Мусобиқа барои «Ҷоми СҲШ – 2021»

№42 (4304) 03.04.2021

Чанде пеш дар пойтахти Ҷумҳурии Халқии Хитой — шаҳри Пекин таҳти шиори «Барои ҷаҳони бе нашъа, терроризм ва пандемия», ба пешвози 20 – солагии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми СҲШ – 2021» баргузор гардид. Дар он намояндагони 13 кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва котиботи СҲШ, ширкат варзиданд.

Дар хабари дафтари матбуотии СҲШ қайд шудааст, ки мусобиқа идомаи чорабиниҳои наврӯзӣ — иди сулҳ, бародарӣ ва эҳтироми якдигар мебошад. Зимни ифтитоҳи мусобиқаи футбол Котиби генералии СҲШ Владимир Норов суханронӣ карда, аз ҷумла, гуфт, ки мусобиқаҳои варзишӣ қисми ҷудонашавандаи ҳамкориҳои дӯстона дар доираи СҲШ мебошад.

Пас аз ҷамъбасти мусобиқа Тоҷикистон, ки солҳои 2020-2021 раёсати Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад, ба ғолибон мукофотҳо тақдим кард. Ҳамин тавр, тими Россия ҷойи аввал, тими муштараки Қирғизистон, Туркманистон ва Туркия («Дӯстӣ») ҷойи дуюм ва тими Ҷумҳурии Беларус сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Бино ба иттилои манбаъ, қарор аст, соли ҷорӣ ба пешвози 20 — солагии Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла, дар Иссиқкӯл марафон ва дар шаҳрҳои Душанбе ва Кунмин мусобиқаҳои варзишӣ миёни давлатҳои аъзои СҲШ барпо гардад.

www.scosummit2021.tj