То кай лойобнӯшии сокинони ноҳияи Темурмалик идома меёбад?

№140 (4090) 21.11.2019

IMG_20191117_111038Солҳо боз сокинони деҳаи Сартези деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик, ки дар он зиёда аз 250 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд, аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Иллат дар чист?

Раиси ҷамоати деҳоти мазкур Ҳабибулло Асоев зикр кард, ки  солҳои шӯравӣ ба деҳаи Сартез аз тариқи қубур аз деҳаҳои Ғелот ва  Учқуни ноҳияи Восеъ оби нӯшокӣ меомад. Ҳоло бошад, як қисми қубурҳои обгузар вайрон, боқимонда нобуд шудаанд. Сокинони ин деҳа як мошин обро 300 — 350 сомонӣ харидорӣ мекунанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар ноҳияи Темурмалик  деҳаҳое, ки аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, зиёданд.

Яке аз сокинони деҳаи Сартез, ки худро Холаҳмад муаррифӣ кард, гуфт, ки солҳо боз оби нӯшокиро мехаранд.

- Мардум бо чӣ азобу машаққат рӯз мегузаронанд. Як мошин обро ба маблағи 350 сомонӣ харидорӣ мекунем. Чанд сол мешавад, ки ба чунин аҳвол гирифторем, вале касе ба додамон намерасад. Дар фасли зимистон аҳволамон бадтар мешавад, маҷбурем аз оби борону барф истеъмол кунем, — гуфт номбурда.

Тибқи иттилои масъулин деҳаи Сартез 21 километр аз маркази ноҳия дур ҷойгир мебошад.

Ҳабибулло Асоев эътироф кард, ки сокинони деҳаи Сартез чанд сол боз аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.

- Дар деҳоти ба номи Лақай Қармишев 1225 хоҷагӣ маскун буда, норасоии оби нӯшокӣ мушкилоти аввалиндараҷа мебошад. Сокинони ин ҷамоат бештар аз обҳои чашма ва дарёи Сурхоб истифода мебаранд. Мегӯянд, ки аз ҷиҳати элементҳои химиявӣ оби дарёи Сурхоб 70 фоиз ба талабот ҷавобгӯ мебошад, — гуфт ӯ.

Тибқи гуфтаи мутахассиси  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи Кӯлоб Абдухолиқ Сафарзода, оби дарёи Сурхоб дорои микробҳои зиёди зараровар буда, нӯшидани он ба саломатӣ зиён дорад.

Чаро дар тӯли 28 сол масъулини ноҳияи Темурмалик боре ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир накарданд?

IMG_20191117_111056Сардори Корхонаи истифодабарии оби нӯшокии ноҳияи Темурмалик Маҳмадсаид Раҳмонов қайд кард, ки дарвоқеъ норасоии оби нӯшокӣ дар ноҳия ба чашм мерасад. Муассиса танҳо 750 хоҷагии ноҳияро бо оби ошомиданӣ таъмин карда метавонад. Бештари сокинон аз дарёи Сурхоб, аз тариқи насос об дастрас мекунанд. Ҳоло дар ноҳия 2 чоҳи амудӣ мавҷуд аст, ки танҳо сокинони маркази ноҳия аз он истифода мебаранду халос.

Ӯ, ҳамчунин, изҳор дошт, ки феълан сокинони 7 деҳа, аз ҷумла, Танобчии Поён, Қиблаӣ, Қушқия, Бохтемур, Вурудӣ, Сартез ва Қазон аз беобӣ азият мекашанд. Масъулини ноҳия яке аз сабабҳои норасогии оби нӯшокиро дар деҳаҳои болозикр фарсуда шудани қубурҳои обгузар медонанд.

Ҳолдонҳо мегӯянд, ки зиёда аз 50 фоизи аҳолии ноҳияи Темурмалик ба оби тоза дастрасӣ надош­та, аз дарёи Сурхоб лойоба менӯшанд. Саволи матраҳ ин аст, ки то кай лойобнӯшии сокинон дар ноҳияи Темурмалик идома меёфта бошад?

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»