Татбиқи сиёсати хориҷӣ дар шароити нави байналмилалӣ

№ 07.12.2018

Чоруми декабри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъала ва дурнамои татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави байналмилалӣ» доир гардид.

Директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки аз 27 январи соли 2015 Консепсияи  нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо фармони Президенти мамлакат қабул гардид ва дар он таъкид шудааст, ки вазифаи асосӣ  ва муҳимтарин сиёсати хориҷии кишвар таҳким бахшидани муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Сипас, декани факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода доир ба «Моҳият, зарурат ва дурнамои сиёсати «дарҳои кушода»-и Тоҷикистон» маърӯза намуд. Номбурда зикр кард, ки сиёсати хориҷӣ ин самти фаъолияти маҷмӯии кишвар дар умури байналхалқӣ ва ҳамчунин,  ҳамкорӣ бо мамолики дигар бо дарназардошти манфиати кишвари худ ба шумор меравад.

- Мақсад аз пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъмини манфиатҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони худ дар хориҷи кишвар ва муаррифии давлат дар саҳнаи байналмилалӣ мебошад. Бояд гуфт, ки то эълони расмии сиёсати «дарҳои кушода» то 31 декабри соли 2002 сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи мураккаби ташаккулро сипарӣ намудааст. Ин марҳила аз оғози истиқлолият шурӯъ гардид ва бинобар паси сар намудани  давраи гузариш аз як сохт ба сохти дигар, кандашавии алоқаҳои устувори иқтисодӣ, буҳрони шадиди молиявӣ ва ниҳоят, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, бо душворӣ рушд менамуд,  — изҳор дошт ӯ ва афзуд, ки вақт исбот намуд, ки пайгирӣ аз сиёсати «дарҳои кушода» дар сиёсати хориҷӣ самти ягона ва дурусти пешбурди муносибат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити мураккаби тағйироти бунёдӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.

Дар конфронс, ҳамчунин, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллои Раҳнамо, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирбобоев ва дигар коршиносон вобаста ба мавзӯъ маърӯза намуданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»