Ҷав кишта, гандум даравидан ғайриимкон аст

№90 (3570) 15.07.2016

istanbul_blast_120714_650x410Перомуни даст доштани Туркия дар густариши ифротгаройӣ дар ҷаҳон сару садоҳои зиёд ба гӯш мерасанд. Баъди ба сари қудрат омадани Раҷаб Таййиб Эрдуғон ин кишвари як замон хеле ободу рушдкунанда дигар чандон обод ба назар намерасад. Метавон гуфт, ки дар чанд соли охир оҳиста – оҳиста ба яке аз нуқтаҳои доғи сайёра табдил гашта истодааст. Сабаби  ҳамаи ин, албатта, пеш аз ҳама, дар дастгирии ин кишвар аз терроризму ифротгаройӣ дар ҷаҳон мебошад. Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро дар кишварҳои ҳамсоя созмон доду гумон кард, ки аз он манфиати зиёд ба даст меорад. Вале гузашти вақт нишон дод, ки аз фоида дида, зарараш бештар аст.

Шоир Абдулқодири Раҳим мефармояд:

Илоҳо, хонаи душман насӯзад,

Ки ман ҳам дар бари ӯ хона дорам.

Вале ин панд ба Туркия таъсир накарду оташи низоъро дар ҳамсоякишварҳои худ фурӯзон намуд. Дар Сурияву Ироқ тухми терроризмро паҳн карданд. Ин давлатҳои як замон ободро валангор,  мардумро ба тарки хоки кишварашон маҷбур карданд. Ҳазорҳо занонро бешавҳару ҳазорон модаронро бефарзанд намуда, сафи гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро аз террористон пур карданд.

Раванди ҳодисаҳо нишон дод, ки Туркия нақшаи барҳам задани сулҳу субот ва оромиро на танҳо дар давлатҳои ҳамсоя кашидааст, балки чунин сенарияҳоро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ нияти роҳандозӣ кардан дорад. Ин давлат талош намуда истодааст, ки дар мамлакатҳои пасошӯравӣ сенарияҳои Ироқу Сурия такрор шаванд. Ҷонибдории ҳамаҷониба аз наҳзатиҳои тоҷик ва роҳ додани онҳо ба хоки ин кишвар далели гуфтаҳо мебошанд.

Барои роҳбарони наҳзатӣ Туркия мисли кишвари худашон гаштааст. Дар он ҷо соҳиби манзилҳои гаронарзиш мебошанду тиҷораташон рушд намудааст. Ба ивази ҳамаи ин дастгириҳо аз ҷониби Туркия наҳзатиҳои тоҷик ҳар амру фармоиши ин кишварро бе чуну чаро иҷро менамоянд. Аз ин амалҳои наҳзатиҳои ифротӣ туркҳо хушҳол гашта, қабат — қабат гӯшт мегирифтанд. Вале намедонистанд, ки ин амалашон оқибатҳои ногуворро дар пай дорад. Ҳимоят кардан аз террористон дар ягон ҳолат ба нафъашон анҷом нахоҳад ёфт.

Далели гуфтаҳои боло ҳамлаҳои интиҳории 28 июни соли ҷорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии «Отатурк» дар Истанбул мебошад, ки дар натиҷа 45 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Пас аз як ҳафтаи ин ҳодиса, — 5 июл Эрдуғон, роҳбари ин кишвар дар Анқара гуфт, ки дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи ҳамлаҳои интиҳорӣ ба фурудгоҳи байналмилалии «Отатурк» аз 28 июн то кунун 30 нафар боздошт шудаанд. Тибқи изҳороти Эрдуғон, дар миёни боздоштшудаҳо эҳтимол шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам бошанд. Эрдуғон ба хабарнигорон гуфтааст, ки тафтишот ба даст доштани ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар ин ҳодисаҳо бештар бовар дорад, чунки методи амалӣ шудани ин ҳамлаҳои террористӣ шабеҳи кори онҳост.

Акнун Эрдуғон аз ин амали террористӣ бонги хатар мезанаду намедонад, ба кадом ҷониб худро ҳавола диҳад. Дар робита ба ин амали террористӣ аз Амрико кумак мехоҳад. Вале одами серро чӣ парвои гурусна, — гуфтаанд оқилон. Ин кишвар дигар наметавонад, ки гурӯҳҳои созмондодаашро идора намояд. Ҳоло ки террористон ба соҳибони худ часпидаанд, ба гумон аст, ки раҳо намоянд.

Бархӯрди нодуруст ба ислом маҳз сабаби амалҳои террористӣ дар ин кишвар гаштааст. Эрдуғонро зарур буд, ки ҳеҷ гоҳ аз ислом ба манфиати шахсиву гурӯҳӣ истифода намекард. Имкониятҳои дигари расидан ба сари қудрат вуҷуд дошт, вале ба дарки он нарасид ва кишвари Туркияро ба нооромиҳо кашид. Ба ҷойи гилагузорӣ аз шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бояд аз сиёсати бехирадонаи худ нигарон мешуд, зеро маҳз сиёсати нодурусти худи ӯ буд, ки Туркия ба чунин бадбахтиҳо дучор шуд.

Асад АҲЛИДДИНОВ