Аз фаъолияти парлумонҳои ҷаҳон

Россия. Путин қонунеро, ки 2,2 триллион рубли русӣ хароҷоти иловагӣ дорад, имзо кард

№89 (3569) 12.07.2016

путяҲафтуми июли соли равон Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин қонунеро, ки тибқи он ба зиммаи ширкатҳои дастраскунандаи интернет уҳдадориҳои нав вогузор мешавад, имзо намуд.

Қонуни мавриди назар ҷузъи ибтикороти Федератсияи Россия дар самти мубориза бо терроризм маҳсуб шуда, вакилон муҳиму саривақтӣ буданашро таъкид намуда буданд. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ба Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия лоиҳаи маҷмӯи қонунҳо, ки тибқи онҳо усул ва воситаҳои нави мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм пешбинӣ шудаанд, барои баррасӣ пешниҳод гардид. Муаллифи қонуни мазкур раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Россия оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Ирина Яровая мебошад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон муътақиданд, ки қонуни фавқ ба нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон, мавриди таъқиб қарор гирифтани озодандешон, саркӯбкунии сиёсӣ, зери суол рафтани волоияти қонун ва харҷи зиёдатӣ боис хоҳад шуд. Онҳо қонуни зикршударо «қонуни саркӯбкунанда» номида, қаблан низ аз Владимир Путин хоҳиш намуда буданд, ки онро ба ҳеҷ ваҷҳ имзо накунад. Ҳамрадиф бо омилҳои мазкур, коршиносон ва масъулини соҳа аз он нигаронанд, ки ширкатҳои дастраскунандаи интернет ва алоқаи мобилӣ барои татбиқи ин қонун бояд на камтар аз 2,2 триллион рубли русӣ хароҷоти иловагӣ кунанд.Тибқи талаботи ин қонун, ширкатҳои дастраскунандаи интернет муваззафанд, ки матни паёмҳо ва мукотибаи истифодабарандагони интернет, ҳамчунин акс, садо, видео ва дигар навъи паёмҳоро то шаш моҳ ҳифз кунанд.Илова бар ин, қонун пешбинӣ намудааст, ки маълумот дар бораи табодули паёмҳо дар интернет бояд дар ширкатҳои дастраскунандаи интернет то се сол ҳифз шаванд.

 Таҳияи Далер Мерганов, «Садои мардум»