29 сентябр - Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ

Тоҷикистон ва ИМА. Имкониятҳои истифоданашудаи иқтисодӣ зиёданд

№116 (4066) 28.09.2019

Посол1Дар таърихи сиёсати хориҷии кишвар 29-уми сентябри соли 1993 санаи муҳим ба шумор рафта, аз соли 2016 ҳамчун Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ таҷлил мегардад. Ин ба он хотир аст, ки дар ин рӯз аввалин маротиба аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Ню-Йорк нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафу азму ниятҳои неки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви СММ ба оламиён муаррифӣ гардид. Бо дарназардошти он ки сиёсати хориҷӣ дар ташаккул ва рушди кишвар нақши муҳим дораду амалисозии он ба дӯши кормандони хизмати дипломатӣ вогузор шудааст, қарор додем бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Фарҳод Салим суҳбат ороем.

Ӯ дастпарвари Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (факултети ҳуқуқшиносӣ) ва Коллеҷи Стейтен Айланди Донишгоҳи шаҳри Ню-Йорк буда, дорои рутбаи Фиристодаи фавқулода ва мухтори дараҷаи II мебошад.

- Ибтидо мехостам дар бораи фаъолияти Сафорати кишвар дар ИМА маълумот диҳед.

- Сафорати Тоҷикистон дар ИМА, воқеъ дар шаҳри Вашингтон, мисли дигар намояндагиҳои дипломатӣ машғули амалисозии сиёсати хориҷии кишвар, бахусус ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад. Инчунин, дар фаъолияти ҳаррӯза таваҷҷуҳ бобати хизматрасонӣ ба шаҳрвандони бурунмарзӣ, беҳтар намудани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишвари иқомат дода мешавад.

Шоёни зикр аст, ки дар робита ба татбиқи сиёсати хориҷии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 26-уми декабри соли 2018 таъкид намуданд, ки: «Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки ҳанӯз дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ дар асоси усули муносибатҳои баробарӣ ва дӯстӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муайян ва поягузорӣ гардида буд, боқӣ мемонад.

Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло татбиқ шуда истодааст, идомаи мантиқии ин самт буда, ба сатҳи сифатан нав бардоштани робитаҳои байналмилалии кишвари моро дар шароити нави рушди ҷаҳонӣ таъмин менамояд».

Дар асоси ин дастуру ҳидоят ва роҳнамоии роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагии дипломатии кишвар дар ИМА фаъолиятро ҷиҳати татбиқи сиёсати хориҷии мамлакат ба роҳ мондааст, ки ин барои ману ҳамкоронам боиси ифтихор аст.

- Муносибатҳои дуҷониба миёни ҳар ду кишварро чӣ гуна баҳо медиҳед?

- ИМА яке аз аввалин кишварҳоест, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман шинохта, дар шаҳри Душанбе намояндагии дипломатӣ таъсис дод ва дар сиёсати хориҷии мамлакат мақоми муҳим дорад. Дар ҳоли ҳозир муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду ҷониб соҳаҳои зеринро дар бар мегирад: сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ, таъмини амнияти сарҳадӣ ва ғайра.

Инчунин, Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, бахусус, баъди ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001 шарики ИМА гардид ва якҷо бо дигар кишварҳои ҷаҳон барои пешгирии хатарҳо ҳамкорӣ менамояд. Ҳукумат ва мардуми бузурги ИМА барои ин шарикӣ ҳамеша ба Ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамоянд. Ин нукта дар табрикоти Президенти ИМА Доналд Трамп ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни бистуҳаштумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ низ инъикос ёфт:

«Муҳтарам Президент Эмомалӣ Раҳмон!

Боиси хушнудии ман аст, ки аз номи мардуми Амрико мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи истиқлол табрик намоям.

Тӯли 28 соли охир Иёлоти Муттаҳида бо сарфарозӣ соҳибистиқолӣ ва рушди Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад. Мо аз кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати тақкими амнияти байналмилалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ истиқбол менамоем.

Иёлоти Муттаҳида ҷонибдории худро аз фаъолияти Тоҷикистон дар самти расидан ба ояндаи дурахшон идома хоҳад дод».

Тоҷикистон дар бахшҳои дигар низ бо ИМА ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Яке аз онҳо ҷаласаи С 5+1 (кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА) дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ мебошад, ки 22-юми сентябри соли равон дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ бо ҳузури котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид ва вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин дар он суханронӣ намуд.

- Робитаҳои иқтисодӣ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ чӣ гуна аст?

- Бо вуҷуди фаъолтар гардидани ҳамкориҳои иқтисодӣ, гуфтан мумкин аст, ки ҳанӯз ҳам сатҳи он қонеъкунанда нест ва имкониятҳои дар ин бахш ҷой­дошта, то ҳол пурра истифода нашудааст. Тоҷикис­тон ҷонибдори рушди тиҷорату савдо бо ИМА мебошад ва бо ин мақсад Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону ИМА аз соли 2016 фаъолият мекунад.

Моҳи сентябри соли 2017 зимни иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди СММ дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкории ИМА мулоқот ва манфиатдории ҷониби Тоҷикистонро аз рушди равобити ҳасанаю ҳамаҷониба бо ИМА таъкид карда, вохӯрии барпошударо василаи хуби тавсеабахши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин, аз доираи соҳибкорони ИМА даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати ворид шудан ба иқтисоди кишвар қадамҳои устувор гузошта, барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Амрико саҳмгузор бошанд.

