Тоҷикобод. Обрасонии хона ба хона ва насби ҳисобкунакҳо

№101 (4363) 05.08.2021

Дар доираи нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар деҳаҳои  ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаҳои гуногун амалӣ мегарданд. 

Соли 2019 тавассути барномаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, инчунин, саҳми аҳолии деҳот ҷиҳати бехавф намудани мавзеъҳои тармафароӣ тибқи зерлоиҳаи биоинженерии «­Бунёди агроҷангал дар мавзеи  тармафароии Ялмии деҳаи Сафедмун»  (собиқ деҳаи Капалӣ) 8000 ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонда шуда, атрофи рн бо симтӯр маҳкам гардид. Дар ин замина, зерлоиҳаи «Пешгирии кӯчиши хок дар мавзеи Ялмии деҳаи Фатҳобод аз тариқи ниҳолшинонӣ» бо дастрасӣ ба  5000 ниҳоли дарахтони  мевадиҳанда ва сояафкан, 845 пояи оҳании симбандӣ ва 450 кг тухмии эспарсет ба маблағи умумии 132863 сомонӣ татбиқ шуд. Инчунин лоиҳа баҳри пешгирӣ аз кӯчиши замин дар деҳаи Сари Пул бо харҷи 37068 сомонӣ ба итмом расида, дар деҳаи Ғанишоб дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Пешгирии  шусташавии роҳи мошингузар  ва канали оби полезии «Дараи Нӯшор» ба маблағи 206120 сомонӣ идома дошта, рӯзҳои наздик анҷом меёбад. Баҳри бартараф намудани мушкили сокинон дар мавзеи Зулқар бо харҷи 50178 сомонӣ садди зиддитармавӣ бунёд гашт.

Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар деҳаи Сафедмуни деҳоти «Қалъаи Лаби Об» бо харҷи 310000 доллари ИМА 500 хоҷагӣ, ки солҳо аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, бо он таъмин гардиданд.

- Яке аз дастовардҳои замони соҳиб­истиқлолӣ сохтмони хати оби нӯшокӣ аз мавзеи Сурхкӯҳ дар масофаи 72 километр мебошад, — гуфт дар суҳбат раиси деҳаи Сафедмун Мустаон Ваҳобов. — Он обрасонии хона ба хона буда, панҷсад манзил бо нуқтаи об ва ҳисобкунакҳо таъмин шуд.

Таъмини сокинон бо оби полезӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, соли равон канали деҳаи Сари Пул бо масрафи 202747 сомонӣ  аз тарафи «Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон», Фонди тоҷикистонии Оғохон дар минтақаи Рашт  таъмир шуд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»