Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Туҳфаҳои арзанда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

№64 (4014) 04.06.2019

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо қарори раиси ноҳия аз 1 июни соли 2018, № 372 «Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021» таҳия ва тасдиқ гардидааст. Барои татбиқи нақша — чорабиниҳо ҷалби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, шарикони рушд ва соҳибкорон пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша, ки аз 225 банд иборат аст, дар ноҳия баргузор намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва бунёди иншооти гуногун дар назар аст. Соли гузашта 58  иншоот мавриди истифода қарор гирифта, ҳоло сохтмони боз 50 иншоот идома дорад.

Аз 206 иншооти банақшагирифта ба соҳаҳои иҷтимоӣ — 76, варзиш — 34, таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва каналҳо — 24, сохтмони биноҳои маъмурӣ ва хонаҳои истиқоматии хизматӣ — 22,  хатти нави оби нӯшокӣ ва чоҳҳои амудӣ — 12, марказҳои савдо, меҳмонхона, таваққуфгоҳ, нуқтаҳои хизматрасонии техникию фурӯши сӯзишворӣ — 26, корхонаи нави истеҳсолӣ 12 иншоот тааллуқ доранд. Ҳамчунин, ба масофаи 4 км гузарондани хатти баландшиддати барқ  дар назар аст.

- Соли ҷорӣ сохта ба истифода додани 13 майдончаи варзишӣ, се майдончаи бозиҳои кӯдакона, чор бинои маъмурӣ, 12 бинои муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, панҷ ҳаммом, шаш маркази савдо, чор толори варзишӣ, шаш коргоҳ ва марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, осорхона, чор хатти оби нӯшокӣ, хонаи истиқоматӣ барои оилаи маъюб, ду китобхона, ду бунгоҳи тиббӣ, се кӯпрук, кофтани шаш чоҳи амудӣ, таъмир ва барқарорсозии каналҳо, асфалтпӯш ва таъмир намудани роҳҳо ва чароғонкунии кӯчаҳо ба нақша гирифта шудааст, — гуфт муовини раиси ноҳияи Рашт Ҳамдуло Шарифзода.

 

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»