Тоҷикистон, инчунин, узви Созишнома оид ба тиҷорат ва сармоягузорӣ (Trade Investment Framework Agreement) аст, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА ба имзо расида, барои осонгардонии тиҷорату савдо миёни кишварҳои аъзо мусоидат менамояд. Бояд таъкид кард, ки ҷаласаи навбатии он (ТIFА) дар шаҳри Вашингтон охири моҳи октябри соли равон дар назар дошта шудааст.

- Баҳри амалисозии сиёсати хориҷии кишвар кадом ташаббусҳои муҳими байналмилалиро метавонед номбар намоед?

- Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба об дар СММ боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Ҷоиз ба зикр аст, ки 22-юми марти соли 2018 — Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Дар ин самт ташаббусҳои дигари ҷаҳонии кишвар низ боиси таъкид мебошанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об-барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013».

- Тавре дар боло зикр кардед, яке аз самтҳои фаъолияти шумо хизмат­расонӣ ба шаҳрвандони кишвар, ки дар ИМА кору зиндагӣ мекунанд, мебошад. Аз ин рӯ, мехостам дар бораи ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикистониёни муқими Амрико ҳарф занед.

- Дар ИМА ҳазорон нафар шаҳрванди кишвар таҳсил, кор ва иқомат мекунанд. Барои ман боиси ифтихор ва сарфарозист, ки шаҳрвандони мамлакат, бахусус, аъзои ҷамъиятҳои тоҷикистониёни муқими Амрико, ҳисси баланди ватанпарастӣ доранд ва иртиботро бо ватани аҷдодӣ канда накардаанд. Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар ИМА низ кӯшиш мекунанд, ки ҳамеша ба онҳо дар ҳалли ҳама масъала мусоидат намоянд. Ва доимо аз онҳо даъват менамоянд, ки қоидаву талаботи будубошро дар куҷое, ки набошанд, пурра риоя кунанд.

Аксар шаҳрвандони кишвар дар ИМА бар асоси «корти сабз» ва раводид ҳузур доранд, инчунин, ҳастанд онҳое, ки соҳиби шиносномаи ИМА гардидаанд. Ба ибораи дигар, шаҳрвандони кишвар дар ИМА сафирони мардумӣ ҳастанд, ки фарҳанг ва таърихи миллатро дар мактабҳое, ки таҳсил, дар корхонаҳое, ки кор ва дар маконе, ки истиқомат мекунанд, муаррифӣ менамоянд. Ҷамъиятҳои тоҷикистониён низ ҷашнҳои миллии кишварро дар иёлатҳои гуногун сарҷамъона таҷлил карда, урфу одати миллиро ба халқу миллатҳои гуногун намоиш медиҳанд.

- Душанбе ва Боулдери иёлати Колорадои ИМА аз соли 1987 бародаршаҳр мебошанд. Соли 1991 мувофиқи қарордод аз ҷониби Кумитаи иҷроияи пойтахти мамлакат дар Боулдер чойхонаи миллии тоҷикии кандакоришуда сохта шуд. Оё он то ҳол фаъолият мекунад?

- Собиқ Президенти ИМА Дуайт Эйзенҳауер (Dwight Eisenhower) гуфта буд, ки: «Барномаи бародаршаҳрӣ муҳимтарин сарчашма барои музокироти ҳукуматҳо ҷиҳати мусоидат намудан ба шаҳрвандон мебошад, ки тавассути он шаҳрвандон баҳри дӯстӣ, иродаи нек ва ҳамкорӣ барои сохтани олами беҳтарин ба ҳамагон, назар ва хоҳиши худро муайян ва изҳор мекунанд».

Чойхонаи тоҷикӣ дар шаҳри Боулдер фаъол аст ва ба яке аз мавзеъҳои дӯстдошта табдил ёфтааст. Дар бораи таърихи он китоб бо номи «The meaning of the Boulder-Dushanbe Teahouse» ба қалами Ҷорҷ Пекник (George Peknik) нашр шудааст. Ҳар сол тақрибан 100 000 нафар аз он макони фарҳангӣ дидан мекунанд.

Ҷамъияти тоҷикистониёни иёлати Колорадо ва шаҳрвандони ватанпарасти фаъол даҳаи аввали моҳи равон дар ин ганҷинаи бузургу машҳур бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ маҳфили бошукӯҳ барпо намуда буданд.

- Ба дурнамои робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва ИМА чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Барои ман боиси ифтихор аст, ки зимни мулоқот бо вакилони Конгресси ИМА ҳамеша барои шарикӣ, бахусус, дар мубориза бар зидди терроризм ба кишварамон изҳори сипос карда мешавад.

Соли ҷорӣ дар доираи барномаи «Ҷаҳони боз» вакилони муҳтарами Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо роҳбарии Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ба ИМА сафар намуда, бо вакилони Конгресси ИМА мулоқот анҷом доданд, ки зимни он масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ҳар ду кишвар баррасӣ гардид. Дар гузашта низ чунин сафарҳо барпо шуда, барои рушди муносибатҳо мусоидат карданд.

Инчунин, зимни сафар вакилони Маҷлиси намояндагон илова ба шаҳри Вашингтон аз дигар иёлоти ин кишвар боздид намуда, бо вакилони маҳаллӣ низ дидору мулоқот намуданд.

Ман умедворам, ки робитаҳо дар оянда мустаҳкам хоҳанд шуд ва барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳо мусоидат хоҳанд кард.

Суҳбаторо Самариддин АСОЗОДА,

«Садои мардум»