Боз террору боз куштор

№110 (3590) 23.08.2016

Хабари ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Кветаи Покистон, ки на кам аз 70  нафар куштаву 100 тани дигарро маҷруҳ намуд, ҷаҳонро ба таҳлука овард. Пулис гуфт, дар натиҷаи таркиши рўзи 8 август, ки чанд лаҳза баъди ба ин бемористон овардани ҷасади вакили дифои шинохта Билол Касӣ рух дод, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Сарбоз Бугтӣ, вазири дохилаи вилоят ин ҳамларо ҳамчун «амали террористӣ» маҳкум кард.

Ду созмони террористӣ – як гурўҳи вобаста ба «Толибон»-и «Ҷамоат-ул-Аҳрор» ва гурўҳи «Давлати исломӣ» иддао кардаанд, ки дар ин ҳамла онҳо даст доранд. Ин ҳодисаи мудҳиш ҷомеаи байналмилалиро нигарон кард. Роҳбарони бештари кишварҳои ҷаҳон чунин рафтори ваҳшиёнаро маҳкум намуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Муҳаммад Навоз Шариф — нахуствазири ин кишвар номаи тасаллият ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад, ки ин хабарро «бо андўҳу нафрати беандоза дарёфтам. Тоҷикистон ин амали маргталабонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеъонаро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгаройӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд».

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ Созмони Милали Муттаҳид бо лаҳни шадид ин ҳамлаи террористиро маҳкум кардааст. Ин созмон мегўяд, ҳамла ба шахсоне, ки бе ин ҳам дар ҳолати мотам буданд, аз бераҳмии зиёд шаҳодат медиҳад.

Сухангўйи Департаменти давлатии Амрико Элизабет Трудо гуфтааст, ки: «Террористон бемористон, низоми адлия ва матбуот – сутуни муҳимтарини демократияро ҳадаф қарор додаанд. Ин ҳамлаҳои ваҳшиёна ва бемаънӣ танҳо иродаи умумии моро барои пирўзӣ бар терроризм дар ҷаҳон тақвият медиҳад».

Шояд дар робита ба ин мавзўъ ҳарфе иншо намекардаму сухане ба забон намеовардам, ба шарте ки дар Тоҷикистон эҳтимоли такрор шудани ҳодисаҳои ба ин монанд вуҷуд намедошт. Сарфи назар аз он ки дар Тоҷикистон беш аз бист сол аст, ки сулҳу субот ва оромӣ пойдор мебошад.

Бале, имрўз гурўҳҳои зиёде дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон фаъолият менамоянд, ки зери ливои ислом бо ҳар роҳу восита  мақсади ба сари қудрат омадан доранд. Тоҷикистон низ мувоҷеҳи ҳамин мушкилӣ мебошад. Ҳизби фаъолияташ мамнуи наҳзати исломӣ, яке аз ҳамон гурўҳҳоест, ки солҳо исломро бо сиёсату сиёсатро бо ислом омезиш додааст. Солҳое, ки дар Тоҷикистон ба таври расмӣ кору фаъолият мекард, манфиаташ на ба мусалмонон расида буду на ба ислом. Баръакс, натиҷаи чунин сиёсатбозиҳои онҳо буд, ки дар моҳи сентябри соли гузашта хуни ноҳақ резонида шуду чанде аз инсонҳои бегуноҳ ба ҳалокат расиданд.

Дар фаъолияти террористии «Толибон»-у «Давлати исломӣ» ва ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломӣ умумиятҳои зиёде ба назар мерасанд, ки набояд сарфи назар кард. Умдатарин умумияти онҳо ин аст, ки гурўҳҳои террористии дар боло номбаршуда, хостори омезиш додани дини ислом бо сиёсат мебошанду даъвои роҳбарии ин кишварро дар асоси қонунҳои исломии асрҳои миёна доранд. Новобаста аз он ки имрўз роҳбарияти ҳизби фаъолияташ мамнуи наҳзати исломӣ чунин ақидаро рад мекунад, аз суҳбати бештари аъзои ин ҳизб баръало ба мушоҳида мерасад, ки идеяҳои гурўҳҳои тундравро дастгирӣ менамоянд. Аз ин ҷиҳат, метавон дилпурона ҳадс зад, ки чӣ гунае «Толибон» барои кишварҳои худ ва минатақа хатарзо мебошанд, ҳамон гуна мавҷудияти ҲНИТ  барои сулҳу субот ва оромии кишвар ва минтақа мояи хавфу хатар маҳсуб мегардад.

Метавон ҳадс зад, ки чунин рафторҳои ваҳшиёнаи террористон наҳзатиҳои ифротиро на танҳо ба ташвиш наовардааст, балки  онҳо дастгирӣ ҳам менамоянд.

Пас аз рух додани чунин амалҳои террористӣ чеҳраи ҳизбу гурўҳҳое, ки зери байрақи ислом мақсадҳои нопоки худро қасди амалӣ кардан доранд, боз ҳам равшан ва аён мегардад. Ба қавли дигар, чеҳраҳои аслии исломиёни сиёсӣ ба ҳама торафт ошкортар ва чеҳраҳои манфурашон намоёнтар гашта истодааст.

Баҳром Қодирӣ