Аз фаъолияти парлумонҳои ҷаҳон

22 ҳизб барои курсиҳои думаи давлатӣ мубориза мебаранд

№90 - 91 (3571 - 3572) 19.07.2016

госдума1Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Федератсияи Россия ба қабули ҳуҷҷатҳои аҳзоби сиёсӣ, ки рӯйхати номзадҳояшонро ба интихоботи моҳи сентябри Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, хотима бахшид.

Аз 24 ҳизби сиёсии Россия 22-тои он барои иштирок дар интихобот ҳуҷҷат супоридаанд. Ҳизби ислоҳоти иҷтимоии Россия баъди муайян шудани баъзе аз норасоиҳо аз идомаи рақобат барои дарёфти курсӣ дар палатаи поёнии парлумони ин кишвар даст кашидааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Аз 21 ҳизб 14 — тоаш метавонанд бе ҷамъоварии имзои раъйдиҳандагон ба ҷонибдории худ дар интихобот иштирок намоянд. Баъзеи ин ҳизбҳо, аз ҷумла «ҲЛДР, «Россияи боадолат», Ҳизби коммунист ва Ҳизби «Россияи воҳид» дар парлумони амалкунанда намоянда дошта, баъзеи дигар, аз қабили Ҳизби «Яблоко», Ҳизби «ПАРНАС» ва Ҳизби «Партия роста» ғайрипарлумонианд.

Бар асоси қонунгузории Россия, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар бояд баъди ҳафт рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо рӯйхати номзадҳои аҳзоби сиёсиро тасдиқ кунад.

Ба фарқ аз интихоботи солҳои пешин, ин бор Думаи давлатии Россия қисман аз ҳисоби рӯйхати ҳизбию ҳавзаҳои якмандатӣ ташкил хоҳад шуд.

Таҳия аз Интернет