Аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Гумроҳшудагон пушаймонанд, вале… на ҳамаашон

№ 24.08.2016

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд: «Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам  тезутунд  гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар  минтақаҳои дунё нишон  медиҳанд, ки  терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд».

Вобаста ба мураккаб гаштани авзои ҷаҳон, бахусус дар манотиқи гуногуни олам доман паҳн кардани терроризму экстремизм, Сарвари давлат сохторҳои низомиро  вазифадор намуд, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда, баҳри  иҷрои вазифаҳояшон ҳамеша омода бошанд.

Ба гурӯҳҳои ҷангандаи ба ном «Давлати исломӣ» шомил гаштани  шаҳрвандони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба суботу оромии минтақа хатари ҷиддӣ дорад.

Тавре вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иброз медорад, ҳоло дар сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар кишварҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон беш аз  ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар амалиётҳои низомӣ иштирок доранд.

Мақомоти дахлдор пеш аз ҳама, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи  шомилшавии ҷавонон ба чунин гурӯҳҳои ифротгаро гирифта шавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шомилшавии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» нисбат ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст. Зеро аксари онҳо дарк намудаанд, ки шиорҳои «ҷиҳод барои ислом», «мубориза  алайҳи  кофирон», «роҳ ёфтан ба ҷаннат» бардурӯғанд. Нафарони аз  чунин минтақаҳои даргир фироркарда низ исбот намуданд, ки ба ҷуз  куштор ва харобкорию ғоратгарии мардуми  бегуноҳ «Давлати исломӣ» дигар амале анҷом надодааст.

Тибқи маълумоти Раҳимзода  Рамазон Ҳамро бисёрии  гумроҳшудагон аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ карда, роҳи дурусти зиндагиро  пеша кардаанд. Қонунгузории ҷорӣ низ додани сабукӣ ва аз ҷазои ҷиноятӣ озод намудани чунин шахсонро, бинобар изҳори  пушаймонӣ кардан, пешбинӣ намудааст.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯйӣ то имрӯз 50 нафар ба ҷумҳурӣ баргардонда шудааст.

Мутаассифона, баъзе шахсони аз майдони муҳорибаҳои  давлатҳои хориҷӣ баргашта, мақсадҳои ғаразноку тахрибкорона доранд. Онҳо, ки мутеъ ва  пойбанди амирони бо ном «Давлати исломӣ» гардидаанд, барои дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба амал баровардани силсилаи амалҳои террористӣ, ноором сохтани авзои ҷомеа супориш гирифтаанд.

Раҳимзода Рамазон Ҳамро зикр кард, ки ин шахсон мехостанд нисбати мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Панҷакент амалиёти террористӣ доир намоянд. Андешидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯйии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон дод, ки пеши роҳи ин ва дигар амалҳои террористӣ гирифта шаванд. Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ чор ҳолати амали террористӣ ошкор ва пешгирӣ карда шуд. Аз ҷониби ҷузъу томҳои  мақомот 368 нафар аъзои гурӯҳи террористию экстремистӣ, дар маҷмӯъ 1047 ҷинояти дорои хусусияти террористиву эктремистӣ, 110 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дар хайати 1387 нафар барои содири 629 ҷиноят муайян ва дастгир карда шуданд. Ҳамчунин аз онҳо  миқдори зиёди адабиёти  дорои хусусияти  ифротгароӣ, воситаҳои техникӣ, варақаҳои ташвиқотии зиддидавлатӣ, маводи  мухаддир ва силоҳ дарёфту мусодира шуд.

Дар шаш моҳи соли равон 10 ҳазору 581 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 170 ҷиноят зиёд мебошад. Ошкоршавии ҷиноятҳо 94 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҷумлаи ашхоси ҷинояткор, ки дар кофтуков қарор дошта, байни мардум  пинҳон гашта, буданд, 942 нафар муайяну дастгир шуданд.

Дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 664 ҷиноят, ки солҳои пеш содир шуда буданд ошкор карда шуд.

- Тавассути телефони «Мадад 1919» дар шаш моҳ 1080 хабар оид ба содиршавии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд.

Телефони «Мадад 1919» бо мақсади пайваст шудан бо тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, идораву ташкилотҳои хизматрасон, фаъол гардонда шудааст ва ба таври шабонарӯзӣ кор мекунад,- гуфт дар интиҳо Раҳимзода Рамазон Ҳамро.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»