Тоҷикистону Ҳиндустон: Муносибатҳо таърихи бисёрасра доранд

№12 (3962) 29.01.2019

U19A3997Дар дуюмин кишвари сераҳолии ҷаҳон — Ҳиндустон 26- уми январ «Рӯзи ҷумҳурӣ» таҷлил гардид. Ҳамин рӯз, расо 70 сол пеш Конститутсияи Ҳиндустон қабул гардида буд. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сомнатҳ Гҳош зимни  чорабинии ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе доиршуда иброз дошт, ки қабули Конститутсия Ҳиндустонро бо гузашти солҳо ба бузургтарин кишвари  демократии ҷаҳон табдил дод. Имрӯз Ҳиндустон сеюмин кишвар аз лиҳози иқтидори харидорӣ, кишвари босуръат рушдкунанда миёни мамолики иқтисодиёташон бузург ва кумакрасон дар самти  таъмини амният ва тараққиёти ҷаҳон ба шумор меравад.

Сомнатҳ Гҳош дар бораи муносибати Тоҷикистону Ҳиндус­тон сухан ронда, гуфт, ки он таърихи бисёрасра дорад, ҳарчанд миёни Тоҷикистону Ҳиндустон соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.

- Мушкилотеро, ки мардуми Тоҷикистони  тозаистиқлол солҳои 1992 — 1997 аз сар гузаронид, хуб  дарк мекунем, зеро Ҳиндустон низ соли 1947 ба чунин мушкилот мувоҷеҳ буд, — гуфт ӯ.

Сафир аз густариши робитаҳои сиёсию иқтисодии ду кишвари дӯст изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуд, ки соли сипаришуда Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Раи Натҳ Ковинд, вазири корҳои хориҷӣ Сушма Свараҷ, вазирони нақлиёти рӯизаминӣ ва захираҳои об ва корҳои хориҷии Ҳиндустон ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Муҳимтар аз ҳама, Ҳиндустон баъди Федератсияи Россия дуюмин кишвари бузурги расонандаи кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, ҳар сол шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон ба макотиби олии Ҳиндустон ба таҳсилу бозомӯзӣ фиристода мешаванд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мардуми Ҳиндустонро муборакбод намуда, аз муштаракоти  халқҳои тоҷику  ҳинд ёдовар шуд.

-Ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму маориф ва фарҳанг беш аз пеш густариш ёфтааст. Талош меварзем, ки робитаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаи  сармоягузорӣ, ки яке аз самтҳои  муҳими ҳамкорӣ ба шумор меравад, ҷавобгӯи  имконоту ниёзмандии ҳар ду ҷониб бошад, — гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

С. СУННАТӢ«Садои мардум»