То бозиҳои «Ашхобод-2017» 100 рӯз монд

№71 (3708) 15.06.2017

ЛОготиипЧанде пеш Сафорати Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор намуд, ки дар он оид ба рафти аккредитатсияи намояндагони воситаҳои ахбори омма барои иштирок дар Бозиҳои панҷуми осиёӣ маълумот дода шуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чорӣ Атаев изҳор дошт, ки то оғози бозиҳои «Ашхобод — 2017» 100 рӯз боқӣ монда, рӯзноманигорон метавонанд аз тариқи почтаи электронии media.accreditation@ashgabat2017.com аккредитатсия шаванд. Аккредитатсияи намояндагони ВАО 30 май шурӯъ шуда, муҳлати ниҳоии он 12 июли соли 2017 мебошад. Корти аккредитатсияи Бозиҳои «Ашхобод — 2017» ба соҳиби он имкон медиҳад, ки аз 18 август то 12 октябри соли 2017 дар ин чорабинӣ иштирок намояд.

Ҷумҳурии Туркманистон барои гузаронидани ин чорабинии сатҳи баланд бо харҷи 5 миллиард доллари ИМА дар масоҳати 171 гектар шаҳраки олимпӣ бунёд намудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»