Тоҷикобод. Дастовардҳо назаррасанд

№107 (4213) 03.09.2020

мардТоҷикобод ҳамсоли истиқлолият аст. Соли 1991 Ҳукумати ҷумҳурӣ баъди омӯхтани имконоти Тоҷикобод ба хулоса омад, ки онро ба ҳайси ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ эҳё намояд. Ҳамин тариқ, баъди солҳо собиқ ноҳияи Қалъаи лаби об, ки соли 1936 ташкил шуда, дертар номи Тоҷикободро гирифтаву бо сабабҳои гуногун барҳам хӯрд, аз нав барқарор гардид. Соли оянда, дар баробари ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, сокинони Тоҷикобод сиюмин солгарди эҳёи ноҳияро низ ҷашн мегиранд. Ба ин мақсад созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия босуръат идома дорад. Ҳар як сокини ноҳия мехоҳад, ки дар корҳои ободонии он саҳм гузорад ва ин ду ҷашни муқаддасу таърихиро бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз гирад.

- Дар замони Истиқлолияти давлатӣ симои ноҳияи Тоҷикобод бо дастгирӣ ва ғамхориҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигар шуд ва он ба ноҳияи зебову дилрабо табдил ёфт. Агар шумо ҳатто ба дурдасттарин деҳа сафар кунед ҳам, ба дигаргуниҳои чашмрас дучор хоҳед шуд, — гуфт раиси ноҳия Қадриддин Фақерзода.

- Ҳисобҳои оморӣ гувоҳанд, ки соли равон дар ҳама соҳаи хоҷагии халқи ноҳия пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар нимсолаи аввал қисми даромади буҷет, бо дарназардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, ба андозаи 103,4 фоиз, яъне, ба маблағи 13 миллиону 467,2 ҳазор сомонӣ, иҷро шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 440,8 ҳазор сомонӣ зиёд аст, — афзуд ӯ.

Бино ба маълумоти раис, мутобиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018-2020», татбиқи 182 лоиҳа бо маблағи 117 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Солҳои 2018-2019-ум 30 лоиҳа бо маблағи 14 миллиону 244 ҳазор сомонӣ татбиқ гардидааст. Имсол барои сохтмони бинои қасри фарҳанг 10 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, чароғон ва мумфарш кардани кӯчаҳои маркази ноҳия — 8 миллион сомонӣ, сохтмони боғи фарҳанг — 12 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, бунёди 18 синфхона дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва 42, навсозии бинои мактаби №10 — як миллион сомонӣ, сохтмони дарвозаи даромадгоҳи ноҳия — 500 ҳазор сомонӣ, бунгоҳи тиббии деҳаҳои Оби Сафед ва дараи Нӯшор дар доираи 22 лоиҳаи дигар зиёда аз 38 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Боз ҳафт лоиҳа ба маблағи 8 миллион сомонӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.

Дар ноҳия намояндагии се бонк фаъолият доранд. Онҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба ­маблағи 2 миллиону 76 ҳазор сомонӣ ба шаҳрвандон қарзҳои кӯтоҳмуддат ҷудо намуданд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як миллиону 643 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

- Дар бахши кишоварзӣ низ рақамҳои оморӣ қонеъкунандаанд. Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат майдони кишти картошка дар ҳама шакли хоҷагидорӣ имсол ба 2005 гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 84,5 гектар зиёд мебошад. Дар хоҷагиҳои коллективӣ ва инфиродии деҳқонӣ назар ба порсола майдони кишти картошка 272,7 гектар афзудааст, — зикр кард Қадриддин Фақерзода.

Назар ба қавли ӯ, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳ 32 миллиону 790 ҳазор сомониро ташкил дод. Истеҳсоли шир ба 6117 тонна, гӯшт — 788 тонна, тухм — 1 миллиону 249 ҳазор дона, пашм — 87 тонна расидааст. Яъне, нишондиҳандаҳои соҳаи чорводорӣ рӯ ба афзоишанд.

Раис бо итминон изҳор дошт, ки сокинони бонангу ори ноҳия ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дучанд заҳмат кашида, рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро таъмин хоҳанд кард.

Таҳияи Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»