Афғонистон кай ором мегардад?

№15 (3652) 14.02.2017

1391448329_338 сол аст, ки мардуми Афғонистон ҷангзадаанду чӣ будани тинҷӣ, хотирҷамъӣ ва фароғати инсониро намедонанд.

Бисту ҳафтуми декабри соли 1979 Иттиҳоди Шӯравӣ ба хотири дифоъ аз манфиатҳои сиёсии хеш бо даъвати сарони ҳамонвақтаи Афғонистон сарбозони низомии хешро ба хоки ин давлат дохил намуд. Дар тӯли 10 сол ин ҷанги бемаънӣ ҳазорон сарбози навхат, аз ҷумла, садҳо ҷавонписари тоҷик, баҳри иҷрои қарзи байналмилалӣ ҷон нисор карданд. Чандин ҳазори дигар маъюбу маҷрӯҳ ба Ватан баргаштанд.

- Мо — дастпарварони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон пас аз хатми факултети шарқшиносӣ дар Академияи ҳарбӣ-саҳроии ба номи маршал Шапошникови шаҳри Маскав ҳамчун тарҷумони низомӣ адои вазифа мекардем, — ба хотир меорад яке аз иштирокдорони муҳорибаҳо дар Афғонистон, сармутахассиси шуъбаи таъминоти нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Истаравшан Абдуҳаким Воҳидов.

- Соли 1979 моро ба ин давлат фиристоданд. Вазифаи мо дар баробари ҳимояи сарҳад, таъмини амнияти шоҳроҳи Ҳирот-Қандаҳор -Кобул низ буд.

- Ҳамин тариқ, ман бо як идда дӯстони донишгоҳиам, аз ҷумла, Абдуманон Ҳусейнов (аз шаҳри Истаравшан), Ҷамолидин Шамсидинов ва Муҳаммадамин Ҷӯраев (аз шаҳри Исфара), дар либоси низомии афғонӣ ҳанӯз нуҳ моҳ қабл аз ворид шудани қитъаоти маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ дар муҳорибаҳо иштирок мекардем, — гуфт Абдуҳаким Воҳидов.

Аз Афғонистон хотироти зиёди мағшуш дорам. Ягон гурӯҳ барои ҳимояи Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои мардумаш намеҷангид. Ҳама манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ, мақсадҳои сиёҳу нопоки худро доштанд. Барои тақвияти сухан як ҳодисаро қисса мекунам, — афзуд Абдуҳаким Воҳидов.

- Дар баробари Иттиҳоди Шӯравӣ, дигар мамолики сотсиалистӣ низ ба Афғонистон кумак мерасониданд. Аз ҷумла, Булғористон сарбозони афғонро бо хӯрока, аз ҷумла консерваҳо таъмин менамуд. Моҳи феврали соли 1980 аз қисми пулиси шаҳри Калот хабар доданд, ки як мошини боркаши хориҷӣ дар байни шоҳроҳи Қандаҳор-Калот қарор дораду ронандааш нест. Бо як даста аскарони афғон бо мошинаи зиреҳпӯш ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, дидем, ки автомобил тамғаи булғорӣ дорад. Фаврӣ ба ситоди корпуси 2 -юми ҷангӣ хабар додем. Дастур шуд, ки таъҷилан тамоми атрофро ҷустуҷӯ намоем. Ҳамроҳи як баталён сарбоз ба кофтукоби ронанда баромадем. Рӯзи дуюм аз рӯи маълумоти разведка, ҷои силоҳбадастонро муайян карда, нақшаи ҳамларо тарҳрезӣ ва ба амалиёти ҷангӣ шурӯъ намудем.

Ҷанг се соат давом кард. Як қисми душман дар паси кӯҳ паноҳ бурд. Чанд нафарро асир гирифтем. 12 нафар кушта шуд. Аз сарбозони мо ду нафар шаҳид гашта, ҳафт нафар захм бардоштанд. Аз маҳалли ҷойгиршавии душман, аз хонаи зеризаминӣ ронандаи мошинро пайдо кардем. Душманон ӯро латукӯб карда, сарулибосашро кашида гирифта буданд. Ронанда ҳоли хеле бад дошт.

Баробари дидани мушовирони шӯравӣ, ронанда ба гиря сар кард. Булғорӣ будааст ва қумондони полк дастур дод, ки ба ӯ сарулибоси тоза диҳанд. Ронанда бо забони русӣ ба мо фаҳмонид, ки ҳадафи онҳо ситонидани маблағи калон аз давлати Булғористон бар ивази ӯ будааст. Чанд рӯз баъд ба номи командири полк аз Сафоратхонаи Булғористон номаи сипос омад. Хотироти нохуши Афғонис­тон ҳамсуҳбати маро ба риққат овард. ӯ даме аз сухан боз истода, сукут кард ва сипас оҳе кашида, гуфт:

- Орзу дорам, ки ҷангу хунрезиҳо ба анҷом бирасанд, осмони кишварашон софу беолоиш гардад, мардуми парешони Афғонистон мисли мо — тоҷикон сарҷамъ гашта, кишвари худро аз нав обод кунанд. Мегӯянд, ки оқибати ҳама гуна ҷанг сулҳ хоҳад шуд. Худо кунад, ки дар Афғонистон ҳамин тавр шавад.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»