Аз фаъолияти парлумонҳои ҷаҳон

Рада дар ним сол беш аз 3000 лоиҳаи қонунро баррасӣ намуд

№89 (3569) 12.07.2016

Verhovna-RadaЧунин аст натиҷаи фаъолияти нимсолаи вакилони Радаи Олии Ҷумҳурии Украина. Аз ин санадҳо 424 ададаш ҳамчун қонуни мукаммал қабул шудааст.

Хабарнигори маҷаллаи «Корреспондент»-и ин кишвар Светлана Голландс навиштааст, ки вакилону ҳуқуқшиносон, бо вуҷуди он ки барои таҳияву қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кумитаҳо ва иҷлосияҳо саъй мекунанд, берун аз деворҳои парлумон ҳамон қадар сару садоҳо афзоиш меёбанд. Миёни санадҳои қабулшуда мухолифати зиёд вуҷуд дорад. Ба қавли муаллифи мақола, аз нисф зиёди ин қонунҳо иҷронашавандаанд. «Дар кишвар қонунҳои нав зиёд шуда истодаанд, вале, дар баробари ин дуздию авбошӣ, ришваситонӣ низ афзоиш ёфта истодааст», — мегӯяд сиёсатшинос Руслан Бортник.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»