Аз фаъолияти парлумонҳои ҷаҳон

№44 (3994) 20.04.2019

Дар Ҳиндустон интихоботи парламентӣ оғоз ёфт

Онро дар таърихи ин кишвар аз ҳама сернуфус­тарин меҳисобанд. Чанд рӯз пеш давраи аввали овоздиҳӣ барои интихоби вакилон ба Лок сабха – палатаи поёнии мамлакат дар 20 иёлат ва ҳудудҳои иттифоқӣ оғоз ёфт.

Ба гуфти коршиносон, зимни раъйдиҳӣ ҳудуди 900 миллион нафар иштирок мекунанд. Интихобот дар ҳафт давра доир гашта, то 19 май идома меёбад. Барои пешбурди он қариб 11 миллион нафар, аз ҷумла 5 миллион шахси масъул ва полис сафарбар шудаанд. Дар мамлакат 1 миллион участкаи интихоботӣ амал мекунад.

 Пешниҳоди вакилони думаи давлатӣ: Барои таҳқир ҷарима муайян гардад

Вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия пешниҳод намудаанд, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мазмуни зерин тағйиру иловаҳо дароварда шавад:

«Масъулоне, ки нисбат ба шаҳрвандон суханони қабеҳро раво мебинанд, онҳоро паст мезананд, таҳқир мекунанд, бояд ҳатман муҷозот шаванд. Шахси масъул бояд ба халқ хизмат кунад, на баръакс», — мегӯянд муаллифони лоиҳаи қонун.

Ҳаҷми ҷарима аз 100 то 500 ҳазор рублро ташкил хоҳад дод.

 Дар Россия шояд барои холкӯбӣ ба артиш роҳ надиҳанд

- Онҳое, ки дар бадан холкӯбӣ мекунанд, олами ботинии рангоранг доранд ва ин қабил ашхос наметавонанд худро ба ҳаёти мушкили артиш мутобиқ намоянд, — иброз доштааст муовини раиси Кумита оид ба мудофиаи Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Шерин.

Вай афзудааст, ки репсарои машҳури Россия Темур Юнусов (машҳур бо номи Тимати), ки 80 фоизи баданаш холкӯбӣ шудааст, ба артиш роҳ дода нашуд. Дар якчанд комиссариати ҳарбӣ чунин ҷавонон аз комиссияи тиббӣ нагузаштанд.

 Ғизои сунъии кӯдакон набояд тарғибу ташвиқ карда шавад

Бо иқдоми Шӯрои Федератсияи Думаи давлатии Федератсияи Россия ба қонуни марбутаи амалкунанда чунин тағйирот ворид карда шуд: «Рекламаи ғизои сунъии кӯдакон манъ аст».

Мақсад аз ин, гирифтани пеши роҳи истеҳсолкунандагони беинсофе мебошад, ки барои кӯдакон ғизои ширии зараровар истеҳсол мекунанд.

- Зимни рекламаи ғизоҳои сунъӣ чунон боварибахш сухан мегӯянд, ки гӯиё он шири модарро иваз мекарда бошад. Ин ғайри қобили қабул аст, — таъкид мекунанд ­муа­л­­ли­фони лоиҳа.

Ин иқдомро ҷомеаҳои ҳифзи сиҳатии омма, аз ҷумла, Муассисаи федералӣ оид ба назорати бахши ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳбудии инсон, Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Россия, Пажӯҳишгоҳи «Ғизо ва биотехнология» дастгирӣ карданд, — иттилоъ додааст РИА Новости.

 Финляндия. Сотсиал — демократҳо ғолиб омаданд

Дар интихоботи парламентие, ки 14 апрели соли ҷорӣ дар Финляндия баргузор гардид, Ҳизби сотсиал-демок­ратҳо ғолиб омад.

Он дар Маҷлиси миллии мамлакат, ки 200 аъзо дорад, соҳиби 40 курсӣ гардид. Дар ҷойи дуюм Ҳизби сотсиал — консервативии «Финҳои ҳақиқӣ» ва дар ҷойи сеюм Ҳизби коалитсионӣ қарор дорад. Ҳизби марказӣ, ки ба он Сарвазири мамлакат Юхи Сипиля роҳбарӣ мекунад, 18 мандатро аз даст дод. Каме пештар, яъне 8 марти соли ҷорӣ, Президенти Финляндия Саули Ниинистё истеъфои ҳукуматро бо сарварии Юхи Спиля қабул карда буд.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»