ТЭТ ҲНИ ва хатари он ба идеологияи миллӣ

№109 (3903) 06.09.2018

IMG_7600Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳдиду хатарҳои ТЭТ ҲНИ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он намояндагони 20 кишвари хориҷӣ, роҳбарон ва муовинони сохторҳои қудратӣ, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва ВАО ширкат доштанд.

Дар оғоз филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам», ки дар асоси хотираҳои яке аз муассисони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати ислом Аёмуддин Сатторов таҳия шудааст, пешниҳод гардид.

Мақсади асосии чорабинӣ ифшо намудани дурӯғҳои роҳбарони ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиашон буд, ки фаъолияти экстремистию террористиро дар Тоҷикистон бар зидди мардум равона кардаанд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикис­тон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар мавзӯи «Аҳдофи душманона ва ғояҳои ифротгароёнаи ТЭТ ҲНИ дар замони муосир» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки: «Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба иқрори масъулини ин ҳизби мамнӯъ, наҳзатиён мақсади сари ҳокимият омадан ва таъсиси кишвари сирф диниро доштанд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот боис гардиду ниқоб аз чеҳраи аслии аъзои он бардошта шуд. Охирин талоши наҳзатиён барои сари қудрат омадан табаддулоти соли 2015 бо сарварии Абдуҳалим Назарзода, бо тахаллуси «Ҳоҷӣ Ҳалим» буд, ки шикаст хӯрд. Ба таври дигар гӯем, сенарияи баъзе аз кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон дар амал татбиқ нагардид. Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро ба сиёсат омехтан маънии миёни ҷомеаи мусалмонӣ ихтилоф ангехтанро дорад. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки рахна ба таҳкурсии бақои давлату миллат мезанад».

Собиқ муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбек Бекназаров оид ба мавзӯи «ТЭТ ҲНИ ва хатарҳои он ба идеологияи миллӣ» сухан ронда, ибрози  андеша намуд, ки: «Кабириву сарпарастонаш мехостанд тафаккури мазҳабии мардумро дигаргун созанд. Идеологияи асосии хоҷагони ТЭТ ҲНИ дар он ифода меёбад, ки инқилоби исломиро дар кишварҳои мусалмонӣ тадриҷан, зина ба зина тарҳрезӣ кунанд ва гус­тариш диҳанд. Аз ин лиҳоз, дар бархе аз кишварҳо, аз қабили Ироқ ва Сурия, шуъбаҳои «Ҳизбуллоҳ» таъсис дода шудааст. Дар Тоҷикис­тон  вазифаи ин шуъбаро Ҳизби наҳзат иҷро мекард. Яъне, ба ном Ҳизби наҳзат буд, аммо моҳиятан шуъбаи «Ҳизбуллоҳ» маҳсуб мешуд ва фаъолияти идеологӣ-сиёсии онро  пеш мебурд. Фаъолияти онҳо то кунун пинҳонкорона дар Тоҷикистон ва Аврупо давом дорад».

Шарофат  АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»