Тозагӣ файзу баракат меорад

№22 (4284) 18.02.2021

imageЧанде пеш дар шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода маъракаи ниҳолшинонӣ ва тозагии маҳаллаву соҳил баргузор гардид, ки дар он сокинони деҳоти «Қаратоғ» ва «Навобод»-и шаҳри Турсунзода ширкат варзиданд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва раиси маҳаллаи Меҳрободи шаҳри Турсунзода Абдулмаҷид Муродов ба маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз бахшиданд. Ба ин кори хайр гурӯҳи рӯзноманигорон низ ҳамроҳ шуданд.

Дар маҷмӯъ, қад-қади шоҳроҳ 370 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд. Ба гуфти  мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов, тибқи нақша, дар ин мавсим бояд дар канори роҳ ва заминҳои бекорхобида 6540 бех ниҳол шинонида шавад. То ҳол 2800 бех ниҳоли дарахтони ороишиву мевадиҳанда шинонида шудааст. Маъракаи  ниҳолшинонӣ то охирҳои моҳи марти соли равон идома меёбад.

- Солҳои 2019 — 2020 дар шаҳри Турсунзода 22010 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ ва 8287 бех  ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла, биҳӣ, хурмо ва  зардолу, шинонидем. Ҳолати сабзиши 78 дарсади онҳо хуб аст. Имсол, инчунин, 100000 дона гули лола ва 350000 бех гулҳои гуногун шинонида мешавад, ки бо фарорасии рӯзҳои гарм ба диёрамон ҳусни тоза зам мекунанд, — гуфт Лоиқ Раҳмонов.

Раиси Ҷамоати деҳоти «Қаратоғ» Усмон Қодирзода иброз дошт, ки  маъракаҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» зуд — зуд баргузор гардида, сокинон дар онҳо фаъолона  ширкат меварзанд. Дар натиҷа, соҳили дарёи Қаратоғ ва маҳаллаҳо ҳамеша тоза буда, ҳар  бинандаро  болидарӯҳ мегардонад.

- Он ҷое, ки тозагӣ бошад, файзу баракат мешавад, — мегӯяд Усмон Қодирзода.

Дар ин чорабинии  муҳим 3500 сокини шаҳр ширкат варзида, 20 метри кубӣ партови ҷамъшударо ба партовгоҳи  расмии шаҳр бурданд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»