Аз ҳаёти парлумонҳои ҷаҳон

Интихоботи Президенти Туркманистон 12 феврал барпо мешавад

№131 (3611) 18.10.2016

imagesПарлумони Ҷумҳурии Туркманистон санаи интихоботи навбатии президенти кишварро 12 феврали соли 2017 таъин кард. Дар он се ҳизб: Ҳизби демократии Туркманистон, Ҳизби истеҳсолгарон ва соҳибкорон ва Ҳизби аграрӣ ширкат хоҳанд кард.

Дар робита ба ин, Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мақомоти кишварро дастур додааст, ки ба интихобот, ки бояд демократӣ ва бо ширкати чанд номзад баргузор шавад, омода шаванд.

Бори охир дар Туркманистон 12 феврали соли 2012 интихоботи президентӣ баргузор шуд, ки дар он Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 97,14 дарсади овозҳоро ба даст овард.

 Таҳияи А. САМАНДАР