Дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор - «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт»

Ҳама бо оби тоза таъмин мешаванд?

№107 (3587) 16.08.2016

обБоиси ифтихор аст, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳифзи захираҳои об ҳамеша аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд. Бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон аз ҷониби СММ соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт» ва соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» эълон шуд.

9 — 11 августи соли равон дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор — «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» доир гардид. Дар он масоили муҳими рӯзмарра, аз қабили афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаҳои мудирият аз болои истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, табодули донишу таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар симпозиум бори дигар аз хатари афзун шудани обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, тағйирёбии иқлими сайёра ва дигар мушкилоти вобаста ба об ёдовар шуда, ҷомеаи ҷаҳониро даъват намуд, ки барои ҳалли масоили марбут ба ин мушкилот ҳамкорӣ ва муколамаи созандаи байнидавлатиро пеша намоянд.

Тибқи иттилои агентии «Форс» сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматуллоҳ Фағонӣ вобаста ба чорабинии мазкур чунин гуфтааст: «Ташаббусҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт» ва Даҳсолаи «Об-барои рушди устувор», ки аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд, бисёр муҳиманд. Ин ташаббусҳо боис гардиданд, ки ба захираҳои оби Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад, зеро ин кишвар яке аз манбаъҳои оби ширин дар ҷаҳон мебошад».

Ӯ, ҳамчунин бо ишора ба захираҳои оби Тоҷикистон чунин изҳор намудааст: «Ин зарфият вуҷуд дорад, ки рӯзе лӯлаи интиқоли об аз Душанбе ба Теҳрон ва лӯлаҳои интиқоли энержӣ дар масири билъакс роҳандозӣ шаванд».

Аз рӯи маълумоти СММ наздик ба 340 миллион сокини қитъаи Африқо бо оби тоза таъмин нестанд. Дар ин қитъа, ҳамчунин 500 миллион нафар ба хизматрасонии санитарии муосир даст­расӣ надоранд. Қариб 80 дарсади бемориҳо дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ба истифодаи оби ифлос вобаста аст. Ҳар сол оби ифлос сабаби марги 1,7 миллион нафар сокини сайёра мегардад. Ҳар рӯз аз бемории дарунрав (диарея) қариб 1000 нафар кӯдак дар ҷаҳон мефавтад.

Бе об ғизо ҳам ба даст намеояд. Соҳаи кишоварзӣ истифодабарандаи асосии об дар ҷаҳон ба шумор меравад. Қариб 70 фоизи истифодаи об ба соҳаи кишоварзӣ, 20 фоиз ба соҳаи саноат ва 10 фоиз ба хоҷагиҳои манзилию коммуналии шаҳру аҳолии деҳот рост меояд. Барои истеҳсоли 1 кило гандум аз 800 то 4000 литр ва як кило гӯшти гов аз 2000 то 16000 литр об зарур аст.

Мувофиқи маълумоти коршиносон алҳол 85 дарсади аҳолии ҷаҳон дар қисмати камоби сайёра зиндагӣ мекунанд. Соли 2030-юм 47 дарсади аҳолии дунё дар минтақаҳои аз об танқисидошта зиндагӣ хоҳанд кард.

Захираи оби сайёра барои таъмини сокинони ҷаҳон кифоя аст, вале аз сабаби иқтисодиёти заифи баъзе кишварҳо ва дуруст ба роҳ намондани инфрасохтори таъмини обу корез ҳар сол миллионҳо нафар, ки аксарият кӯдак мебошанд, аз бемориҳои вобаста ба оби ифлос мефавтанд.

Ҳоло ҳам 1,8 миллиард сокини сайёра ба оби ҷавобгӯйи талаботи беҳдошт дастрасӣ надоранд. Илова ба ин, 2,4 миллиард нафар ташноби ҷавобгӯйи талаботи санитарӣ надоранд. Ҳанӯз 80 фоиз обҳои истифодашуда бе ягон хел тозаю безараркунӣ ба дарёву баҳрҳо ҷорӣ мешаванд.

