Тимофей Балико: «Тоҷикистон яке аз кишварҳои беҳтарини сайёра аст!»

№109 (3903) 06.09.2018

Novyj-risunok-6Муаллими таърих, сайёҳ, муҳаққиқ, нависанда ва суратгир аз Россия Тимофей Балико августи соли 2018 ба Тоҷикистон сафар намуда, аз тамошои манзараҳои дилфиреби он ба ваҷд меояд ва пас аз бозгашт ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ ­Раҳмон нома менависад. Онро, ки дар шабакаи ҷаҳонии Фейсбук ва сомонаи «Маркази Лек Гумилёв» ҷой дода шудааст, ­бознашр мекунем.

«Салом, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!

Ба ман, муаллими таърих, ҷомеашиносӣ ва кишваршиносии мактаби миёнаи № 16-и ноҳияи Шелковскийи вилояти Москваи Федератсияи Россия, моҳи августи соли 2018 муяссар гардид, ки бо мақсади тадқиқоти этнографӣ ба кишвари дилфиреби Шумо сафар дошта бошам ва ҳоло мехоҳам ба Шумо барои меҳрубонӣ ва меҳмоннавозии мардуми одии тоҷик, меҳнаткашони Тоҷикистон самимона изҳори сипос намоям. Тайи даҳ соли охир банда бо мақсадҳои тадқиқотӣ ба минтақаҳои гуногуни сайёра – Чин, Ҳиндустон, Мексика, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо, Исроил, Фаластин, Эрон ва дигар кишварҳо сафар кардаам. Ба ақидаи ман, Тоҷикис­тон, бешубҳа, кишвари аз ҳама дӯсту қарин барои сайёҳон мебошад. Оид ба хайрхоҳӣ ва меҳрубоние, ки нисбат ба ман зоҳир карда шуд, мисолҳои зиёде овардан мумкин аст. Одамони ношинос дар Душанбе вақте фаҳмиданд, ки ман аз Россия омадаам, борҳо аз кору бор ва хатсайрҳои худ раҳо шуда, маро гирд мегирифтанд ва нисбат ба Россия барои дӯстии дерина дар ҳолатҳои душвор ва мушкил изҳори сипос менамуданд. Тоҷикон мудом кӯшиш менамуданд, ки маро бо таомҳои миллӣ меҳмондорӣ кунанд ва меҳрубонию омодагии кумак зоҳир менамуданд.

Муносибати аз ҳама хайрхоҳонаву саховатмандона нисбат ба сайёҳон ин аст, ки мардуми Тоҷикистон, тоҷирон дар маҷмӯъ, ба меҳмонон мол ва хизматрасониро бо нархҳои дучанд ё сечанд, ки ин дар бисёр кишварҳои дунё қабул шудааст, пешкаш намекунанд. Ин гуна муносибатро ҳадди ақал дар Эрон метавон мушоҳида кард. Чунин муносибат нисбат ба меҳмонон эҳсоси бовариро нисбат ба кишвар ва мардуми он ба вуҷуд меорад. Ман дар Тоҷикистон қисме аз роҳро бепул бо мошинҳои роҳгузар тай намуда, бори дигар аз меҳрубонии аҳолӣ ба ҳайрат афтодам. Ронандагон омода буданд, ки самти роҳи худро тағйир дода, маро ба нуқтаҳои дурдасти Тоҷикистон бубаранд, то ки зебоии кӯҳҳо ва кӯлҳои баландро нишон диҳанд. Ин ҳолатҳо бисёр гуворо буд.

Шубҳа надорам, ки ин ҳама аз доштани таърихи қадимаву бой ва пайравӣ ба анъанаҳост, ки мардуми Тоҷикистон дар кишвари Шумо тавонистанд ҳифз кунанд. Россия дар ин маврид бояд аз Тоҷикистон ибрат бигирад.

Дар осорхонаҳо ва аз шаҳрвандони одӣ банда барои худ ба таври муфассал доир ба таърихи қадимаи тоисломии Тоҷикистон, давлатдории суғдиён ва даврони шӯравӣ маълумот гирифтам.

Бо мақсади таҳкими дӯс­тии халқҳо ман аллакай ба вазири маорифи Федератсияи Россия О. Ю. Василева бо пешниҳоди омӯхтани имконияти афзоиши шумораи соатҳои дарсӣ дар барномаҳои таълимии макотиби Россия барои омӯзиши таърихи Тоҷикистон, чун дигар ҳамсоякишварҳои тамаддуни АвруОсиё, нома ирсол доштам. Бо рӯҳбаландии беандоза ба рушди лоиҳаҳои гуманитарӣ миёни Россия ва Тоҷикистон, ки дар доираи онҳо муаллимон аз Россия дар Тоҷикистон рафта, фаъолият мекунанд, менигарам. Хушҳолам, ки фаъолияти ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ ба ҳамкории наздики давлатҳоямон мусоидат мекунад.

Ташаккури зиёд ва самимона ба Шумо барои яке аз кишварҳои беҳтарини сайёра – Тоҷикистон»!

АМИТ «Ховар»