Тоҷикистону Туркия: Ҳамкориҳо густариш меёбанд

№90 (4040) 25.07.2019

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифъат Кёксал ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқот бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки соли сипаришуда Туркия баъд аз Хитой дуюмин кишвари бузурги сармоягузори Тоҷикистон шуд.

Автобусҳои замонавии тамғаи «AKIA», ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебинем, маҳсули корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия «AKIA – AVESTO» мебошад. Корхонаҳои «Ak-Pa Aluminyum» ва «Silkoat Boya» дар шаҳри Хуҷанд, «Нӯшокиҳои Кока-кола», мағозаҳои либосвории  «LC Waikiki» ва «De Facto», мағозаи мебели «Alfeto» дар шаҳри  Душанбе низ бо сармояи Туркия бунёд  ёфтаанд. Илова бар ин, як қатор  корхонаҳои хурду миёнаи туркӣ низ хуб фаъолият дошта, аз рӯи ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷа Туркия ҷои аввалро мегирад. Лозим ба ёдоварист, ки аз Тоҷикистон ба Туркия асосан нахи пахта ва алюминий содирот мешавад.

- Аз рӯи ҳаҷми табодули мол Туркия панҷумин шарики  бузурги тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ду кишвари дӯст имкон доранд, ки ҳаҷми додугирифти солонаро ба 1 миллиард доллар расонанд. Соҳибкорони турк  метавонанд  дар рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд, — гуфт Алӣ Рифъат Кёксал.

Соли 2018 аз Тоҷикистон 41000 нафар бо мақсади саёҳат ба Туркия рафта, 6000 сайёҳи турк ба Тоҷикистон омаданд. Инчунин 370 шаҳрванди Тоҷикистон бо раводиди корӣ ба Туркия рафта, дар муассисаҳои сайёҳӣ ва корхонаҳои гуногуни Туркия фаъолият доранд.

- Ҳоло дар Тоҷикистон меҳмонхонаҳои хуштарҳ сохта истодаанд, ки онҳо ба мутахассисони ботаҷриба ниёз доранд. Ҷавононе, ки дар ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳои  Туркия  фаъолият доранд, оянда ба Тоҷикистон баргашта, дар ин муассисаҳо ба фаъолият идома хоҳанд дод, — гуфт Алӣ Рифъат Кёксал.

Дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба нақши Агентӣ оид ба рушду ҳамоҳангсозии Туркия (ТИКА) хеле калон аст. Аз соли 1992 ниҳоди мазкур зиёда аз 300 лоиҳаро ба маблағи 21 миллион доллар амалӣ кардааст. Барои мисол, чанде пеш аз ҷониби ТИКА дар деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ маркази саломатӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз  гардид.

Дар хусуси ҳамкорӣ дар соҳаи маориф зикр шуд, ки 771 ҷавони тоҷик тибқи барномаи таълимии «Turkiya Burslari» («Бурсияҳои  Туркия»)  макотиби олии Туркияро  хатм намуданд. Илова бар ин, шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон бо маблағи  худ дар макотиби олии Туркия таҳсил карда истодаанд.

- Яке аз бахшҳои фаъолият ривоҷ додани ҳамкориҳои фарҳангӣ мебошад. Соли равон дар Тоҷикистон баргузории «Ҳафтаи филмҳои туркӣ», дар назар дошта шудааст. Ифтитоҳи марказҳои фарҳангӣ идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб шуда, ба рушди таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо мусоидат мекунад, — гуфт дар охир Алӣ Рифъат Кёксал.

Сайфиддин Суннатӣ«Садои мардум»