Қариб 70 фоизи ҳолатҳои марги инсонҳо аз офатҳои табиӣ ба обхезӣ ва дигар фалокатҳои вобаста ба об рост меояд.

Ҷумҳурии Ҳиндустон дар қатори Чин, ИМА, Покистон, Япония, Таиланд, Индонезия, Бангладеш, Мексика ва Федератсияи Россия аз ҷумлаи кишварҳое ба шумор меравад, ки обро аз ҳама зиёд истифода мебарад. Новобаста аз он ки Ҳиндустон дуюмин кишвари сераҳолии дунё маҳсуб меёбад, дар ин ҷо дар самти дастрасии аҳолӣ бо обу санитария ба комёбиҳои зиёд ноил гаштаанд.

Бо мақсади фарогирии аҳолӣ бо обу санитария Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди 2-юми октябри соли 2014 ташаббуси наверо бо номи «Свач Бҳарат» («Ҳиндустони тоза») пеш гирифт. Ҳадаф аз он иборат аст, ки хонаводаҳои деҳот то 2-юми октябри соли 2019 дар чорчӯбаи таҷлили 150-солагии Маҳатма Гандӣ ба обу санитария дастрасии 100-фоиза дошта бошанд.

Бо татбиқи ташаббуси мазкур сатҳи тозагӣ дар мавзеъҳои деҳот тавассути чорабиниҳои Идоракунии партовҳои сахт ва моеъ баланд бардошта, ҳоҷатхонаҳои деҳаҳо навсозӣ карда мешаванд.

Ҳиндустон дар татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодааст. Чунончӣ, дар доираи барномаи зикршуда 120 миллион адад ташноб бо маблағи лоиҳавии 29 миллиард доллари амрикоӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Агар дар соли аввали амалишавии лоиҳа дар Ҳиндустон 585 ҳазор ташноби маишӣ сохта шуда бошад, соли 2015 ин рақам ба 12 миллиону 741 ҳазор адад расид.

Ташаббуси «Ҳиндустони тоза» ҳаракати ҷамъиятӣ буда, бо мақсади ноил гаштан ба тозагӣ ва дастрасии умум ба санитария тавассути истифодабарии технологияҳои муосир роҳандозӣ шудааст. Бо ёрии барномаҳои махсуси телефонӣ, фаъолони ташаббуси «Ҳиндустони тоза» дар «Вотсап» ва саҳифаи «Фейсбук» намояндагони Ҳукумати Ҳиндустонро барои назорат бурдани раванди татбиқи тозагӣ дар сатҳи деҳот ҷалб намудааст. Лоиҳаи мазкур аз тариқи Бонки умумиҷаҳонӣ барои ташвиқ намудан ба тозагӣ ҷонибдорӣ ёфт. Қадамҳои минбаъда дар тат­биқи ташаббуси мазкур ба иваз намудани рафтори омма равона карда мешавад, зеро беҳтаргардонии шароити санитарӣ аз тафаккури одамон вобастагии калон дорад. Чорабиниҳои тозакунӣ дар муҳлати муайяншуда татбиқ карда мешаванд.

Аз рӯи барнома марказҳои асосии захиравӣ барои гузаронидани тренинг оид ба масъалаҳои санитария муайян карда шудаанд. Воситаҳои ахбори оммаи Ҳиндустон дар сатҳи миллӣ ва музофотӣ баҳри баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошт матолиби ҷолибу оммафаҳмро пешкаш менамоянд.

Ҳамчунин, Кумитаи коршиносӣ барои тадқиқ кардани истифодабарии технологияҳои инноватсионӣ дар самти санитария созмон дода шудааст. Дар натиҷаи фаъолона роҳандозӣ кардани чорабиниҳои тарғиботӣ ташаббуси «Ҳиндустони тоза» ба бузургтарин маъракаи тозагӣ табдил ёфт. Ташаббуси мазкур барои бисёр кишварҳои минтақа намунаи ибрат шуда метавонад.

 С. СУННАТӢ, «Садои мардум»