҳон» татбиқ мегардад. Он дар ду сол бояд тат­биқ шавад, ба ҳифзи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда, алалхусус  барои амалишавии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онҳо дар Тоҷикистон равона гардидааст.

Намояндаи Ширкати DVV international Текла Келберт илова намуд, ки 75 фоизи  лоиҳа аз тарафи Иттиҳоди Аврупо  ва 25 фоизи он  аз ҷониби Вазорати Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд маблағгузорӣ мешавад.

Лоиҳа 450 нафар маҳкумшударо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳрҳои Норак ва Ёвон, зиёда аз 800 нафар шахси аз маҳбас озодшударо  дар даҳ шаҳру ноҳияи Тоҷикистон, аз ҷумла, Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Восеъ, Деваштич ва Ҷайҳун фаро мегирад.

Мақсади асосии лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон васеъ намудани дастрасӣ ва имкониятҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии маҳкумшудагон дар шаҳрҳои Норак ва Ёвон, расонидани  ёрии ҳуқуқӣ бо роҳи машварат ба шахсони аз маҳбас озодшуда мебошад.

Ҳамчунин, дар лоиҳа таҳкими табодули иттилоотӣ, беҳтар намудани ҳамкории байни ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ, марказҳои ҳуқуқӣ, шуғли аҳолӣ ва марказҳои таълимии калонсолон пешбинӣ шудааст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»