Терроризм ва чанд усули бартараф кардани он

№140 (4090) 21.11.2019

Ҳарчанд инсоният ба дастовардҳои беназир, рушди босуръати технология ноил гаштааст, вале ҳанӯз тафаккури харобиовар ва шуури зараррасонӣ аз ниҳодаш барнарафта, балки бамаротиб даҳшатноктар аз қабл гаштааст.

Зуҳуроти аз ҳама ташвишовар ва нанговари замон терроризм ва экстремизм ба шумор меравад, ки мутаассифона, тамоми ҷомеаро фаро гирифта, монанди гиёҳи заҳрпечак ба вуҷуди инсонҳо печидааст  ва аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир аст, ки ба муқобили башарият равона шудааст. Он ба сар задани оқибатҳои нохуш, ба монанди таҳдиду зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин ба инсонҳо, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии давлатҳо, ғасби ҳокимият, барангехтани адовати миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ боис мегардад.

Ончунон ки ҳар як зуҳурот ё ҳаракат заминаи пайдоиш дорад, терроризм низ омилҳои тавлидро соҳиб аст. Шакли ибтидоии пайдоиши он ифротгаройӣ ё тундгаройӣ аст. Ифротгаройӣ маънои хостани чизе бо тундӣ, ба ҳадди ифрот саъй кардан барои чизеро дорад. Агар ин масъала пешгирӣ карда шавад ва «дард»- и ифротгаройӣ «даво» гардад, бовар аст, ки терроризм ва хавфи он дар ҷомеа камтар мешавад. Хислати мухолифи ифротгаройӣ ин таҳаммулпазирист. Ҳар қадар ки ифротгаройӣ бештар шуд, таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа камтар мешавад. Аммо барои инсоният ҳолати баръакс, яъне, таҳаммулпазирии бештар, аз манфиат  холӣ нест.

Зимнан, мушоҳидаву таҳлили вазъи ҷомеа нишон медиҳад, ки идеологияи ифротгаройӣ ба сифати ҳодисаи сиёсӣ дар ду ҳолат ба миён меоянд. Якум, вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ ривоҷ мегирад ва гурӯҳи муайяне аз афрод мақсад мегузоранд, ки ба муқобили он мубориза баранд. Ҳолати дуюм, дар мубориза барои ҳокимият зуҳур мекунад.

Илова бар ин, барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ, ки аксар махфӣ фаъолият мебаранд, ба тори нозуки эътиқоди мардум нохун мезананд. Зеро медонанд, ки масъалаи имон масъалаи ҳассос аст ва аз тариқи он мардумро фирефта ва ба бозӣ андохтан мумкин мебошад. Бинобар ин, сокинони кишварҳои гуногуни дунёро бовар мекунонанд, ки сиёсати давлатдории кишварашон бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Яъне, дини мубини исломро барои ноил шудан ба хостаҳояшон истифода мебаранд.

Мутаассифона, баъзан ҳолат найрангҳои ифротгароён ва ё тоҷирони дин натиҷа ҳам медиҳад, чунки бештар барои татбиқи ғояҳояшон насли ҷавон ва корноозмудагонро ҷалб мекунанд. Медонанд, ки ҷаҳонбиниву фаҳмиши ҷавонон нав шакл гирифта истодааст ва ҳар масъалаеро, ки ба онҳо талқин кунед, эҳтимоли пайравӣ ва бовар карданашон бештар аст. Масъалаи ҳушёрии сиёсӣ ва лаёқати таҳлил кардану муқоиса намудан ва ё кӯр-кӯрона пайравӣ накардан ба ақидаи ҳар кас маҳз барои ҳамин таъкид шудааст, ки ҷавонон бепарво набошанд. Аммо, афсӯс, ки ҷавонон ин таъкидҳоро чандон ҷиддӣ қабул намекунанд.

Пӯшида нест, ки шароити пасти зиндагӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносии миллӣ надоштан, костагӣ дар таълиму тарбияи насли наврас, алалхусус, ҷавонон, ба пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ замина мегузорад. Бинобар ин, ҳар як фарди соҳибмаърифати ҷомеа, бахусус, падару модаронро мебояд, ки масъулияти тарбияи фарзандонро ҷиддитар эҳсос кунанд, зеро диққати ҷиддӣ додан ба тарбияи насли наврас омили асосии мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби терроризм ва ифротгаройист.

Албатта, ба якборагӣ аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб кори сода нест, вале омилҳоеро, ки барои ба вуҷуд омадани терроризму экстремизм замина фароҳам овардаанд, дар алоҳидагӣ бартараф кардан мумкин аст. Дар ин роҳ қадами аввал ҳар чӣ бештар саводноку бомаърифат намудани ҷавонон, сипас, таъмини ҳар як ҷавони бомаърифат ва соҳибтахассус бо ҷойи кор мебошад. Зеро собит шудааст, ки мушкили қисмате аз шомилшудагон ба сафи ҳаракатҳои экстремистӣ маҳз муҳтоҷиву дастнигарӣ аст.

Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Бинобар ин, барои ҳар чӣ бадтар нашудани ҳолат ва ҳар чӣ бештар доман паҳн накардани ин зуҳуроти номатлуби замон бояд беист мубориза барем. Ҳар як қишри ҷомеа бояд худро дар ин кор масъул шуморад.  Роҳи дигар нест.

Шабнам МУМИНОВА,

омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 92-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе