Таваҷҷуҳи журналистон ба махсусиятҳои муборизаҳои геополитикӣ

№ 01.12.2016

Дар шароите, ки давлатҳои абарқудрат барои манифатҳои сиёсиву иқтисодиашон миёни ҳам рақобатҳои шадид доранд, нақши воситаҳои ахбори омма (ВАО) ҳамчун дастгоҳи бузурги таблиғотӣ бориз буда, замонавитарин силоҳ нақши онро иҷро карда наметавонад. Дар конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявие, ки зери унвони «Фаъолияти ВАО дар пасманзари муборизаҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ» чанде пеш дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ин мавзӯъҳо баррасӣ шуданд. Конференсияро декани факултети журналистика Саъдӣ Маҳдӣ оғоз намуда, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ Б.Қутбиддинов дар мавзӯи «Фазои иттилоотӣ: таърих, имрӯз ва унсурҳои фарогири он», раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода дар мавзуи «Фаъолияти ВАО дар партави манфиатҳои геополитикӣ», сармуҳаррири нашрияи «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов дар мавзӯи «Геополитика дар шинохти ВАО ва мавқеъгириҳо дар сиёсатҳои таҳмилии геополитикӣ» ва муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Моҳира Сангмаҳмадова дар мавзӯи «Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва нақши он дар ташаккули фазои иттилоотии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»