Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикобод. Эъмори иншооти ҳаётан муҳим авҷ мегирад

№72 (4022) 22.06.2019

ТОЧИКОБОДТавре муовини раиси ­ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадтоҳир Назризода иброз дошт, ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ намудааст. Инчунин, «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018 — 2020» аз худ намудани 182 лоиҳаро ба маблағи 117 миллион сомонӣ пешбинӣ кардааст.

Соли гузашта 9 лоиҳа ба маблағи 9 миллиону 870 ҳазор сомонӣ татбиқ ёфта, имсол идомаи сохтмони бинои Қасри фарҳанг бо харҷи 10 мииллиону 700 ҳазор сомонӣ дар назар аст.

ТОЧИКОБОД 2Маблағгузори лоиҳаи мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад. Инчунин, чароғон ва мумфарш кардани кӯчаҳои маркази ноҳия ба маблағи 8 миллиону сомонӣ, ки соли 2018 — ум 3 миллиону 353 ҳазор сомонии он аз худ гардида буд, идома меёбад. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои дуошёнаи муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, ки маблағгузории сохтмони онро Ҷамъияти хайриявии Тоҷикистон ба уҳда дорад, дар беҳтар намудани сатҳи хизмат­расонии тиббӣ мусоидат менамояд. Илова бар ин, эъмори бинои маъмурии шабакаҳои барқи ноҳия бо харҷи 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ низ сохтмони як қатор иншоот, аз ҷумла, боғи фарҳангу фароғатии ноҳия бо харҷи 12 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, 6 синфхона дар назди муассисаи таълимии №2, 6 синфхона дар назди муассисаи таълимии №42, бинои иловагии муассисаи таълимии №27 ва дарвозаи даромадгоҳи ноҳия босуръат идома доранд.

Сохтмончиён пайи он талош карда истодаанд, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ чанде аз иншооти мутазаккира ба истифода дода шавад.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»